Достон ва ҳикоёт

Ду се нуктаи ҷолиб аз Аҳмади Дониш

Ҳузне, ки куффоррост, ъушри ъашири он (яъне аз даҳ яки он) аҳли имонро нест

Аллома Аҳмади Дониш дар “Наводирул-вақойеъ” он ҷо, ки аз сафари худ ба ҳамроҳи чанд нафар ба Русия ва боздид аз Сан-Петерзбург ва ширкат дар базму маросимҳои наздикони имперотури Русия мегӯяд ва ин ки чӣ гуна чашми ӯ ва ҳамроҳонашро манозири он ҷо хира карда ва ҳушашон аз сар парида ва мутаҳайир гаштаанд (ки инҳо худаш достоне ҷолиб ва ҷудогона аст), дар поёни ҳикояташ, ҳарфи воқеан ҷолибе мезанад. Мегӯяд:

Аз ин ҳикояту ривояти собиқ, ки онифан (яъне ҳамин алъон) мазкур шуд – аз маъишати куффори насронӣ ва муомилати онҳо дар умури маъош – баъзе тибоъи (табиатҳои) салимаро гумон афтад, ки онҳо дар дунё бағоят маҳзузу (баҳраманду) масрур бошанд ва ҳеч ғаму ҳамм гирди хотири онҳо нагардад ва доим ба рафоҳу танаъъум (яъне дар нозу неъмат) ва талаззуз (лаззат) зист доранд, то ки баъзе орзу оранд, ки баъд аз он ки шахс ба дӯзах равад, боре дар дунё чунин зиндагии матбуъ дошта бошад.”

Сипас мегӯяд: “Ва инчунин нест, балки ғамею ҳузне, ки куффоррост, ъушри ъашири он (яъне аз даҳ яки он) аҳли имонро нест. Ва роқими ҳуруф (Аҳмади Дониш) дар сафари аввал дар бодиурраъй (яъне дар аввалин назар) лағзиш ёфтам ва чун назари ман бештар ба ибрат боз буд, ҳузну яъсе (андӯҳу ноумедие), ки дар акобиру асоғири (хурду калони) он диёр мулоҳиза намудам, таъабу (хастагиву) машаққати исломиён ҳама ночиз менамуд…”

Аллома Аҳмади Дониш сабаби он ҳузну андӯҳе, ки дар вуҷуди ашрофи Русия мулоҳиза кардааст-ро чунин баён медорад:

Масалан, дар маҷлиси базми имперотур дар ҷашне, ки тасаввури гирдоварии он аз муҳолот менамуд ва тавон гуфт, ки ҳеч як аз салотини гузаштаю ояндаро ин ҷинс дастгоҳ камтар даст дода бошад ва дар ҳеч ҷузъу рукни он маҷлис қусурею футуре (яъне ҳеч камбуде) мутахайил намешуд (яъне қобили тасаввур намешуд), биҳиште муҷассаму музайян (ороста) мамлув (пур) ба ҳуру машҳун (печонидашуда) ба қусур ба назар дармеомад (хулоса як базму маҷлиси бисёр бошукӯҳ), ман дар ин маҷлис ҳамаро медидам, ки малулу маъюс буданд. (Ва) ба воситаи он ки дар шариати эшон (ойини масеҳӣ) мардонро ҷуз аз як зан никоҳ раво нест, ва занон натавонанд, ки аз мард ифтироқ (ҷудоӣ) ҷӯянд, то намиранд он яке никоҳ натавонанд кард, аз ғайри изни шаръ (яъне хилофи шаръ) занон ба ҳар кӣ хоҳанд, бираванд, ва мардон ба ҳар кӣ хоҳанд, оянд, чунки ситр нест (ситр инҷо ба маънои ҳаё аст, яъне беҳаё ҳастанд.)

Сипас идома медиҳад: “Ва ин рафтуомад (миёни занону мардони бегона) ба тариқи китмон (пинҳонӣ) ва хуфя воқеъ шавад. Аммо дар кӯчаву бозор, агар зане бо марди бегона биравад ва муколамаю муҳовара (гуфтугӯ) кунад, айбе ва маҳзуре надорад. Чун дар ин маҳфил (маҷлиси имперотур) асбоби нишот ба камол буд ва зану мард маст буданд, ҳар марде мехост, ки ба ҳама занон ояд, ва ҳар зане вола (шефта) буд, ки ба ҳар марде равад. (Ва) аз ин ҷиҳат, ки маҷлиси султон алония (ошкоро) буд (ва) роҳи комҷӯӣ ба ҳар кас масдуд буд, ҳар кадом оҳи сард мекашиданд. Зани Зайд медид, ки зани Амр ба қимати як ҳазор динор хулию ҳулал (зеваролот) пӯшида ва ҳамроҳи марде ваҷеҳ (мӯҳтарам) аз аъозим (бузургон) даст ба камару гардан рақс меравад ва либоси ӯ (зани Зайд) дуни ӯ (поинтар аз ӯ) ва адили ӯ (ҳамроҳи ӯ) забунтар, (аз ин рӯ) маҳзуну малул чархе меовард ва рақсе ба курҳ (аз рӯи ночорӣ) мекард. Ва Башир медид, ки зани ӯ, ки мутарраҳ (мавриди таваҷҷӯҳ) буд, бо ҳамроҳии Холид гардан ба гардан рақс мекунад, ва зани Холид бадшакл адили ӯ шуда, ба курҳ пое мекӯфт. Заноне, ки пиртар буданд, касе ба онҳо илтифот намекард. Ва мардоне, ки кӯҳантар буданд, занон эшонро радд медоданд. Пирон аз ҷавонон, ҷавонон аз хубтарон, хубтарон аз адами дастгоҳи қудрат, ба ҳасади ҳамдигар гирифтори ҳузну алам буданд, то ки подшоҳ ба тафаррус ҳоли онҳоро дониста, илтифоте мекарду дилдорӣ менамуд. Ва худи подшоҳ низ ба воситаи он ки аз фуқарои вилоёти худ истимтоъ (баҳрамандӣ) натавонад хост, магар ба хуфя (пинҳонӣ), оби ҳавас ҳар замон аз даҳонаш мерехт. Ва зани подшоҳ аз ҷиҳати кӯҳансолию пирӣ низ, аз таровати ҷавонони маҷлис бешуъур қадаме дар миён мениҳод.”

