Сиёсат

Ҷаноби Раисҷумҳур, Истеъфо!

Номаи Зеварбону Рауфӣ ба Раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон

Қабл аз он, ки ин номаро шурӯъ кунам мехоҳам бигӯям, умедворам ин аввалину охирин номаи ман ба ин мухотаб хоҳад буд.

Салом, ҷаноби раисҷумҳур!

Намедонам оё номаҳо ё муроҷеъатҳое, ки аз тарафи шаҳрвандон ба шумо навишта мешавад мехонед ё на? Аслан бароятон ҳарфҳои ҳаммеҳанонатон аҳамият дорад ё на? Намедонам! Аммо новобаста ба ин ҳама худро ҳамчун як шаҳрванд ва як ҳаммеҳанатон муваззаф донистам баъзе ҳарфҳоро, ки шояд одамони гирду атрофатон ва зердастонатон нахоҳанд гуфт, ба гӯшатон бирасонам. Ва чанд суолеро, ки гумон мекунам хеле аз аҳолии кишвар дилашон мехоҳад аз шумо бипурсанд, бипурсам.

Оқои Раҳмон! Дар ин рӯзҳои сахти пандемӣ дар куҷо мегардед? Чаро садоятон дарнамеояд? Магар ғайр аз ин аст, ки муқассири аслии вахим шудани шароит дар кишвар худи шумо ҳастед? Қабл аз ин, ки тасмиме барои сарнавишти ин сарзамини муқаддас, ки мардум бо умед идораашро беш аз 28 сол ба шумо вогузор кардаанд, бо кӣ маслиҳат мекунед? Оё хабар доред аҳволи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бо ҷурми шумо натавонистанд ба меҳан баргарданд, ҳоло дар Русия чи гуна аст? Оё аз вазъияти бозору нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар кишвар огоҳед? Медонед, ки аҳволи саломатии зиндониён, ба хусус он идда, ки бегуноҳ ба онҷо афтодаанд то як нафар вазифадори шикамғавс ба вазифаи баландтаре таъин карда шавад, чи тавр аст?

Ҷаноби Раҳмон! Қабл аз ин, ки барои посух додан ба ин пурсишҳо бихоҳед тавҷеҳе пеш биёваред, бигзоред ба баъзе иштибоҳотатон ба ҳайси раисҷумҳури як кишвар ишора кунам. Зеро ман на душмание бо шумо дорам, на мадюнатон ҳастам, ки бихоҳам чоплусона аз хатоҳоятон, ки бар зарари меҳанам тамом мешавад, чашмпӯшӣ кунам.

1) Шумо хеле барвақт аз вуҷуди ин беморӣ дар кишвар хабар доштеду онро аз мардум пинҳон кардед. Ҳатто баландтарин унвоне, ки ба худатон додаед, яъне “пешвои миллат”-иятон ҳам ба шумо ин ҳақро намедиҳад, ки азизтарин дороии мардум, яъне саломатияшонро ба бозӣ бигиред. Ва ин гуноҳи нобахшиданист, ки ба хотири пинҳонкории шумо даҳҳо тан ҳаммеҳанонам аз “илтиҳоби шуш” ҷони худро аз даст диҳанд.

2) Дидаву дониста, шумо хатари паҳншавии вирусро ҷиддӣ нагирифтед ва замоне, ки кулли дунё аз ҷамъомадҳои серодам ҷиҳати ҳифзи саломати мардуми олам мекӯшид, танҳо барои хуш кардани чанд соат вақти худ, ҷашни наврӯзиро баргузор кардеду боиси шуюъи бемории “илтиҳоби шуш” дар вилояти Суғд шудед. Магар аз хабарҳои ҷаҳон ғофилед, ки ин гуна гирдиҳамомадҳо чи фоҷеаҳоро сабаб шуд? Магар сарнавишти Итолиё ва Фаронса бароятон дарси ибрат нашуд?

