Забон ва адабиёт

Даргузашти Муҳаммадалӣ Аҷамӣ // Зиндагинома ва намунаи ашъор

Муҳаммадалӣ Аҷамӣ, шоири номдори тоҷик, дирӯз (4 май) дар синни 66-солагӣ дори фониро тарк ва ба дори боқӣ шитофт.

Муҳаммадалӣ Аҷамӣ зодаи 21 январи 1954 дар рустои Ғайрати шаҳристони Бохтари устони Қӯрғонтеппа (Бохтари имрӯз) аст. Ӯ фориғуттаҳсили риштаи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1981 мебошад.

Аҷамӣ баъд аз фориғуттаҳсилӣ, муддате дар рӯзномаи маҳаллии “Навиди Вахш” ба унвони хабарнигор, ҳамчунин корманд дар шӯъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа, низ дар шӯъбаи устонии “Ҷамъияти дӯстдорони китоб”, ҳамчунин ба унвони раиси шӯъбаи устонии Иттиҳодияи нависандагони кишвар, машғули фаъолият буда.

Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муддате дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зиндагӣ ва фаъолият дошта.

Осор ва таълифот

Ба навиштаи Фирдавси Аъзам, шоири тоҷик, Муҳаммадалӣ Аҷамӣ, “муаллифи маҷмӯаҳои назму наср ҳаст, ки дар Душанбе ва Теҳрон чоп шудаанд.

Осори манзум:

1) “Кокули борон” (1984), Душанбе;

2) “Ватан” (1985), Душанбе;

3) “Сари об” (1988), Душанбе;

4) “Андӯҳи сабз” (1997), Теҳрон;

5) “Ойинаи ноз” (дубайтӣ) (2000), Теҳрон;

6) “Биҳишти Одаму гандум” (2000), Теҳрон;

7) “То фасли рангҳо” (2002), Душанбе;

8) “Атри шабҳои Хуросон”, Теҳрон;

9) “Ҳар субҳ ман зи ишқи ту оғоз мешавам” (2012), Душанбе.

Осори мансур:

1) “Эътиқоду эътикоф”, маҷмӯаи мақолот, Душанбе, 2003;

2) “Хиттаи муаттари шеър”, баррасии ашъори Мӯъмин Қаноат, Лоиқи Шералӣ ва Салмони Ҳиротӣ, чопи Ройзании ҶИЭ дар Тоҷикистон, Душанбе 2002;

3) “Нур дар зиндон”, румон, Теҳрон, 1997 бо хатти форсӣ.”

Ҳамчунин ба навиштаи Фирдавси Аъзам, “навиштаҳои ӯ дар соҳаи нақди адабӣ дар қолаби мақолаву рисолаҳои “Шигарфиҳои ҳунарӣ ва маъноӣ дар шеъри Устод Рӯдакӣ”, “Ҳар ки ин оташ надорад…”, “Бедил ва каломи Ҳофиз…”, “Хиттаи муъаттари шеър”, “Ҳақ бо сукут буд”, “Марде аз ҷинси ғазал”, “Сарвҳои баланди андеша”, “Ҷойгоҳи қасида дар шеъри муосир”, “Гулдони ҳафтранг”, “Тафаккур ва ҳис дар шеър”, “Шеър чист?!” ва ғайра интишор ёфтаанд.”

Дар бораи шеъри Аҷамӣ

Алиризо Қазва, шоири эронӣ, дар муқаддимаи дафтари шеъри “Андӯҳи сабз” менависад:

Шеъри Аҷамӣ дар қиёс бо шеъри ҳамватанонаш бисёр пухтатар ва имрӯзитар аст. Ӯ аз таҷрибаи шоирони навпардоз ва ғазалсароёни навандеши ин солҳо ба хубӣ баҳра бурдааст ва дар маҷмӯаи севвуми худ “Андӯҳи сабз” ин таъсир бисёр ошкор аст. “Андӯҳи сабз” бегумон беҳтарин маҷмӯаи шеърии Аҷамӣ ва аз беҳтарин маҷмӯаҳои ин солҳо дар миёни шоирони Тоҷикистон аст…

Аҷамӣ дар дафтари шеъри “Андӯҳи сабз”-и худ ба маснавӣ, ғазал ва чаҳорпора инояти хоссе дошта ва аз шеъри наву сапед дар ин дафтар хабаре нест. Бештари шоирони Тоҷикистон ин рӯзҳо қолаби дилхоҳашон чаҳорпора аст ва аз ин бобат ба шоирони 30-40 сол пеши Эрон шабоҳат мебаранд. Дар фасли ғазал, ки нуқтаи авҷи кори Аҷамӣ аст, ба зеботарин ва шигифттарин ғазалҳои муосири Тоҷикистон бармехӯрем ва аслан Аҷамӣ шоири ғазал аст….

Намунаи ашъор

Бонги лаббайк

Найзаро сарвари ман, бистари роҳат кардӣ,

Шомро ғулғулаи субҳи қиёмат кардӣ.

Ба лаби ташнаат он рӯз ишорат мекард

Хотамеро, ки ба ангушти шаҳодат кардӣ.

Ақл мехост бимонӣ ба ҳарам, аммо ишқ

Гуфт бар найза бизан бӯса, иҷобат кардӣ.

Бонги лаббайк, ки ҳуҷҷоҷ ба лаб меоранд

Ояҳоест, ки бар найза тиловат кардӣ.

Акбару Қосиму Аббос, куҷоянд, куҷо?

Ишқ, чун ин ҳамаро бурдиву ғорат кардӣ?

Чист дар ту, ҳама имрӯз туро меҷӯянд

Эй тани бесар сарвар чӣ қиёмат кардӣ!

Боз ман мондаму сад Куфа ғарибӣ, ҳайҳот,

Гарчӣ озод маро ту зи асорат кардӣ!

* * *

Чӣ тилисм аст ин ки …

Медамад дар синаам тӯфони оҳ аз шаш тараф,

Бозмегардад магар бастааст роҳ аз шаш тараф.

Ҳар тараф рӯ мекунам тиру синону найза аст,

Ҳар тараф сар мекашам чоҳ аст, чоҳ аз шаш тараф.

Садди роҳам мешавад тӯфони сурх аз чаҳор сӯ,

Бар заминам мезанад абри сиёҳ аз шаш тараф.

Осмон ҳам шоли ғам дорад ба сар, дар сӯги дӯст,

Гиря дорад ҳолаи андӯҳи моҳ аз шаш тараф.

Чӣ тилисм аст ин, ки шайтон рафтааст аз ёдҳо,

Санг меборанд бар ин хонақоҳ аз шаш тараф.

Оҳ метарсам, ки бигшоям ду чашми хешро,

Мехӯрад чашми маро тири гуноҳ аз шаш тараф.

* * *

Даргузашти ин фарзонаро ба бозмондагонаш таслият ва барояшон сабри ҷамил ва барои худи ӯ таманнои раҳмату мағфирати илоҳӣ дорам.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.