Сиёсат

Куруно поёни ҳукмронии популистҳо?!

Бархе аз популистҳо ба иллати амалкарди номуваффақи худ дар маҳори бӯҳрони ношӣ аз куруно қатъан осеб мебинанд, ҳол он ки шояд бархе дигар дар ҳамин робита ҳатто тақвият шаванд ва ё вазъияташон тафовути чандоне бо давраи пеш аз шуюъи куруно накунад…

Таҳлиле дар Deutsche Welle

Бозори гумоназанӣ перомуни даврони пасокуруноӣ равнақ гирифтааст. Бисёре аз таҳлилгарон куруноро барои гароишҳои популистӣ маргбор донистаанд. Сиёсатҳои нокоромади давлатҳои популистӣ дар муқобила бо куруно, ба чунин боваре доман задааст.

Вируси COVID-19 ҷаҳонро ба чолиш кашидааст. Вирусе, ки на ба марзҳои ҷуғрофиёӣ эҳтиром мениҳад ва на ба ранги ҷилди паспорти кишварҳои гуногун таваҷҷӯҳе дорад. На нажоду дину мазҳаб мешиносад ва на фақиру сарватманд. Чолише бузург, ки метавонад таърихро ба ду давраи пеш ва пас аз худ тақсим кунад.

Вируси COVID-19 на танҳо коромадии мудирияти бӯҳрони давлатҳоро ба чолиш кашида, балки бознигарӣ дар ҷаҳонбиниҳои сиёсиро илзомовар сохтааст.

Инки ҷаҳон пас аз ғалаба бар куруно чӣ гуна ҷаҳоне хоҳад буд, муаммое аст, ки танҳо бо кӯмаки тахайюл ва ҳадсу гумон метавон барои он посухе ёфт. Замоне шуюъи тоъун дар Урупо онро ба ренусонс бурда буд.

Оё ларзаҳои бархоста аз шуюъи вируси COVID-19 низ метавонад гароишҳои популистиро маҳор карда ва ба ҳукмронии андешаи популистӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон поён диҳад?

Робитаи популизм ва куруно яке аз он арсаҳое аст, ки зарфи моҳҳои гузашта ба таври васеъ дар маркази таваҷҷӯҳи бисёре аз таҳлилгарон дар ҷаҳон қарор гирифтааст.

Бархе аз таҳлилгарон бо ишора ба амалкарди заъифи давлатҳои Омрико ва Бритониё дар муқобила бо бемории куруно, аз бунбасти популизм дар ҷаҳон сухан гуфтаанд ва бархе дигар раҳоӣ аз андешаҳои популистӣ дар даврони пасокуруноиро амре мӯҳтамал донистаанд. Аммо оё ба ростӣ метавон таъсири куруно бар популизмро таъсире вайронгар ва чӣ басо маргбор донист?

Пеш аз пардохтан ба робита байни популизм ва куруно бояд байни андешаҳои популистӣ ва амалкарди сиёсатмадорони популист дар ҷаҳон тафовут қоил шуд. Аз ин рӯ, бояд таъсироти эҳтимолии куруно бар популизмро дар ду арсаи мутафовит пай гирифт: популизм ҳамчун як гароиши сиёсӣ ва популизм ҳамчун як равиши ҳукмронӣ.

Таҳлилҳои мунташиршуда дар бораи популизм ҳикоят аз он доранд, ки наметавон ба популизм ба унвони як гароиши сиёсии воҳид нигарист. Популизм метавонад бо гароишҳои сиёсии бас мутафовите ҳамроҳ шавад. Аз популизми динӣ то популизми носиюнолистӣ, аз гароиши популистӣ ва чапи ҷунбиши Подемус (Podemos) дар Испониё то популизми рости ифротии Родригу Дутерте (Rodrigo Duterte) дар Филипин.

Кам нестанд таҳлилгароне, ки бӯҳрони бархоста аз бемории куруноро аз манзари иқтисодӣ бо паёмадҳои бӯҳрони молии соли 2008 ва ҳатто бӯҳрони иқтисодии солҳои 1929 то 1932 муқоиса кардаанд. Бӯҳронҳое, ки таъсире амиқ бар иқтисоди ҷаҳонӣ доштанд.

Аммо ин муқоиса, амалан доманаи таъсироти бемории куруноро танҳо ба арсаи иқтисодӣ ва молии он фурӯ мекоҳад. Густараи таъсироти бемории куруно, фаротар аз ҳаёти иқтисодии кишварҳо ва муносиботи бозаргонии байналмилалӣ буда ва амалан ҳавзаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоиро низ шомил мешавад.

