Сиёсат

Чаро сериёлҳои рамазонии шабакаҳои телевизиюнии Саудӣ хашми мусалмононро барангехтааст?

Сериёлҳои арабии тавлидшуда тавассути шабакаи MBC (мутаъаллиқ ба Арабистони Саудӣ) дар иртибот бо оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ, ки аз аввали моҳи мубораки Рамазон пахш шуд, хашму асабонияти мусалмонон дар кишварҳои исломӣ ба вежа Фаластинро барангехт ва сабаби вокуниш ва эътирози густурдаи мусалмонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Сериёли “Махраҷ 7“ ва “Умми Ҳорун“ аз ҷумлаи сериёлҳое аст, ки дар кишварҳои Кувайт ва Амороти Арабии Муттаҳида сохта шуда ва пахши танҳо чанд қисмат аз онҳо хашму эътирози мусалмононро барангехтааст ва бисёре аз онҳо хоҳони таваққуфи пахши ин сериёлҳо шудаанд.

Корбарони мӯътариз ба пахши ин сериёлҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бо даъват аз мусалмонон барои эътироз ба ин сериёлҳои телевизиюнӣ, талош барои оддисозии равобит бо ишғолгарони саҳюнист ва тағйири афкори умумии мардуми кишварҳои мусалмон нисбат ба саҳюнистҳоро аз ҷумлаи аҳдофе донистанд, ки ин сериёлҳо дунбол мекунанд.

Махраҷ 7“ ва “Умми Ҳорун“ аз ҷумлаи сериёлҳое аст, ки мавзӯъҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии муртабит бо “Исроил”-ро ба тасвир кашида ва таърихи яҳуд дар минтақа ва халиҷи Форсро таҳриф кардааст.

Бахшҳои мунташиршуда аз чанд қисмати “Махраҷ 7“ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки гуфтугӯҳои бозигарон дар ин сериёл дар бораи масъалаи Фаластин аст, ки бахше аз муҳимтарин гуфтугӯи радду бадалшуда байни бозигарони сериёл дар бораи барқарории равобити иқтисодӣ бо режими саҳюнистӣ аст, ва дар ҷойе дигар талош мешавад то фаластиниҳо ба унвони “душманони шумораи як”-и мардуми араб ва Арабистони Саудӣ муаррифӣ шаванд.

Суриёли “Махраҷ 7“

Муҳаммад ал-Ҳамидӣ, вакили кувайтӣ, дар Твиттер навиштааст: “Ман аз сӯҳбат дар бораи сериёлҳои моҳи Рамазон тавассути шабакаҳои арабистонӣ ва бархе кишварҳои араб мутанаффирам, ман қисмате аз сериёли “Махраҷ 7“-ро дидам, мутаассифона барои мусалмонон муҳтавои танаффуроваре дошт ва қасди он барқарории як тамоси аҳмақона бо мухотаб барои оддисозии равобит бо ишғолгарон буд.”

Аз сӯи дигар Муҳаммад Ҳилол, рӯзноманигори мисрӣ, навиштааст: “Он чиро ин сериёл ироа медиҳад, ба навбати худ ҳадафаш аз ибтидо оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ аст, ҳатто агар оддисозии равобит мавриди тамасхури бозигарон қарор гирад, ҳадафаш оддисозӣ бо ишғолгарон аст ва бояд бигӯям, ки чӣ қадр хушбахт ҳастӣ, Натонёҳу!

Дар ҳамин ҳол, Туркӣ аш-Шолҳуб, яке аз корбарони Арабистони Саудӣ дар Твиттер навиштааст: “Он чи дар ин сериёл гуфта шуда ин аст, ки фаластиниҳо душмани Арабистон ҳастанд, аммо ин мавриди таъйиди мардуми Арабистон нест.”

Вай, бо ишора ба ин ки шабакаи MBC намояндаи мардуми Арабистон нест, изофа кард: “Ба касоне, ки аз дарбори салтанатии Арабистон пул мегиранд ва сериёл месозанд то бовари моро нисбат ба масъалаи Фаластин тазъиф кунанд, мегӯям, ки бовари мо дар мавриди Фаластин тазъиф намешавад ва бояд дар қазияи Фаластин бо адолат рафтор шавад.

“Умми Ҳорун“

Сериёли “Умми Ҳорун“ сериёли дигаре аст, ки ин рӯзҳо чанд қисмат аз он аз шабакаи MBC пахш шуда ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ эътирози густурдаеро дар пай доштааст.

Ин сериёл, ки қисматҳои аввалии он аз аввали моҳи Рамазон дар шабакаи ёдшуда пахш шуд, дар Амороти Арабии Муттаҳида сохта шуда ва достони як зани яҳудиро ривоят мекунад, ки дар даҳаи 1940 дар яке аз кишварҳои халиҷи Форс зиндагӣ мекардааст.

