Ақоиди исломӣ

Маънои боз будани дарҳои биҳишт ва баста будани дарҳои дӯзах дар моҳи Рамазон чист?

Ҳазрати Паёмбари Акрам (с) дар ҳадисе мефармоянд:

إِذَا جَاءَ رَمَضَانُ فُتِّحَتْ أَبْوَابُ الْجَنَّةِ، وَغُلِّقَتْ أَبْوَابُ النَّارِ، وَسُلْسِلَتْ الشَّيَاطِينُ

Ҳар гоҳ моҳи мубораки Рамазон фаро бирасад, дарҳои биҳишт боз ва дарҳои дӯзах баста ва шайтонҳо ба занҷир кашида хоҳанд шуд.” (Ривояти Бухорӣ ва Муслим)

Дар мавриди ин ҳадиси набавӣ, шубҳаҳои зиёде матраҳ шуда, аз ҷумла: оё агар фарде дар ин моҳ муртакиби гуноҳе бишавад – ки мебинем гоҳе муртакиб мешавад – аз он ҷо, ки ҳадис мегӯяд дарҳои дӯзах дар ин моҳ баста мешаванд, ӯ дигар шоистаи муҷозот нест? Ва ҳамчунин, чӣ тавр дасту пойи шайтон дар ин моҳ баста будааст, дар ҳоле, ки мебинем афроде ҳастанд, ки дар ин моҳ даст ба гуноҳон мезананд?.. ва ғайра аз шубаҳо.

Бо равшан шудани маънои ҳадис, тамоми ин шубҳаҳо посухи худро пайдо мекунанд. Барои фаҳми маънои ин ҳадиси набавӣ, хоҳиш мешавад ба матолибе, ки ба тартиб меоварем, таваҷҷӯҳ бикунед:

1) Тасаввури аввалии инсон аз ин ҳадис он аст, ки биҳишт боғест дуруст шабеҳи боғҳои дунё бо дарвозаҳои ончунонӣ, ки ба маҳзи оғози моҳи мубораки Рамазон ба рӯи бандагони мӯъмин гушуда мешавад. Ва ҷаҳаннам ҷойест мисли шиканҷагоҳҳои дунё бо дарвозаҳои ончунонӣ, ки то қабл аз моҳи Рамазон боз буданд, вале ба маҳзи шурӯъи моҳи Рамазон баста мешавад. Ва низ шаётин то қабл аз моҳи Рамазон ҳама озоданд ва ҳарҷо, ки бихоҳанд мераванд ва ҳар коре, ки бихоҳанд мекунанд, вале моҳи Рамазон, ки шурӯъ мешавад, ҳамаи онҳоро мегиранд ва дасту пояшонро бо занҷирҳо мебанданд, то натавонанд мардумро васваса кунанд.

Тасаввури ибтидоии ҳар инсон аз ин ҳадиси набавӣ ҳамин аст. Аммо оё ин тасаввур дуруст аст?

2) Аз назари Қуръони Карим, биҳишту ҷаҳаннам чизе ҷуз зуҳури аъмоли худи инсон нестанд:

يَوْمَ تَجِدُ كُلُّ نَفْسٍ مَا عَمِلَتْ مِنْ خَيْرٍ مُحْضَرًا وَمَا عَمِلَتْ مِنْ سُوءٍ تَوَدُّ لَوْ أَنَّ بَيْنَهَا وَبَيْنَهُ أَمَدًا بَعِيدًا ۗ وَيُحَذِّرُكُمُ اللَّهُ نَفْسَهُ ۗ وَاللَّهُ رَءُوفٌ بِالْعِبَادِ

“(Рӯзи қиёмат) рӯзест, ки ҳар касе он чи кори нек ба ҷой оварда ва он чи амали бад муртакиб шуда ҳозиршуда мебёад ва орзу мекунад, кош миёни ӯ ва он (корҳои бад) фосилае дур буд!..” (Сураи Ои Имрон, ояти 30)

