Бишнав аз най...

Андар ҳикояти “пневмония”

Акс аз: Asia-Plus

“Илтиҳоби шуш” ё “пневмония” имрӯзҳо дар кишвари мо худаш як достоне шуда. Ва бо ин ки ҳамагон медонанд ва ҳатто худи мақомот низ медонанд, ки куруновирус дар ҷомеаи мо шуюъ пайдо карда ва ҳар рӯз қурбонӣ мегирад, аммо исрор доранд бигӯянд ин маргу мирҳо, ки шоҳидаш ҳастем, ношӣ аз “пневмония” аст, на куруно. Зоҳиран ғофиланд аз ин, ки дурӯғу пинҳонкорӣ умре надорад, дер ё зуд намоён хоҳад шуд. Агар ҳарчи зудтар ҳақиқатро барои мардум эълон кунанд ва бигӯянд, ки мо дар ташхиси ин беморӣ ба иштибоҳ роҳ додем, ин барояшон ба маротиб беҳтар аз он аст, ки фардо дар натиҷаи ошкор шудани воқеият, шарманда гарданд.

Мавлоно дар Маснавӣ ҳикояти ҷолибе овардааст. Ҳикояти зани сӯфӣ ва кафшдӯз. Ин ҳикоят дар ҳақиқат нодонӣ ва камхирадии башарро ба тасвир мекашад, ки ба ҷойи қабули хато ва тавба, саъй дар тавҷеҳи иштибоҳи худ ва исрор бар хато дорад.

Ҳикоят аз ин қарор аст, ки рӯзе сӯфӣ ногаҳонӣ ва бидуни иттилоъ ба хонааш меояд ва занашро дар утоқ, ки дараш баста буд, бо шахсе мебинад, ки бо ҳам ҷуфт шудаанд. Маъмулан сӯфӣ дар он соат ба хона намеомад ва зан борҳо дар ғиёби шавҳараш марди кафшдӯзеро ба хона меовард ва ҳеч вақт иттифоқе ҳам науфтода буд. Вале сӯфӣ он рӯз ба хона омад. Зан ва он марди кафшдӯз аз ин моҷаро бисёр тарсиданд.

Сӯфие омад ба сӯйи хона рӯз,
Хона якдар буду зан бо кафшдӯз.
Ҷуфт гашта бо раҳии хеш зан
Андар он як ҳуҷра аз васвоси тан.
Чун бизад сӯфӣ ба ҷид дар чоштгоҳ,
Ҳар ду дармонданд, на ҳилат, на роҳ.
Ҳеч маъҳудаш набуд, к-ӯ он замон
Сӯйи хона бозгардад аз дукон.
Қосидан он рӯз бевақт он марӯъ,
Аз хаёле кард то хона руҷӯъ.
Эътимоди зан бар он, к-ӯ ҳеч бор
Ин замон фохона н-омад ӯ зи кор.
Он қиёсаш рост н-омад аз қазо,
Гарчи саттор аст, ҳам бидҳад сазо.
Чунки бад кардӣ, битарс, омин мабош,
З-он ки тухм асту бирӯёнад Худош.

Зан, ки дар хона ҳеч ҷойе барои пинҳон кардани марди кафшдӯз пайдо накард, зуд чодари худро бар сари марди бегона андохт ва ӯро ба шакли занон даровард ва дари утоқро боз кард. Сӯфӣ, ки тамоми ин моҷароро аз пушти панҷара дида буд, худро ба нодонӣ зад.

Чодари худро бар ӯ афганд зуд,
Мардро зан сохту дарро баргушуд.
Зери чодар мард расвову аён,
Сахт пайдо чун шутур бар нардбон.
Аз тааҷҷуб гуфт сӯфӣ: «Чист ин?
Ҳаргиз инро ман надидам, кист ин?»
Гуфт: «Хотунест аз аъёни шаҳр,
Мар варо аз молу иқбол аст баҳр.

Сӯфӣ салом кард ва аз занаш пурсид: ин хонум кист? Занаш гуфт: эшон яке аз занони ашроф ва сарватманди шаҳр ҳастанд, ман дари хонаро бастам, то бегонае ноогоҳона вориди хона нашавад.

Сӯфӣ гуфт: эшон аз мо чӣ хидмате мехоҳанд, то бо ҷону дил анҷом диҳем?

Зан гуфт: ин хонум тамоюл дорад бо мо қавму хеш шавад. Эшон писари бисёр зебову боҳуш дорад ва омада то духтари моро бибинад ва барои писараш хостгорӣ кунад, аммо духтар ба мактабхона рафтааст.

