Ҷомеа

Ман хоин нестам!

Ба қалами Зеварбону Рауфӣ

Дуруд, ҳаммеҳанони азиз!

Дирӯз номае ба раисҷумҳур навиштам, ки дар шабакаи иҷтимоъии фейсбук аз тарафи афроди мутаъаддид бознашр шуду баҳсҳои гуногунеро ба бор овард. Пас, худамро муваззаф дидам, ки ба он чи навиштам ва шояд боиси эҷоди бардоштҳои таҳрифшуда гашта бошад, рӯшание биандозам.

1) Ман номаро дар саҳифаи шахсиям нашр кардам ва онро ҳар кас бо хости худаш дар саҳифааш ҷо дод. Агар дар ин миён афроде, ки ба истилоҳи “амниятиёни интернетӣ” ҳамчун “терорист”, “наҳзатӣ”, “мухолиф”, “хоин” ва ғайра номида мешаванд, онро дар саҳифаҳои худ гузоштанд ба ин маънӣ нест, ки ман тарафдори онҳо бошам. Ҳоло он чи менависам ҳам ба ин маъни нест, ки душманашон бошам. Ва шояд далелаш дар он аст, ки ончи аз номи як идда афроди номуайян навишта мешавад, бароям фоқиди эътибор аст. Ман фақат онҳоеро лоиқи посух медонам, ки аз номи худ ва бо чеҳраи худ ибрози назар мекунанд. Ва фарқе надорад ин одам тарафдори ҳукумат аст ё мухолифаш. Чун инсоне, ки ҷуръати ҳарф задан аз номи худро дорад, пушти пардаи ғаразҳо пинҳон намешавад, ҳамаи рафтору гуфтораш ошкору маълуманд. Бо худу андешаву роҳи интихобкардааш садоқат дорад.

2) Ҷо дорад аз ҳаммеҳанони азизе, ки нигарони ману ояндаам шудаанд, сипосгузорӣ кунам! Ман хеле аз шуморо намешиносам, аммо хоҳарона дасти ҳамаи бародаронро мефишорам ва сурати ҳамаи хоҳарони азизро, ки нисбати тақдири як ҳаммеҳанашон бетараф нестанд, мебӯсам. Вуҷуди шумо, меҳрубонон, боис шуд беш аз пеш ба тоҷику тоҷикистонӣ буданам ифтихор кунам. Мехоҳам аз нигаронӣ берун ораматон ҳаммеҳанони азиз. Шояд ваҳшатноктарин иттифоқе, ки метавонад бо ман биюфтад ин аст, ки кушта ё бо талоши гурӯҳе бадном шавам. Аммо, азизон, магар ҳамаи мо як рӯз намемирем? Тамоми ҳастии мо масирест, ки аз лаҳзаи таваллудамон то дами марг тай мекунем.

Масири ҳар нафар махсуси худаш аст, моли касе тулонист, моли касе кутоҳ, лек чизи муҳимтар ин аст, ки масири ҳамаи инсонҳо фарозу нишебҳои худро дорад ва амалҳои инсон дар ҳамин нуқтаҳои фарозу нишеб аст, ки дурустӣ ё иштибоҳии масири ҳаёташро муайян мекунад. Ба ғайр аз Офаридгор касе ҳақиқати мутлақ нест. Пас аҳмақона аст, агар ман ё инсони дигаре бихоҳад чунин иддаое дошта бошад. Дар бораи беобрӯӣ низ бояд бигӯям, обрӯву адаб он чи дигарон дар бораи ту мегӯянд нест! Обрӯву адаби як инсон аз шахсияти худи ӯ сарчашма мегирад ва онро танҳо мешавад дар гуфтаҳову амалҳои худи ӯ ҷуст.

3) Вақте баъзе аз назарҳоро нисбати худаму номаам хондам, ғусса хӯрдам. Хеле зиёд. Аммо на ба хотири тавҳину тӯҳматҳо нисбати худам. Балки барои нависандагони он шарҳҳо. Ғусса хӯрдам, ки дар моҳе ба ин муборакӣ ҳаммеҳанонам нисбати ҳамдигар чунин ҳарфҳои дурушту носазоҳоро раво диданд. Ман ба ҳоли шумо гиристам, ба ҳоли ҳар ду тараф! Ҳам онҳое, ки раисҷумҳурро носазо гуфтанд ва ҳам онҳое, ки маро. Мо ворисони бузургтарин ганҷинаҳои адабиву фарҳангӣ чи тавр ба худ иҷоза медиҳем, ки нисбати ҳамдигар ин қадар густоху беадаб бошем? Ман он чи дар бораи оқои Эмомалӣ Раҳмон ва амалҳояш хулоса кардам навиштам. Табиъист, ки назари шахсии ман метавонад бо назари садҳо тан шояд мувофиқ набошад. Азизоне, ки имон доранд ин ҳаммеҳани мо пешвояшон аст, ҳақ доранд он тавре ки мехоҳанду салоҳ медонанд ба раисҷумҳур муроҷиъат кунанд, вале ин ки таваққуъ дошта бошанд ҳама мисли онҳо ба таври “бояд” ӯро пешво донанд, иштибоҳ аст. Ин дигар таҷовуз ба ҳарими маънавии як фарди дигар ва поймол кардани ҳуқуқи ӯст.