Азобҳои ҷаҳаннам чизе нестанд ҷуз ҳузур ёфтани аъмоли баде, ки одамӣ дар ин дунё муртакиб шуда, ва неъматҳои биҳишт чизе нестанд ҷуз ҳозир шудани аъмоли неки инсон, ки дар ин олам ба ҷой оварда. Инки дар ривоятҳо омада, ки ҳар амале барои худ сурате дорад: зино шаклу сурате дорад, дурӯғ барои худ шаклу сурати хоссе дорад, ғайбат шакле дорад ва ғайра, ҳамаи инҳо ишора ба ҳамин ҳақиқат аст. Яъне, амалҳое, ки мо инсонҳо дар ин дунё анҷом медиҳем, ин амалҳо (чӣ нек ва чӣ бад) дар воқеъ як сурати зоҳирӣ доранд, ки мебинем, ва як сурати ҳақиқӣ, ки инсони оддӣ қодир ба дидани онҳо нест. Инки Қуръон ғайбатро “хӯрдани гӯшти ғайбатшаванда” мешуморад, ин фақат як ташбеҳ нест, балки айни он аст. Паёмбарони илоҳӣ ҳатто дар ҳамин дунё сурати ҳақиқии аъмолро мебинанд. Дар ривоят аст, ки ду зан, ки ба зоҳир рӯза буданд, Паёмбари Акрам (с) фармуданд, шумо рӯза нестед, балки гӯшти одамҳоро мехӯрдед. Фармуданд, таште биёваранд, то қай кунанд. Қай, ки карданд, аз дарунашон пораҳои гӯшт берун омад. Ҳазраташ фармуданд, инҳо гӯшти одамҳое аст, ки шумо ғайбаташон мекардед. Инки дар ривоятҳо ҳаст, ки аз бӯйи ганди баъзе аз гуноҳкорон ҳатто аҳли ҷаҳаннам азият мекашанд, ишора ба ҳамин ҳақиқат аст. Ин бӯйи ганд дар ин дунё барои одамҳои оддӣ қобили истишмом нест, дар охират барояшон зоҳир мешавад.

Хулоса, биҳишту ҷаҳаннам ҳаргиз аз инсон ҷудо нестанд ва одамӣ низ ҳаргиз аз биҳишту ҷаҳаннам бурида нест. Инсон агар саропо ғарқ дар тоъату бандагии Худо бошад, сурати ҳақиқии ин тоъату ибодот ҳамон биҳишт аст, ва агар Худой нокарда ғарқ дар гуноҳу исён бошад, сурати ҳақиқии ин аъмоли нораво ҳамон ҷаҳаннам аст, ва ба фармудаи Мавлоно:

Чун суҷуде ё рукӯъе мард кишт,

Шуд дар он олам суҷуди ӯ биҳишт.

Чунки паррид аз даҳонаш ҳамди Ҳақ,

Мурғи ҷаннат сохташ Раббул-фалақ.

Ҳамду тасбеҳаш намонад мурғро,

Гарчӣ нутфай мурғ бод асту ҳаво.

Чун зи дастат руст исору закот,

Гашт ин даст он тараф нахлу набот.

3) Вожаи “боб”, ки ба форсӣ ба он “дар” ё “дарвоза” мегӯем, ба чизе гуфта мешавад, ки “роҳро барои расидан ба мақсад” ҳамвор мекунад. Агар ба “дар” “дар” мегӯем, ба ин хотир аст, ки барои вуруд ба дохили манзил, роҳро бароямон ҳамвор месозад. Албатта, лафзи “боб” фақат ба ҳамин “дарвоза”, ки мешиносем маҳдуд намешавад. Балки мавориди зиёде дорад. Яъне ба ҳар он чи “роҳро барои расидан ба мақсад” ҳамвор месозад, ба он “боб” мегӯянд. Масалан, нависанда вақте китобе таълиф мекунад, онро ба чанд “боб” тақсим мекунад: боби аввал, боби дуввум то охир… Ин бобҳо дар воқеъ дарвозаҳои вуруд ба як матлаби ҷадид дар ин китоб аст. Ва ё агар шумо бихоҳед бо касе робитаи дӯстӣ барқарор кунед, ба дунболи чизе мешавед, ки мавриди писанди он одам аст, то бо овардан ва анҷоми он чиз, робитаи дӯстӣ бо ӯ барқарор гардад. Ин чиз ҳамон боб ё дарвозаи барқарории дӯстӣ бо одам аст.