Бинобар ин, посухи ин пурсиш, ки оё ҷаҳони пасокуруноӣ ҷаҳоне мутафовит аз ҷаҳони кунунӣ хоҳад буд, бетардид мусбат аст. Аммо касе ба дурустӣ намедонад, ки доманаи ин тафовут ва дигаргунӣ чӣ хоҳад буд.

Кес Муд (Cas Mudde) яке аз андешамандоне аст, ки ба падидаи ифротгароӣ ва популизм дар Омрико ва Урупо пардохтааст. Ӯ дар мақолае, ки ахиран барои рӯзномаи Guardian навишта, бӯҳрони молии бархоста аз бемории куруноро бо бӯҳрони молии соли 2008 муқоиса карда ва эълом кардааст, ки дар он ҳангом низ бисёре аз таҳлилгарон аз таҳаввулоти амиқи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳон пас аз он бӯҳрони молӣ сухан гуфта буданд.

Пешбиниҳое, ки амалан муҳаққақ нашуданд. Ба бовари Кес Муд, бонкҳои Омрико пас аз поёни он бӯҳрон муҷаддадан бузургу бузургтар шуданд, қудрати Wall Street идома ёфт ва ҳатто донадуруштҳои масъули бӯҳрони молии Омрико ҳеч як зиндонро аз дарун таҷриба накарданд. Ӯ хостори хештандории таҳлилгарон дар ироаи пешбиниҳое перомуни бунбасти популизм ва ё марги популизм дар асари шуюъи бемории куруно шудааст.

Амалкарди сиёсатмадорони популист

Нигоҳи таҳлилгарон бештар мутаваҷҷеҳи амалкарди Дунолд Тромп ва Бурис Ҷонсун дар муқобила бо бемории куруност. Ҳол он ки амалкарди сиёсатмадорони популист дар муқобила бо бемории куруно танҳо ба ин ду нафар маҳдуд намешавад.

Қудратгирии Тромп дар Омрико ва пирӯзии популистҳо дар Бритониё дар ҷараёни реферондуми Бригзитро наметавон сирфан ношӣ аз “раъйи эътирозӣ”-и мардум ба сиёсатҳои ҷории ин кишварҳо донист.

Тромп замоне дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико ба пирӯзӣ расид, ки иқтисоди Омрико зарфи 8 соли ҳукумати Борок Убомо дар мавқеияти бисёр хубе қарор дошт. Иқтисоди Омрико 8 сол ба таври паёпай шоҳиди рушд буд. Пирӯзии Нойҷел Форож (Nigel Farage) ва популистҳое ҳамчун Бурис Ҷонсун дар моҷарои реферондуми хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Урупо низ дар лаҳзае касб шуд, ки иқтисоди Бритониё бо падидаи рушд рӯ ба рӯ буд.

Аз ин манзар наметавон рушд ва тақвияти гароишҳои популистӣ дар Урупои ғарбӣ ва Омрикоро ношӣ аз бӯҳронҳои молӣ донист. Аз он ҷумла метавон ба афзоиши нуфузи ҳизби популисти “Олтернотиве барои Олмон” ишора кард. Ин ҳизб дар шароите бар доманаи нуфузи худ афзуд, ки иқтисоди Олмон бисёр қавитар аз дили бӯҳрони молии соли 2008 берун омада буд.

Инки чаро ва чӣ гуна гароишҳои популистӣ дар ҷаҳон тақвият шуданд, як мавзӯъ аст ва ин ки бемории куруно аз чунон зарфияте бархӯрдор аст, то барои сиёсатмадорони популист табдил ба чолише бузург шавад, мавзӯъи дигар.

Амалкарди Тромп дар Омрико ва сиёсатҳои Жоир Булсунору (Jair Bolsonaro), раисиҷумҳури Бразил аз як сӯ ва сиёсатҳои давлати Бурис Ҷонсун дар Бритониё дар арсаи муқобила бо шуюъи бемории куруноро метавон намунаҳое аз сиёсатҳои популистӣ дар муқобила бо куруно донист.

Дунолд Тромп муддатҳо бемории куруноро як бемории хафиф арзёбӣ карда буд, ки тавассути расонаҳо табдил ба ғуле шудааст. Ӯ бо ташдиди маҳдудиятҳо дар Омрико мухолифат варзида ва аз тазоҳуроти мухолифони маҳдудиятҳои иҷтимоӣ ошкоро ҷонибдорӣ кардааст. Булсунору ҳатто шахсан дар тазоҳуроти мухолифони ин маҳдудиятҳо дар Бразил ширкат карда буд.