4) Бале, COVID-19 вабост. Беморие ҳамагир. Ӯ ҳеч марзе намешиносад. Пир, ҷавон, дорову камбағал, мансабдор, заҳматкаши оддӣ, ҳамаву ҳама имкони сироят ёфтан ба ин бемориро дорад. Як иддае талош доранд ҳарфҳои маро таҳриф кунанду ба ҳама биқабулонанд, ки ҷаноби Раҳмон барои шуюъи беморӣ дар кишвар гунаҳкор нест. Азизон, дуруст, оқои раисҷумҳур ин вирусро ихтироъ накарда, аммо ҳамин мутталеъ накардани мардуму муносибати бепарвоёна нисбати шуюъи вирус сабаби асосии ҳамагиршавии он дар кишвар гардид. Касе гуфт “ҷаноб медона мардум да таҳлука меафтан одамхри меша барои ҳамин нагуфт”. Азизи хоҳар, ҳаммеҳани гиромӣ, мефаҳмам, ки мехоҳӣ раисҷумҳури интихоб кардаатро ҳимоя кунӣ. Лекин чаро аз содагият узри бадтар аз гуноҳ пеш меорӣ? Ҳатто бо эълон накардани вирус бояд корҳои безараргардонӣ анҷом мешуд. Нахри бозор, ки ба хотири тиҷоратҳои хонаводагии оқои Раҳмон ба шахси раисҷумҳур иртиботи мустақим доранд, ҳадди ақал барои замони муайяне собит ва таҳти контрол гирифта мешуд. Ва муҳимтар аз ҳама, агар мудирияти буҳрони дуруст дар кишвар вуҷуд дошт, агар мардум нигарони луқмаи шабашон набошанд, таҳлука ба вуҷуд намеояд. Танҳо далели ҳарҷу марҷу бебандуборӣ дар ҳар кишвар мудирияти нодурусти раёсат ва курсинишинони он кишвар мебошанд.

5) Ростӣ, гуфтании зиёд дорам, чун шумо, азизон, зиёд бароям навиштед. Аз ҳаммаатон сипосгузорам! Узр мепурсам, ки натавонистам ба так-такатон посух бинависам. Фақат ба як нуктаи дигар, ки зарур медонам ишора мекунаму беш аз ин вақтатонро намегирам. Дар кишвари мо иддае ба далелҳои махусусе талош ба тафриқаафканӣ байни мардум доранд. Намедонам, шояд далелаш зарбулмасали “DIVIDE AND RULE” (тафриқа андозу ҳукумат кун!) бошад. Шояд ҳам чизи дигар. Лек он чи барои мо бояд муҳим бошад ин аст, ки мо ҳаммеҳанем. Аз як обу хок нафас гирифтаем. Ин сарзамину ободияш ва ин мардуму озодияш бояд муқаддастарин хостаи қалбии ҳар якамон бошаду барои расидан ба он бояд талош кунем. Ба ҳарфи онҳое, ки байни маҳал, байни эътиқодҳои динию мазҳабӣ, байни ақида ва сатҳи иҷтимоъиямон партгоҳ сохтаниянд гӯш накунем. Хоки Тоҷикистон модари мосту ҳавояш падарамон! Ҳамон гуна, ки дар як оила ҳамаи фарзандони хислатҳои хосси худро доранд, дарку фаҳмиши мухталиф доранд, ба фаъолиятҳои гуногун алоқа доранд ҳамин тавр дар сарзамини мо Тоҷикистон вазъият аз ин қарор аст. Фарқе намекунад чи кораем, пайрави чи дину мазҳабе ҳастем, ба чи эътиқод дорему ғайра, муҳим он аст, ки барои ободии ин хонаводаи бузург, ки Тоҷикистон ном дорад, чи метавонем анҷом диҳем!

Касе пурсид “кӣ ҳастӣ ки гап мезанӣ”. Аввалан, рӯзноманигорам, корам гуфтану навиштан аст. Дуввуман, шаҳрванди Тоҷикистонт ва ҳақ дорам нисбат ба тақдири кишвараму ҳаммеҳанонам бетараф набошам. Севвуман, шояд шумо, дӯсти азиз, битавонед нисбат ба марги инсонҳо бетараф бошед, аммо ман наметавонам. Ман ҳампои он ҳаммеҳанонам, ки пайвандонашон ба хотири саҳлангории ҳукумати фаълӣ ва ҷаноби раисҷумҳур ҷони худро аз даст додаанд, азо дорам ва нигарони так-таки беморони бистарӣ дар кишвар ҳастам.

Хулоса гуфтаниям азизон, дӯстон, ҳаммеҳанон, хоҳиш мекунам нисбат ба онҳое, ки бо номи худ бо чеҳраи худ ҳарф мезананд бадгумон нашавед. Ман на аъзои ҳизбе ҳастам, на тарафдори гурӯҳе, на мухолифи касе. Ман фақат як ҳаммеҳани шумо ҳасатам, ки ба кеши “хап кун!” нагароидам. (баъдан сари фурсат дар бораи ин кеш хоҳам навишт.)

Худованд так-таки шумо — ҳаммеҳанони азизамро аз ин вирус эмин нигоҳ дорад ва ба беморон шифои оҷилу комил ато фармояд.

Дуогӯи ҳамешагии шумо, азизон, Зеварбону.

Рубрики:Ҷомеа

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.