4) Бо таваҷҷӯҳ ба маънои вожаи “боб” (дарвоза), инак гӯем: мурод аз “дарҳои биҳишт” чизҳоест, ки роҳро барои анҷоми корҳои нек ҳамвор карда ва мӯҷиб мешаванд, ки аз инсон аъмоли писандида содир шавад. Ва мақсуд аз “дарҳои ҷаҳаннам” чизҳоест, ки роҳро барои анҷоми аъмоли зишт боз ва мӯҷиб мешаванд, ки аз одамӣ корҳои нописанд сар бизанад.

Ва аз он рӯ, ки одамӣ ҳамаи корҳояшро — чӣ хуб ва чӣ бад — ба василаи қувваҳое, ки ба онҳо муҷаҳҳаз аст, мисли дасту пою чашму гӯшу ғайра анҷом медиҳад, агар ин қувваҳо мутеъи қувваи оқила набошанд, роҳро барои иртикоби корҳои нописанд ҳамвор мекунанд ва дар воқеъ “дарҳои ҷаҳаннам” ҳастанд, аммо агар таҳти амри қувваи оқила воқеъ шаванд, роҳро барои анҷоми амалҳои писандида боз мекунанд ва дар воқеъ “дарҳои биҳишт”-анд.

Масалан, агар шумо ба воситаи чашматон – ки яке аз қувваҳост – ба як номаҳрам нигоҳ кунед, дар ҳақиқат даре аз дарҳои ҷаҳаннамро ба рӯи худ гушудаед, ва агар гӯшро барои шунидани суханони номарбут боз бигузоред, дар ҳақиқат даре аз дарҳои ҷаҳаннамро боз гузоштаед, ва агар даҳонро ҷиҳати баёни ҳар сухани номарбут боз кунед, дар ҳақиқат даре аз дарҳои ҷаҳаннамро ба рӯи хеш боз кардаед.

Ва баръакс агар чашмро ҷиҳати дидани манозири машрӯъ бигушоед, дар ҳақиқат даре аз дарҳои биҳиштро ба рӯи худ гушудаед, ва агар гӯшро ҷиҳати шунидани ҳарфи ҳақ боз бигузоред, дар ҳақиқат даре аз дарҳои биҳиштро боз кардаед, ва агар даҳонро барои баёни каломи ҳақ боз кунед, дар ҳақиқат даре аз дарҳои биҳиштро ба рӯи хеш гушудаед.

5) Ҳол, бо таваҷҷӯҳ ба он чи то инҷо гуфта омадем, маънои он ҳадиси набавӣ бароятон равшан мегардад. Мақсуди Расули Худо (с) аз ин, ки фармуданд: “Ҳар гоҳ моҳи мубораки Рамазон фаро бирасад, дарҳои биҳишт боз ва дарҳои дӯзах баста ва шайтонҳо ба занҷир кашида хоҳанд шуд.”, ин аст, ки Худованд бо муқаррар кардани як саре амалҳо дар моҳи мубораки Рамазон — мисли рӯза гирифтан, ибодатҳои махсусе анҷом додан ва ғайра — роҳи анҷоми корҳои хайрро ҳамвор ва роҳҳои иртикоби аъмоли ношоистро баста ва ғароизи нафсонӣ ва ҳавоҳои шайтониро ба банд кашидааст.

Ба сухани дигар, шумо дар ин моҳи муборак вақте рӯза мегиред, вақте мураттаб Қуръон мехонед ва беш аз дигар замонҳо ба розу ниёз мепардозед, дар воқеъ ин амалҳо роҳи анҷоми корҳои хайрро – ки биҳишти шумост — ба рӯи шумо гушуда, ва роҳҳои иртикоби аъмоли зишту нописандро – ки дӯзахи шумост – ба рӯи шумо бастаанд.

Саломат бошед.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.