Сипас Аллома идома медиҳад: “Ва билҷумла (хулоса), ҳеч якеро надидам, ки ғаме домангири дилаш набувад ва дуди оҳи сиёҳ аз димоғаш барнаояд. Ва ҳамчунин дар раставу бозор ва тамошохонаҳо ҳеч тане осудаву беғам ба назар дарнаёмад…”

(Наводирул-вақойеъ, сс.187-189)

* * *

Интиқод аз ин шеваи аблаҳонаи амири Бухоро

Аллома Аҳмади Дониш дар ҳикояте аз сафари худ ба Русия, матлаберо бозгӯ мекунад, ки ҳикоят аз ғояти аблаҳӣ ва аҳмақии амирони Бухоро дар таъйини сафирон менамояд. Ӯ, пас аз он ки аз дидори худ бо намояндаи подшоҳи Русия дар Сан-Петерзбург мегӯяд ва ин ки ӯ аз Аллома мехоҳад шеъре дар васфи духтарони подшоҳи Русия ба муносибаи арӯсии яке аз онҳо бинависад, то обрӯи сафирони ӯзбакро – ки зоҳиран аблаҳу кавдан будаанд ва бо ашъори номарбути худ обрӯи кишвари худро бурдаанд – бипӯшонад, менависад:

“(Намояндаи подшоҳи Русия) ин сухан барои он мегуфт, ки салотини Бухоро дар боби суфаро одамони камтаъомул ва бедонишро ихтиёр мекунанд, ба эътиқоди он ки асрори давлатии мо фош нашавад. Ва мегӯянд: “Элчӣ бояд, ки агар суоле кунанд, қодир ба ҷавоб набошад — агар тавонад ҷавобе гӯяд, қодир бар тақриру таҳрир набувад. Мабод, ки безабтии салтанати мо назди хасм (душман) зоҳир гардад.”

Сипас Аллома зимни интиқод аз ин шеваи аблаҳонаи умарои Бухоро менависад: “Ва ҳол он ки ихтиёри ин маслак айни безабтӣ ва беназмии давлат бошад…

(Наводирул-вақойеъ, сс.171-172)

* * *

Сабаби ақибмондагии кишварҳои исломӣ

Аллома Аҳмади Дониш дар ҷое аз китобаш, дар баёни сабаби ақибмондагии кишварҳои исломӣ ва ин ки чаро зуд ба мустаъмараи кишварҳои дигар табдил гаштанд, менависад:

Хулафои ислом баъд аз ин қурун (манзураш, асрҳои шукӯҳу қувват), диданд, ки дайёре (яъне касе аз соҳибони диёр) аз куффор намонд, ки саре бардорад ва даъвои истиқлол орад, ба ҳубби шаҳавот моил гаштанд ва ба айшу комронӣ иштиғол намуданд. Ва уламо, ки қивоми (пойдории) миллат ба эшон аст ҳам ба ҳубби риёсат тобеи амру ҳукми залама (салотини ситамгар) гаштанд ва аз амри маъруфу наҳйи мункар дар хидмати салотин чашмпӯшӣ намуданд. Мухолифони дин ин ғафлатро аз аҳли ислом ғанимат дониста, шабу рӯз ба тараддуди гирдоварии асбоб ва шикофтани баҳру кон ва берун овардани зару ҷавоҳир иштиғол намуда, барои интиқомкашӣ раъйҳо ва машваратҳо мефармуданд, то даридагии домани ҷамъияти худро, ки дар аввали давлати араб афтода буд, руфӯъ диҳанд, ва асбоби давлату ҳифзи онро мураттаб намуда, он гоҳ ба бозхости кинаи пӯшида бархостанд, ба макру фиреб ва қаҳру ғалаба дар тамомати маъмура (рӯи замин) даст ёфтанд ва карданд он чи карданд…”

(Наводирул-вақойеъ, с.134)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.