Сӯфӣ гуфт: мо фақиру бенаво ҳастем ва ҳамшъни ин хонаводаи бузургу сарватманд нестем, чӣ гуна метавонем бо эшон васлат кунем. Дар издивоҷ бояд ду хонавода бо ҳам баробар ва ҳамшаън бошанд.

Зан гуфт: дуруст мегӯӣ, ман низ ҳаминро ба хонум гуфтам ва арз кардам, ки мо фақиру бенаво ҳастем, аммо ӯ мегӯяд, ки барои мо ин масъала муҳим нест, мо дунболи молу сарват нестем, балки дунболи покӣ ва некӣ ҳастем.

Гуфт сӯфӣ: «Мо фақиру зору кам,
Қавми хотун молдору мӯҳташам.
Кай бувад ин куфви эшон дар зивоҷ?
Як дар аз чӯбу даре дигар зи оҷ.
Куфв бояд ҳар ду ҷуфт андар никоҳ
В-арна танг ояд, намонад иртиёҳ».

Гуфт: «Гуфтам ман чунин узреву ӯ
Гуфт: На! Ман нестам асбобҷӯ.
Мо зи молу зар малулу тухмаем,
Мо ба ҳирсу ҷамъ на чун омаем.
Қасди мо ситр асту покиву салоҳ,
Дар ду олам худ бад-он бошад фалоҳ».

Сӯфӣ дубора ҳарфҳои худро такрор кард ва аз фақирии хонаводаи худ гуфт. Зани сӯфӣ хаёл мекард, ки шавҳараш фиреби ӯро хӯрдааст, бо итминон ба шавҳараш гуфт: шавҳари азизам! Ман чанд бор ин матлабро гуфтаам ва гуфтаам, ки духтари мо ҳеч ҷаҳизияе надорад, вале эшон бо қотеъият мегӯяд, ки пулу сарват беарзиш аст, ман дар шумо тақво ва покӣ ва ростӣ мебинам.

Зоҳиран ӯ беҷиҳозу ходим аст
В-аз салоҳу ситр ӯ худ олим аст.
Шарҳи мастурӣ зи бобо шарт нест,
Чун бар ӯ пайдо чу рӯзи равшанест.

Сӯфӣ риндона дар сухане дупаҳлӯ гуфт: бале, эшон аз ҳама чизи зиндагии мо бохабаранд ва ҳеч чизи мо бар эшон пӯшида нест. Молу асбоби моро мебинад, ва мебинад хонаи мо он қадр танг аст, ки ҳеч чиз дар он пинҳон намемонад. Ҳамчунин эшон покӣ ва тақво ва ростии моро аз мо беҳтар медонад. Пайдову пинҳон ва пасу пеши моро хуб мешиносад. Ҳатман ӯ аз покӣ ва ростии духтари мо ҳам хуб огоҳ аст. Вақте ки ҳама чизи мо барои эшон равшан аст, дуруст нест, ки ман аз покӣ ва ростии духтарам бигӯям ва аз духтари худ таъриф кунам.

Хулоса, ин гуфтугӯҳо он қадр идома пайдо кард ва зани сӯфӣ чунон ба инкор кардан исрор кард, ки сӯфӣ аз ин ҳама макру риё хаста шуд ва чодар аз сари марди кафшдӯз кашид ва рози пинҳонро ошкор ва ҳамсарашро расво кард ва хитоб ба ҳамсари бевафояш гуфт, ки дигар даст аз инкору фиреб бардорад ва аз ӯ на, аз Худояш шарм кунад.

Ин ҳикоятро бад-он гуфтам, ки то
Лоф кам бофӣ, чу расво шуд хато.
Мар туро, эй ҳам ба даъвӣ мустазод,
Ин будастат иҷтиҳоду эътиқод.
Чун зани сӯфӣ ту хоин будаӣ,
Доми макр андар дағо бигшудаӣ,
Ки зи ҳар ношустарӯе, гапзане
Шарм дорӣ в-аз Худои хеш не.

Тамоми достонҳои Мавлоно дар айни доштани маънои зоҳирӣ, мафҳуме дарунӣ низ доранд. Достони зани сӯфӣ ва кафшдӯз танҳо ба хиёнатҳои зан ишора намекунад, ин достон дар ҳақиқат нодонӣ ва камхирадии башарро ба тасвир мекашад, ки гоҳ бо лаҷоҷат ба ҷойи қабули хато саъй дар тавҷеҳи иштибоҳи худ дорад, дар сурате, ки ин тариқа дуруст нест. Инсон агар аз аввал ба хатояш иқрор ва эътироф ва тавба кунад, барояш ба маротиб беҳтар аз шарманда шудан пас аз ошкор гардидани ҳақиқат аст.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.