Ҳуқуқи башар

Ба доди зиндониҳо бирасед!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Аз ду се рӯз пеш гузоришҳои бисёр такондиҳандае дар бораи зиндониҳо ва вазъи бисёр нигаронкунандаи онҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон мунташир мешавад. Бар асоси яке аз ин гузоришҳо, “дар зиндони рақами 1-и Душанбе ҳаддиақал 200 нафар ба вируси куруно олуда шуда, вазъи саломатии ҳудуди 50 нафари онҳо вахим аст. Табибон эътиборе ба беморон намедиҳанд ва имкони шурӯъи маргу мир хеле зиёд арзёбӣ мешавад.”

Ҳамчунин, рӯзноманигор Шӯҳрати Раҳматулло, фарзанди зиндонии сиёсӣ Раҳматуллои Раҷаб, дар ёддоште дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук навиштааст: “Вазъи саломатии падарам хеле нигаронкунанда аст, дӯстон! Ҳарорат 40, нафаскашиаш ҳам танг шуда. Зиндонро шароиташ ба ҳама маълум. Маълумотҳо ҳар рӯз бароям мерасанд. Дар зиндонҳо касалиҳо бештар шудаанд ва нигоҳубин аз тарафи зиндон умуман нест. Касеро парвое нест.”

Вай дар идома, бо баёни ин ки “Мансурҷон Умаров, сардори зиндонҳои кишварро парвое нест”, хитоб ба мақомоти кишвар навиштааст: “Аз рӯзе, ки падарамро бегуноҳ бо ангезаҳои сиёсӣ пушти панҷара кардаед, аз ҳамон рӯз бе ин ҳам аз хӯрок то либосу доруҳоро худамон мехарем ва мефиристем. Бисёре аз зиндонбонҳоятон ҳам аз ҳисоби ана ҳамин зиндониҳо шикамашон сер мегарданд…”

Ин рӯзномагор дар поёни ёддошти худ, тақозои озодии падарашро карда навиштааст: ”Падарамро озод кунед, то дар хона нигоҳубину табобат шавад!

Ҷамшед Ёров, бародари вакили зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров низ дар ёддоште дар сафҳааш дар Фейсбук, аз вахомати ҳоли бародараш дар зиндон навишта ва хостори расидагӣ ба ӯ шудааст.

* * *

Ҳамзамон бо шуюъи куруно дар ҷаҳон, бисёре аз кишварҳо зиндониҳои худро бо қайди васиқа озод карданд. Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) дар нахустин рӯзҳои шуюъи куруно дар минтақа ва пеш аз ин ки вазъияти зиндониҳои Тоҷикистон вахим гардад, ҳам аз забони раисаш ва ҳам бо интишори баёнияе, ба мақомоти Тоҷикистон пешниҳод кард, то зиндониҳоро ба хусус касоне аз ононро, ки синни болое доранд, ба сурати муваққат озод кунанд. Аммо мутаассифона таваҷҷӯҳе ба ин ҳушдорҳо нашуд.

Фориғ аз ин: бар асоси моддаи 12 “Паймони байналмилалии ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фархангӣ” — ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пойбандии худро ба он эълон кардааст — давлатҳо муттаъаҳҳид (ӯҳдадор) ба “пешгирӣ ва табобати бемориҳои сирояткунанда, маҳаллӣ, касбӣ ва бемориҳои дигар ва мубориза бар зидди онҳо” ҳастанд ва низ “ташкили шароит ҷиҳати таъмини ҳама бо кӯмаки тиббӣ ва нигоҳубини тиббӣ ҳангоми беморӣ”, бар онҳо зарурист.

Банди 26-и “Қоидаҳои ҳаддиақали меъёрҳои рафтор бо зиндониён”, ки ба тасвиби Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид расида (Минимальные стандартные правила Организации Объединенных Наций в отношении обращения с заключенными), имконоти пизишкӣ ва дармонӣ ба манзури пешгирӣ аз беморӣ ва дармони беморонро барои тамоми зиндонҳо дар саросари ҷаҳон ва барои тамоми зиндониён зарурӣ медонад.

Ва ҳамчунин, дар нахустин рӯзҳои шуюъи куруно дар ҷаҳон, 6 тавсия аз сӯи ниҳодҳои вобаста ба СММ ба давлатҳо шуд, ки иборатанд аз:

1) Коҳиши ҷамъияти зиндонҳо бо равишҳои мухталиф монанди: афв, додани мураххасӣ ба зиндониён, муҷозотҳои ҷойгузин, табдили муҷозот ва таълиқи муҷозот;

2) Таваҷҷӯҳи вежа ба вазъияти зиндониёни дорои куҳулати син, занон, кӯдакон ва зиндониёни дорои бемориҳои пурриск ба манзури имкони фароҳам овардани озодии онҳо;

3) Поксозии муҳити зиндон аз тариқи зидди ъуфунии муҳитҳо;

4) Фароҳам сохтани имкони фосилагузорӣ дар зиндонҳо ба манзури пешгирӣ аз беморӣ ва ибтилои афрод;

5) Дар дастрас будани дору ва имконоти пизишкӣ дар муҳити зиндон ва анҷоми озмоишҳои лозим барои ташхиси беморӣ;

6) Эъзоми афроди бемор ба марокизи дармонӣ ва бемористонҳо барои дармон.”

Моддаи 25 “Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар” ва моддаи 12 «Паймони байналмилалии ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фархангӣ ҳаққи саломатро барои ҳамаи афрод бидуни табъиз зарурӣ медонад ва давлатҳо бар асоси ин асноди байналмилалӣ, муваззаф ба анҷоми иқдомоти пизишкӣ ва дармонӣ ва фароҳам кардани имконот барои пешгирӣ аз бемории куруно дар зиндонҳо ва дармони зиндониён дар сурат ибтило ҳастанд.

* * *

Ҳадаф аз ёдоварии ин асноди байналмилалӣ он аст, ки дар сурати вахимтар шудани вазъияти зиндониҳо дар Тоҷикистон ва Худой нокарда фавти ҳатто яке аз онҳо дар асари ибтило ба куруновирус, хонаводаҳои зиндониён ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ ҳаққи шикоят аз ҳукумати Тоҷикистон ба додгоҳҳои байналмилалиро ба хотири саҳлангорӣ ва адами таваҷҷӯҳи мақомот ба ҳушдорҳое, ки дар ин замина шуда буд хоҳанд дошт.

Ва ҳанӯз ҳам, ки дер нашуда ва вазъият аз ин ҳам бадтар нагардида, мақомот бояд ба ин тавсияҳо амал ва зиндониҳои бемор ва низ афроди синнашон аз 50 ба болоро озод кунанд, то онҳо битавонанд лоақал дар манзилҳои худ ва назди азизонашон ба дармони худ парозанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.