Ҳуқуқи башар

6 пешниҳоди КШНГЗС ба ҳукумат дар рӯзҳои куруноӣ

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС), як ниҳоди ҳуқуқи башарӣ, ки мақарраш дар Лаҳистон буда ва ҳадафи худро дифоъ аз зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон медонад, бо интишори баёнияе, зимни ибрози нигаронӣ аз вазъияти зиндониҳои кишвар дар ин рӯзҳо, ба ҳукумати Тоҷикистон 6 пешниҳод ҷиҳати пешгирӣ аз шуюъи бештари куруновирус дар зиндонҳо ва низ расидагӣ ба зиндониҳои мубтало ба ин вирус, матраҳ кардааст.

Ба гузориши сойти Зиндониён (пойгоҳи иттилоърасонии ин ниҳод), КШНГЗС дар ин баёния, бо такя бар “иттилоъоти мухталифе, ки мустақим ва ғайримустақим ба Кумита мерасанд”, ёдовар шудааст, ки “садҳо нафар аз зиндониён ба куруновирус гирифтор шудаанд ва вазъияти саломатии аксари онҳо вахим арзёбӣ мешавад.”

КШНГЗС дар идома бо ишора ба ин ки “ҳукумат бо вуҷуди ҳамагир шудани куруновирус, мутаассифона то кунун вуҷуди онро дар зиндонҳо расман эътироф накарда, тамоми зиндониёни сироятшударо мубталоёни “зуком” ва ё “илтиҳоби шуш” унвон мекунад”, хотиррасон кардааст: “Ҳукумат аз ин тариқ зиндонҳоро низ ба мисли шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, ба маркази шуюъи куруновирус дар Тоҷикистон табдил додан мехоҳад.”

Баёния афзудааст:  “Дар шароити феълӣ ҳар лаҳза ғанимат дониста мешавад ва бо анҷоми тадбирҳои хуб, аз ҷумла тибқи меъёрҳои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, камтар кардани теъдоди инсонҳо дар маконҳои пуродам, ба мисли зиндонҳо метавонад ҷони ҳазорҳо инсонро аз хатари ин ва дигар бемориҳои сироятӣ наҷот диҳад. Бинобар ин, Кумита пешниҳод мекунад:

1) Ташхиси пурраи зиндониён новобаста аз бемор будан ё бемор набуданашон вобаста ба куруновирус аз тарафи мутахассисони беғарази тиббӣ, ва бо ҳузури намояндагони Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ, Салиби Сурх ва Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон;

2) Пурра ҷудо намудани шахсони мабталои куруновирус аз дигар афроди солим дар ҷойҳои алоҳида ва ё дар муассисахои тиббии ғайри низоми Вазорати Адлия;

3) Маҳдудиятҳои сӯҳбатҳои телефонии зиндониён бо хонаводаҳояшон дар шароити кунунӣ пурра бардошта шавад;

4) Бар асоси меъёрҳои инсондӯстӣ беморони шадидро барои табобат ба манзили истикоматиашон рухсат диҳанд, то рӯзҳои поёнии умрашонро дар назди аҳли байташон гузаронанд;

5) Ҳукумат фавран теъдоди мутахассисони соҳаи тиббро дар тамоми зиндонҳо зиёдтар кунад, то тавонанд сари вақт ба кӯмаки беморон бирасанд;

6) Ҳукумат бояд тамоми зиндонҳои кишварро пурра бо доруворӣ, лавозимоти тиббӣ ва хӯрока аз ҳисоби буҷети кишвар таъмин кунад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.