3) Ободии Тоҷикистони азиз хоҳишу мақсади ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Шинондани он ҳама гулҳои зебо дар пойтахт, кори баде намебуд, агар вазъият дар дигар қисматҳои ҷумҳурӣ табоҳ набошад. Аммо шумо, ки фақат аз чархбол рӯи фарши сурх мефароеду нону асал мехуреду рақсу сурудхонии аҳолии навоҳиро тамошо мекунед ё мустақим барои буридани навори сурхи кадом як корхонае меравед, табиъист, ки барои дидану андешидан ба мушкилоту камубдиҳое, ки дар дигар ноҳияҳову минтақаҳои кишвар мавҷуданд, фурсат надоред. Гирем, ки мардум аз пули он ҳама гул, ки метавонист барои кори беҳтару фоиданоктаре сарф шавад, бигзаранд. Вале магар ҳамин гаштугузорҳои умумӣ дар “сайри гули лола” далели паҳншавии бемории “илтиҳоби шуш” дар Душанбе набуд? Ин суолро беҳтараш аз каси дигаре пурсид, чун шумо он қадар банди гаштугузор бо раиси шаҳр будед, ки гумон намеравад аҳамияте ба оқибатҳои дар пай доштаи ин хатои муштараки худатон ва писаратон қоил шуда бошед.

4) Чаро ҳамеша дар сахттарин лаҳазот барои мардуму меҳан, шумо сукут ихтиёр мекунед? Оё азоби виҷдон мегиреду ҳамин боис мешавад натавонед ду калима ҳамдардӣ ба мардум баён кунед ё аз нақшҳое, ки барои ҳалли мушкилот тарҳрезӣ кардаед, ҳисобот диҳед? Накунад бемор шуда бошед? Худо он рӯзро ба сари ин миллат наорад. Ба нармии гушти поятон як бор бо тире заданд ё бо чизи дигар ва захмеву хароше бародоштед, ин миллат бистуанд сол аст дорад тақосашро пас медиҳаду шумо ҳам ки велкун нестед. Мабод, ки балое ба сари шумо ояд он вақт шояд ин миллат тамомулумр маҷбур шавад ба фарзандони шумо тақос пас диҳад.

5) Шумо бо муносибати бепарвоёнаатон на танҳо худатонро дар сатҳи ҷаҳонӣ бадному масхара кардед, балки ин шармандагиро ба номи шарифу муқаддаси Тоҷикистон низ пайванд додед. Ин ҳама вақт мардум ба “илтиҳоби шуш” гирифтор шуда ҷон медоданд чи тавр шуд, ки чанде қабл аз тафтиши Созмони ҷаҳонии беҳдошт вуҷуди Куруно Cоvid-19-ро эълон кардед? Оқои Раҳмон, шумо баъд аз ин гуноҳи бузург шарм намедоред, ки ба чашми ин халқи сабур нигоҳ кунед? Шумо ба ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон як зарра эҳтиром қоил нашудед, лек ҳоло аз ваҳшати ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо эъломи вирус хостед гуноҳатонро рӯпӯш кунед.

Ҷаноби раисҷумҳур! Агар касе бихоҳад так-таки иштибоҳоти шуморо ба рӯйхат бигирад, бовар кунед он рӯйхате мешавад бе сару таҳ. Лекин мардуми тоҷик як зарбулмасали хуб доранд, ки инсон ҷоизулхатост. Яъне ҳеч кас беиштибоҳ нест. Аммо тибқи қонуни асосии Тоҷикистон вақте як нафар огоҳона инсонеро мекушад ба ҷавобгарӣ кашида шуда барои солҳои тулонӣ ба зиндон фиристода мешавад. Ҳоло бигӯед барои ин куштори огоҳона, ки нисбати аҳолии кишвар раво доштед, тибқи кадом моддаи қонун бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавед? Оё ҷуброни ин ҳама талафотро дода метавонед?

Ҳатто талош накунед, ки худатонро сафед кунед. Дигар барои ҳеч кас пӯшида нест, ки тамоми тасмимот дар кишвар ба уҳдаи худатон аст. Ҳамон гуна, ки дар маҷлисҳоятон гуноҳи нафареро эълон мекунед, тамоми дороияшро номбар мекунед ва дар охир ҳам ба далели “ҷавонӣ” табраъааш мекунед, аз гуноҳҳои худатон огоҳед, дороиятонро медонеду мехоҳед худатонро ҳам табраъа кунед?!

Оқои Раҳмон! Бояд бароятон ёдрас шавам, ки шаҳрвандон шуморо табраъа намекунанд! Шумо гунаҳкоред! Пас бояд товони гуноҳонатонро супоред!

ҶАНОБИ РАИСҶУМҲУР, ИСТЕЪФО!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.