Султон ал-Ҳошимӣ, яке аз мунтақидони синамо, дар ин бора бо муқоисаи филмҳои сохташуда дар Туркия ва ин сериёлҳо навиштааст: “Туркия барои гиромидошти таърихи худ сериёлҳои таърихӣ монанди “Қиёми Туғрул“ ва “Султон Абдулҳамид“ месозад, то дар афкори умумӣ таърих ва қаҳрамонони худро гиромӣ бидорад, аммо мо дар кишварҳои араби халиҷи Форс сериёлҳоеро тавлид мекунем, ки дар онҳо таърихи душманонамон яъне саҳюнистро гиромӣ медорем ва таҳиякунандагони ин филмҳо саъй доранд то зеҳни мардуми халиҷи Форсро нисбат ба саҳюнистҳо, ки талош доранд ҳувияти моро аз байн бибаранд, пок ва моро нисбат ба ин мавзӯъҳо бетафовут кунанд.”

Корбарони араби шабакаҳои иҷтимоӣ бо ишора ба ин ки сериёли “Умми Ҳорун“, ки қабл аз шурӯъи сериёл навиштаҳои ибриро нишон медиҳад, навиштанд, ин филм зиндагии як зан ба номи “Умми Ҳорун“-ро ривоят карда ва вонамуд мекунад, ки яҳудиён аз гузашта дар ин минтақа дорои сарзамини мушаххас будаанд ва қасд дорад ҳувияти воқеии режими саҳюнистиро кетмон ва ба вуҷуди ин режими ишғолгар расмият диҳад.

Дар ҳамин ҳол изҳороти Афихой Адриъӣ, сухангӯи артиши саҳюнистӣ, дар бораи ин сериёл ба хашми мардуми мусалмони минтақа афзудааст.

Вай гуфтааст: “Натиҷае, ки метавонем аз ин сериёл бигирем ин аст, ки “Умми Ҳорун“ ба ҳамаи ҳаҷмаҳо ва суханони нафратангез алайҳи Исроил посух додааст ва мушаххас аст, ки мо аз дербоз дар ин минтақа будаем ва имрӯз як қишри мағлуб нестем, ки ба дунболи кӯмаки дигарон бигардем, балки як кишвари мусаммам барои мубориза ҳастем. Исроил танҳо зомин (амният) аст ва касоне, ки алайҳи мо шиор медиҳанд, ҳаргиз наметавонанд руъёҳои худро таҳаққуқ бахшанд.”

Бо таваҷҷӯҳ ба хашми афкори умумӣ дар ҷаҳони араб, интишори суханони Адриъӣ мавҷе аз хашм алайҳи таҳиякунандагони сериёли “Умми Ҳорун“-ро барангехтааст.

Сериёли «Умми Ҳорун»

Абдуллоҳ аш-Шоиҷӣ, аз мунтақидони филмҳои синамоии Кувайт, ки филми “Махраҷ 7“ тавассути шабакаи MBC-и Арабистон дар кишвараш сохта шуда, навиштааст: “Ҳадаф аз пахши ин сериёл тавассути шабакаи арабистонӣ, талош барои оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ аст.”

Бисёре аз расонаҳои мустақил дар кишварҳои арабӣ ва фаъолони расонаҳои иҷтимоӣ бо вокуниш ба сохт ва пахши сериёлҳои ёдшуда ба вежа сериёли ҷанҷолии “Умми Ҳорун”, достони ин сериёлро як иштибоҳи таърихӣ донистанд ва аз бозигарони ин филм хостори узрхоҳӣ аз мардуми мусалмон ба вежа кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс шудаанд.

Иқдоми ахири расонаҳои вобаста ба Арабистони Саудӣ барои омодасозии афкори умумии мусалмонон ҷиҳати оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ дар қолаби фарҳангӣ ва бо сохти сериёлҳои вежаи моҳи мубораки Рамазон дар ҳоле анҷом шуд, ки ин кишвар аз муддатҳо қабл барои оддисозӣ бо режими саҳюнистӣ талош мекард.

Ба унвони намуна, метавон ба судури муҷаввиз барои расонаҳои режими саҳюнистӣ ҷиҳати ҳузур дар ин кишвар ва ироаи тасвире матлуб аз худ дар масири оддисозии равобит бо Телавив, дидорҳои аланӣ ва сиррии бархе мақомот ва афсарони Арабистони Саудӣ аз ҷумла Анвар Ишқӣ аз Телавив ва гуфтугӯ бо мақомоти режими саҳюнистӣ, вуруди тими Арабистон ба сарзаминҳои ишғолӣ пас аз ҳамоҳангӣ бо режими ишғолгар, хариди таҷҳизоти ҷосусӣ ва низомӣ аз режими саҳюнистӣ, ҳимояти Одил ал-Ҷубайр аз “муомилаи қарн” ва даҳҳо мавриди дигар аз ҳамкориҳои сиррӣ ва пинҳонии Оли Сауд бо режими манҳуси саҳюнистӣ ишора кард.

Irna

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.