Ислом

Чанд гуфтор аз ҳазрати Паёмбар (с)

Тавозӯъ, гузашт ва садақа

Паёмбари Акрам (с) фармудаанд:

التَّوَاضُعُ لا يَزِيدُ الْعَبْدَ إلاَّ رِفْعَةً فَتَوَاضَعُوا يَرْفَعْكُمُ اللهُ، وَالْعَفوُ لا يَزِيدُ الْعَبْدَ إلاَّ عِزاًّ فَاعْفُوا يُعِزُّكُمُ اللهُ، وَالصَّدَقَةُ لا تَزِيدُ الْمَالَ إلاَّ كَثْرَةً فَتَصَدَّقُوا يَرْحَمْكُمُ اللهُ

«Тавозӯъ ва фурӯтанӣ ҷуз бар воломақомӣ намеафзояд, пас тавозӯъ кунед, ки Худо мартибаи шуморо боло барад. Ва афву гузашт ҷуз бар иззату сарбаландӣ намеафзояд, пас гузашт кунед, ки Худо шуморо азиз гардонад. Ва садақа ҷуз бар зиёдии мол намеафзояд, пас садақа бидиҳед, ки Худо шуморо раҳмат кунад.» (Эҳёи улуми дин, Ғазолӣ, ҷ.3, саҳ.289)

* * *

Ғайбат бадтар аз зиност

Паёмбари Акрам (с) мефармоянд:

إِيَّاكُمْ وَالْغِيْبَةَ فَإِنَّ الْغِيْبَةَ أَشَدُّ مِنَ الزِّنَى، فَإِنَّ الرَّجُلَ قَدْ يَزْنِي وَيَتُوبُ فَيَتُوبُ اللهَ سُبْحَانَهُ عَلَيْهِ وَإِنَّ صَاحِبَ الْغِيْبَةِ لا يُغْفَرُ لَهُ حَتَّى يَغْفِرَ لَهُ صَاحِبُهُ

«Барҳазар бошед аз ғайбат кардан, зеро ғайбат бадтар аз зиност; чаро ки мард, ки зино мекунад, метавонад тавба кунад ва Худо тавбаашро бипазирад, аммо ғайбаткунанда то замоне, ки ғайбатшуда ӯро набахшад, Худо ӯро нахоҳад бахшид.» (Эҳёи улуми дин, Ғазолӣ, ҷ.3, саҳ.225)

* * *

Подоши тарккунандаи ҷидол

Паёмбари Акрам (с) фармудаанд:

مَنْ تَرَكَ الْمِرَأَ وَهُوَ مُحِقٌّ بُنِيَ لَهُ بَيْتٌ فِي أَعْلَى الْجَنَّةِ، وَمَنْ تَرَكَ الْمِرَأَ وَهُوَ مُبْطِلٌ بُنِيَ لَهُ بَيْتٌ فِي رَبَضِ الْجَنَّةِ

«Ҳар кӣ мироу ҷидолро тарк кунад, дар ҳоле ки бар ҳақ ҳам бошад, барояш манзиле дар волотарин мақоми биҳишт сохта шавад. Ҳар кӣ мироу ҷидолро тарк кунад, дар ҳоле ки ботил аст, барояш манзиле дар мирбози биҳишт сохта хоҳад шуд.» (Эҳёи улуми дин, Ғазолӣ, ҷ.3, саҳ.185)

Ва ҳам эшон (с) фармуда:

لا يَسْتَكْمِلُ عَبْدٌ حَقِيقَةَ الإِيمَانِ حَتَّى يَدَعَ الْمِرَأَ وَإِنْ كَانَ مُحِقاًّ

«Банда ба камоли имони ҳақиқӣ намерасад, магар мироу ҷидолро тарк кунад ҳарчанд бар ҳақ бошад.» (Ҳамон манбаъ)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.