Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Фалсафаи шурур

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Маҳмудхон Бурҳонов, коршиноси аршади фалсафа

Масъалаи шарро аз як нигоҳи дигар ҳам метавон баррасӣ ва посух дод.

Дар як сухан, шарр он чизест, ки ба инсон зарар мерасонад. Аммо масъала ин аст, ки оё дунёи безарар барои инсон матлуб хоҳад буд?

Зарар набошад яъне ин ки ҳаргиз касе бемор нашавад, кару кӯру фалаҷ набошад, фақир нагардад, нодону аҳмақ набошад, дучори тасодуф ва ҳодиса нашавад, ва хулоса, ҳеч сабаби ранҷу озор ва нобудии инсон вуҷуд надошта бошад.

Хулосаи ин “набошадҳо” як “бошад” мегардад, ва он ин ки: инсон ҳамеша зинда бошад.

Ҳоло фарз мекунем, ки инсон ҳамеша зинда бошад. Хуб, лозимаи ин ҳаёти ҳамешагӣ чист?

Аввалин лозимааш набудани 99 дарсади инсонҳост. Зеро дар камтар замоне, инсонҳо рӯи заминро пур мекунанд ва дигар ҷойе барои наслҳои баъд боқӣ намемонад.

Дуввумин лозимааш маҳрумият аз ҷуфтгирӣ ва ташкили хонавода аст. Вақте хонаводае ташкил нашуд, худ ба худ инсон аз беҳтарин лаззатҳои зиндагӣ низ маҳрум мешавад, аз лаззати ҳамсардорӣ, аз меҳру утуфати падару модар нисбат ба фарзанд… Хулоса аз неъмати ишқу муҳаббат.

Лозимаи баъдӣ, такрорӣ шудан ва дилбазан шудани зиндагӣ ва дар натиҷа бемаънӣ шудани зиндагӣ мешавад, ки ҳеч ангезае барои идомаи он боқӣ намемонад.

Дар чунин ҳолат, ҳамон марг болотарин орзу ва ширинтарин иттифоқ барои инсон хоҳад буд. Вақте ҳам масъалаи марг дар миён ояд, худ ба худ сабабҳои он низ хоҳад омад. Чӣ чиз сабаби марг мегардад? Ҳамин бемориву тасодуфу ҳодисаҳои табиӣ мисли зилзилаву обхезиву ғайра.

Хулоса, дар фарзи адами ин зарарҳо нобудии худи инсон хобида аст.

Лутфан тааммул намоед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.