Ҷаҳон

Куруновирус мардуми Русияро водор ба тарки шароб кард

Акс аз «Радио Свобода»

Бо вуҷуди он, ки шуюъи вируси куруно дар ҷаҳон ба қимати ҷони даҳҳо ҳазор инсон тамом шуда ва даҳҳо милюн шуғл низ аз байн рафтааст, аммо вируси куруно сабки зиндагии мардумро низ тағйир дода ва дар мавориде мунҷар ба шаклгирии сабкҳои солими зиндагӣ шудааст.

Ба гузориши CNN Türk, дар Русия ва ҳамзамон бо авҷ гирифтани мавориди ибтило ва маргу мири ношӣ аз вируси куруно, сабки зиндагии мардум тағйир ёфта ва нӯшидан ва фурӯши машрубот наздик ба 50 дарсад камтар шуда ва ниме аз шаробхораҳои Русия гуфтаанд, масрафи машруби худро тайи даврони ахир коҳиш дода ва ё ба сифр расондаанд.

Ин дар ҳолест, ки бархе шойеъоти беасос аз ибтидои пондемии вируси куруно ин гумонаро матраҳ мекарданд, ки машрубот ва маводди мухаддир риски ибтило ба бемории COVID-19-ро коҳиш медиҳад; шойеъаи ғалате, ки борҳо аз сӯи ниҳодҳои илмии байналмилалӣ рад шудааст.

Як назарсанҷии анҷомшуда аз шаҳрвандони Русия тайи рӯзҳои гузашта ҳокӣ аст шаҳрвандони ин кишвар ба вежа шаҳрвандони болои 50 сол, бо шуюъи вируси куруно сабки зиндагии солимтареро дунбол мекунанд ва нӯшидани машрубот ва хӯрокиҳои ширинро канор гузоштаанд.

45 дарсад аз мардуми Русия гуфтаанд, ки пас аз оғози қарантинаи саросарӣ дар ин кишвар одати хариди онҳо тағйир карда ва сабади хариди онҳо мутафовит шудааст.

38 дарсад аз мардуми Русия гуфтаанд, ки пас аз шуюъи вируси куруно дигар маводди ғизоии ширин намехӯранд ва 35 дарсад низ гуфтаанд, бо шуюъи куруно дигар колбос намехӯранд.

Ҳамчунин 45 дарсад аз мардуми Русия низ гуфтаанд, ки дар даврони қарантинаи хонагӣ нӯшидани машруботро ба унвони як одати рӯзона канор гузоштаанд.

Тайи ҳафтаҳои гузашта фурӯши “Водка” ва дигар машрубот беш аз 41 дарсад коҳиш ёфтааст.

67 дарсад аз шаҳрвандони болои 55 соли Русия дар ин назарсанҷӣ гуфтаанд, ки бо шуюъи вируси куруно дар Русия, талош доранд барои дар амон мондан аз хатарҳои эҳтимолӣ, сабки зиндагии солимтареро таҷриба кунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.