Дар Бритониё низ вазири беҳдошту дармони давлати Ҷонсун, Мат Ҳенкук (Matthew Hancock) амалан ногузир шуд аз мавозеъи мушовири умури пизишкии давлат, Потрик Велонс фосила бигирад. Велонс танҳо роҳи муқобила бо бемории куруноро ибтилои 40 милюн аз шаҳрвандони Бритониё ба ин беморӣ дониста буд. Он чи ки дар бораи он амалан сукут шуда буд, шумори қурбониёни иҷрои чунин сиёсате буд. Бар асоси арзёбиҳо, чунин сиёсате метавонист ба баҳои ҷони 250 ҳазор нафар танҳо дар Бритониё тамом шавад.

Шумори болои қурбониён дар Омрико ва Бритониё ба интиқодҳои бисёре алайҳи сиёсати давлатҳои ин ду кишвар доман задааст.

Нокоромадии давлати Тромп ва Ҷонсун дар муқобила бо бемории куруно ба ҳадде будааст, ки бисёре аз таҳлилгарон дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ натоиҷи ҳосил аз иҷрои чунин сиёсатеро бунбасти популизм дониста ва Моркус Фелденкиршен (Markus Feldenkirchen) дар мақолае, ки барои Spiegel навиштааст, аз омезиши маргбори популизм ва вируси COVID-19 сухан гуфтааст.

Куруно ва посухи мутафовити популистҳо

Чунонки гуфта шуд, популизм як ҷаҳонбинӣ, як рӯйкарди воҳид нисбат ба ҷаҳон нест. Фарид Закариё, назарияпардоз ва хабарнигори нашрияи Time, популизмро ҳамчун гароише алайҳи либеролизм таъриф кардааст. Ҳол он ки Херт Вилдерз (Geert Wilders), популисти номошнои Ҳуланд, бо шиорҳои либеролӣ барои арзишҳои либеролии ҷомеаи Ҳуланд ба майдон омадааст.

Дар ҳоле ки Херт Вилдерз мушкиле бо масрафи маводди мухаддир дар Ҳуланд надорад, Родригу Дутерте, раисиҷумҳури Филипин дар мубориза бо қочоқи маводди мухаддир иқдом ба эъдом ва куштани ҳазорон нафар намудааст.

Кес Муд аз ин рӯ, аз популизм ба унвони чизе сухан гуфта, ки метавонад ба ҳар навъ ҷаҳонбинӣ ва гароиши сиёсӣ бичасбад. Аз ин манзар, популизм ҷараёне воҳид ва мутаъаллиқ ба гароишҳои рост ва носиюнолист нест ва метавонад боварҳои чапро низ дарбар гирад.

Дар иртибот бо куруно, раҳбарони популисти аҳзоб ва давлатҳои мухталиф вокунишҳои гуногуне аз худ нишон додаанд. Дар ҳоле, ки амалкарди Тромп ва Ҷонсун дар муқобила бо куруно ҳамарӯза аз сӯи расонаҳои озоди кишварҳои Омрико ва Бритониё мавриди нақд қарор гирифтааст, дар бархе дигар аз кишварҳо, раҳбарони популист фориғбол сиёсатҳои худро дунбол кардаанд.

Бархе аз раҳбарон бо баҳра гирифтан аз бӯҳрони куруно бар маҳдудиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар кишварҳои худ афзудаанд. Норендро Мудӣ, нахуствазири Ҳинд ва раҳбари ҳизби носиюнолисти Бҳоротиё Ҷоното, аз куруно барои ором кардани фазои сиёсии ин кишвар ва поён додан ба эътирозоти сиёсӣ дар Ҳинд баҳра гирифтааст.

Дар кишварҳои Урупои шарқӣ ва аз он ҷумла дар Маҷористон (Венгрия) ва Лаҳистон (Полша), ба рағми поин будани доманаи шуюъи бемории куруно, давлатҳои ин ду кишвар бар густараи контроли сиёсии худ бар фаъолияти аҳзоб ва расонаҳо афзудаанд.

Кес Муд аз ин рӯ бар ин бовар аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба рӯйкарди мутафовити раҳбарони популист дар қиболи бӯҳрони куруно, наметавон сарнавишти воҳиде барои онон дар даврони пасокуруноӣ қоил шуд.

Таҳлилгари рӯзномаи Guardian менависад, ки бархе аз популистҳо ба иллати амалкарди номуваффақи худ дар маҳори бӯҳрони ношӣ аз куруно, қатъан осеб мебинанд, ҳол он ки шояд бархе дигар дар ҳамин робита ҳатто тақвият шаванд ва ё вазъияташон тафовути чандоне бо давраи пеш аз шуюъи куруно накунад.

Бо таваҷҷӯҳ ба таҳлили Кес Муд, пешбинии поёни гароишҳои популистӣ ва шикасти популизм дар даврони пасокуруноӣ, мантиқӣ ва воқеӣ нест. Ба сухани дигар, поёни давраи зимомдории ин ё он раҳбари популист ба маънои нобудӣ ва поёни популизм нест.

Deutsche Welle

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.