Дидгоҳ

Ин ҷиноят бе посух намемонад

Акс аз Родию Озодӣ.

Хабарҳое, ки аз дохили Тоҷикистон мерасад бисёр нигаронкунанда аст. Умедворем кишвари азизамон бо камтарин хасорат, аз ин бӯҳрон берун ояд ва ҳатто “хушбинонатарин” сенориюи Бонки ҷаҳонӣ дар робита бо вазъияти куруновирус дар Тоҷикистон, ҷомаи амал напӯшад, то чӣ расад ба “бадтарин”-и он.

Бонки ҷаҳонӣ дар як таҳқиқи 49-сафҳаии худ, 3 сенориюро матраҳ кардааст, ки тибқи “бадтарин”-и он, эҳтимоли мубтало шудани 230 ҳазору 542 нафар ба ин вирус ва низ фавти 21 то 25 ҳазор дар Тоҷикистон пешбинӣ мешавад. Тибқи “хушбинонатарин”-и он аммо 72 ҳазору 44 нафар ба ин вирус мубтало ва 6 ҳазору 570 нафар дар асари он фавт хоҳанд кард.

Умедворем ҳеч як аз ин пешбиниҳо таҳаққуқ наёбад ва ҳамаи мо, тоҷикистониён даст рӯи дасти якдигар гузорем ва коре кунем, ки ҷилави густариш ва шуюъи ин вируси хонумонсӯз гирифта шавад.

Аммо имкон дошт вазъият то ба ин ҳадд, ки мушоҳида мекунем, нарасад ва аз ҳамон рӯзи аввал мақомоти кишвар, ва дар раъси онҳо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, мисли ҳамтои ӯзбакистонии худ эҳсоси маъулият мекард ва чораҳои лозимро меандешид ва пеши роҳи густариш ва шуюъи ин вируси хатарнокро мегирифт. Аммо мутаассифона ӯ саҳлангорӣ кард. Бар асоси гузориши расонаҳо, Ӯзбакистон имрӯз дар ҳоли бардоштани маҳдудиятҳо ва рафъи қарантина аст. Ва ин бад-он маъност, ки кишвари ҳамсоя дигар куруноро маҳор ва пушти сар гузоштааст.

Агар Худой нокарда вазъият дар кишвари мо тибқи пешбинии Бонки ҷаҳонӣ рақам бихӯрад – ва аз Худованд мехоҳем чунон нашавад – маълум аст танҳо фарде, ки масъули ин вазъ хоҳад буд, Эмомалӣ Раҳмон аст. То ин ҷойи кор ҳам, ки шуморе аз ҳамватанони азизамон ҷони худро бохтанд, масъули ин маргу мирҳо Раҳмон аст. Агар ӯ мисли Шавкат Мирзиёев масъаларо ҷиддӣ мегирифт ва ҷашну маросимҳои масхараи худро баргузор намекард ва дар баъзе шаҳрҳо, ба хусус дар шаҳрҳои шимоли кишвар, қарантина ҷорӣ месохт, қатъан вазъият ранги дигаре дошт.

Бинобар ин, бо поёни ин бӯҳрон — ки иншоаллоҳ аз Худо мехоҳем ҳарчи зудтар сипарӣ шавад – ба назар мерасад Тоҷикистони пасокуруно ғайр аз Тоҷикистон дар пеш аз куруност. Тардид надорам мардум муқассир ва айбдори аслии ин фоҷеаро ба фаромӯшӣ намесупоранд. Эмомалӣ Раҳмонро дар мавзеъи посухгӯ хоҳанд нишонд, то ҷавоби ин ҷинояти нобахшудании худро бидиҳад. Зеро Раҳмон бо ин саҳлангории худ дар воқеъ бо ҷони мардум бозӣ кард.

Он афроде ҳам, ки ба ҳар далел мекӯшанд Раҳмонро аз ин ҷиноят табриа кунанд, бояд бидонанд онҳо низ дар назди мардум шарики ҷурми ӯ қаламдод хоҳанд шуд ва балки ҷурму ҷинояти ин афрод бадтар аз ҷинояти Раҳмон аст. Зеро ин афрод – ки шуморе аз онҳо дорои мақому мансаб ва шуморе ҳам рӯзноманигору шоиру нависанда ва аз кормандони Окодемии улум ва ғайра ҳастанд — дар ҳоле, ки медонанд вазъияти кишвар вахим аст ва айбдору муқассир дар ин миён Раҳмон, бо ин ҳама, ба баҳонаҳои мухталиф “соҳати” Раҳмонро табриа мекунанд; баҳонаҳое мисли ин ки “обрӯи Тоҷикистон набояд бирезад”, “аз эътибори мо дар дунё коста нашавад” ва ғайра… дуруст мисли “далелҳои” мақомоти Аморати Бухоро дар даврони Олимхон.

Аллома Аҳмади Дониш ҳақиқати талхеро дар “Наводир” бозгӯ мекунад, ки ҳикоят аз ғояти аблаҳӣ ва аҳмақии амир дар таъйини мақомоти сиёсӣ ва сафирон менамояд. Аллома, пас аз он ки аз дидори худ бо намояндаи подшоҳи Русия дар Сан-Петерзбург мегӯяд, менависад:

“(Намояндаи подшоҳи Русия) ин сухан барои он мегуфт, ки салотини Бухоро дар боби суфаро (сафирон) одамони камтаъомулу бедонишро ихтиёр мекунанд, ба эътиқоди он ки асрори давлатии мо фош нашавад. Ва мегӯянд: “Элчӣ бояд, ки агар суоле кунанд, қодир ба ҷавоб набошад — агар тавонад ҷавобе гӯяд, қодир бар тақриру таҳрир набувад. Мабод, ки безабтии салтанати мо назди хасм (душман) зоҳир гардад.”

Сипас Аллома зимни интиқод аз ин шеваи аблаҳонаи умарои Бухоро менависад: “Ва ҳол он ки ихтиёри ин маслак айни безабтӣ ва беназмии давлат бошад…” (Наводирул-вақойеъ, сс.171-172)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.