Сиёсат

ДОЪИШ дубора бозгашт

Барои аввалин бор баъд аз гузашти ҳудуди 2 сол аз эъломи поёни ДОЪИШ дар Ироқ, ин гурӯҳи такфирии теруристӣ бори дигар дар ҳоли бозгашт ба Ироқ аст. Онҳо тайи 3 рӯзи гузашта бо чандин амалиёт дар манотиқи мухталиф, беш аз 15 танро кушта ва даҳҳо танро низ захмӣ кардаанд, то ин суол матраҳ шавад, ки “чӣ касе ё чӣ тарафҳое ин ҳастаҳои хуфтаро бедор кардааст?”

Ба гузориши Ирно, ҳастаҳои хуфтаи ДОЪИШ дубора бедор шудаанд ва албатта бо силоҳҳои мудерн ва пешрафта ва ҳамалоти ахири онҳо умдатан ба мавозеъи артиши Ироқ буд.

Гурӯҳи теруристии ДОЪИШ ҷумъашаб ҳамзамон ду минтақа дар шимолу ҷануби Сомирро воқеъ дар 110 километрии шимоли Бағдодро ҳадаф қарор дод. Ин гурӯҳ ба мақарри нерӯҳои ироқӣ дар шаҳри Балад ва Макишифа дар ҳудуди 15 километрии маркази устони Салоҳуддин ҳамла карданд, ки ин даргириҳо соатҳо ба тӯл анҷомид ва дар ниҳоят 15 тан аз нерӯҳои ироқӣ кушта ва беш аз 25 тан низ захмӣ шуданд.

Ин сангинтарин амалиёт аз ҳангоми озодии Мавсил талаққӣ мешавад; амалиёте, ки ба ҳузури низомии ДОЪИШ дар Ироқ поён дода буд ва нозирон пешбинӣ карда буданд, ки то солҳо ин гурӯҳ тавони низомӣ барои чунин амалиёте нахоҳад дошт.

Аммо як шаби баъд, аносури хуфта ва махфии ин гурӯҳи такфирӣ (шанбешаб) дубора вориди амал шуда ва амалиёти сангине алайҳи мақаррҳои нерӯҳои амниятии Ироқ дар устони Диёла дар шарқи Ироқ роҳандозӣ карданд. Ин ҳамла дар рустое воқеъ дар 15 километрии Баъқуба (маркази устони Диёла) анҷом шуд, ки то кунун 4 кушта ва беш аз 5 захмӣ доштааст.

Ҳамзамон амалиёти дигаре дар шарқи Омурлӣ, шаҳри туркманҳо дар шимоли устони Салоҳуддин аз сӯи ДОЪИШ анҷом шуд, ки дар хусуси талафоти он хабаре дар даст нест. Ин шаҳр аз 10-уми июни 2014 ба муддати 3 моҳ дар муҳосираи комили ДОЪИШ қарор дошт, аммо бо муқовимати мардуми ин шаҳр баъд аз 3 моҳ бо амалиёти нерӯҳои ироқӣ муҳосираи мардуми ин минтақа шикаста шуда буд.

Аносури ДОЪИШ дар тозатарин талоши мусаллаҳонаи худ, бомдоди якшанбе барои тасарруфи шаҳри Аннахиб хез бардоштанд, ки ин бор ҳам бо муқовимати нерӯҳои ироқӣ рӯ ба рӯ шуданд. Албатта аз ин набард, иттилооти зиёде дар хусуси теъдоди талафоти инсонӣ ва хасоратҳои молӣ гузориш нашудааст.

Манобеъи ироқӣ дар баровардҳояшон ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳазорон тан аз аносури махфишудаи ДОЪИШ дар устонҳои ғарбӣ, шимолӣ ва шарқии Ироқ дар қолаби ҳастаҳои хуфта, омодаи фурсатҳои тилоӣ ҳастанд. Ин манобеъ гуфтанд, гузоришҳое дар ихтиёр доранд, ки гурӯҳи такфирии ДОЪИШ қасд дорад силсилаамалиёти теруристӣ низ дар халиҷи Форс анҷом диҳад. Ба гуфтаи нозирон, ин талошҳо натиҷаи танишзоии моҳҳои ахири тими ҷангталаби Дунолд Тромп дар минтақа аст.

Дар вокуниш ба таҳаррукоти ахир, Барҳам Солеҳ, раисиҷумҳури Ироқ, бар поксозии манотиқи олуда ва нуқоти ҳузури бозмондаҳои ДОЪИШ таъкид кард ва Қайс Хазъалӣ, яке аз сиёсатмадорони ироқӣ, шиддат гирифтани ин таҳаррукотро талоши Омрико барои идомаи ҳузури низомиёнаш дар Ироқ донист ва гуфт, ки ин таҳаррукот интиқоми омрикоиҳо аз ироқиҳо ба хотири тасвиби тарҳи ихроҷи онон аз Ироқ будааст.

Аз ибтидои зуҳури ДОЪИШ на танҳо коршиносон ва соҳибназарони минтақа, балки ҳатто худи раҳбарони Омрико монанди Ҳилори Клинтун, вазири хориҷаи Убомо ва низ Дунолд Тромп, раисиҷумҳури феълӣ, эътироф кардаанд, ки ДОЪИШ-ро худи омрикоиҳо сохтаанд ва акнун ҳам талош доранд аз ин гурӯҳи теруристӣ ба унвони барги баранда дар қиболи ҳукумати Ироқ баҳрабардорӣ кунанд.

Аз ҳангоме, ки ироқиҳо тасмим гирифтанд низомиёни хориҷиро бо қарори порлумон аз кишварашон хориҷ кунанд, бозиҳои омрикоиҳо низ шурӯъ шудааст ва ироқиҳо эътиқод доранд бӯҳронофариниҳои ахир, аз шаҳодати сардорон Сулаймонӣ ва Абӯмаҳдӣ Муҳандис то мавзеъгириҳои ахири омрикоиҳо алайҳи нерӯҳои мардумии Ироқ, ҳама ва ҳама бо ҳадафи мунсариф кардани ироқиҳо аз тасмимашон барои ихроҷи низомиёни хориҷӣ ва пешопеши он омрикоиҳост.

Тромп ва тими тундраву ҷангталаби ӯ акнун ҳаюлои такфириро бедор кардаанд ва аз фоҷеаҳое, ки ин гурӯҳи теруристӣ метавонад ба бор оварад ибое надоранд, чаро ки ҳамонанди гузашта товони онро миллатҳои минтақа мепардозанд.

ДОЪИШ аз 10-уми июни 2014 аз Сурия ба Ироқ ҳамла кард ва тайи чанд рӯз устонҳои Аланбор ва Найнаворо ба таври комил ва бахшҳое аз 5 устони Ироқ аз ҷумла Диёла, Каркук, Салоҳуддин ва Бобилро ба тасарруфи худ даровард. Ин гурӯҳи теруристӣ илова бар таҷовуз ба занон ва ба бардагӣ бурдани онон, ҳазорон ҷавону марди ироқиро куштор кард, ки муҳимтарини он марбут ба қатли омми 1700 ҷавони ҳозир дар пойгоҳе дар атрофи шаҳри Тикрит буд. Ҳамчунин куштори эзадиҳо ва фурӯши занони онон дар бозорҳои бардафурӯшӣ, аз ҳавлноктарин ҷиноёти ин гурӯҳи такфирӣ аст, ки ҳанӯз доғи он барои ироқиҳо тоза аст.

Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.