Дидгоҳ

Чанд нукта перомуни тавҷеҳоти бархе муллоҳо аз “фатвои” ахири Эмомалӣ Раҳмон

Сайидюнуси Истаравшанӣ

“Фатвои” ахири раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мабнӣ бар ин ки “дар осори донишмандони фиқҳи ҳанафӣ зикр шудааст, шахсоне, ки ба корҳои вазнин машғуланд, аз ҷумла кишоварзон ва коргарони коргоҳу корхонаҳо рӯза нагирифтанашон мумкин аст”, ҳамон тавр ки пештар ҳам ишора карда будам, дуруст нест. Ва фаҳми нодуруст будани ин “фатво” барои як муллои босавод чандон сахту душвор ҳам нест, бинобар ин ман фикр мекардам муллоҳои босаводи Тоҷикистон қатъан мавзеъ мегиранд ва бо забони нарму мулойим ба раисиҷумҳур ё атрофиёнаш гӯшзад мекунанд, ки ин изҳори назарро лоақал ислоҳ кунад.

Вале дар яке ду рӯзи ахир дидам баръакс на танҳо гӯшзад накарданд, балки ин “фатво”-ро тавҷеҳ мекунанд ва барояш “далел” ҳам меоваранд. Аз ин рӯ, бар худ воҷиб донистам боз ҳам як бори дигар ба он бирпардозам ва нодуруст будани онро баён бидорам.

Дар оғози ин навиштор, лозим аст хидмати ин муллоҳои азиз ва ба хусус Шӯрои мӯҳтарами уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон арз бидорам, ки: ҳеч ғаразе ба ҷуз баёни ҳақиқат ва дифоъ аз шариати муҳаммадӣ (с), бар сар надорам. Як инсони огоҳ ба маорифи исломӣ, вақте бибинад бо аҳкоми шаръӣ бозӣ мешавад, бар ӯ воҷиб аст ҳақиқатро баён бидорад, дар ғайри ин сурат, хиёнат кардааст.

Матолибе, ки дар ин навиштор ба баёни онҳо хоҳам пардохт, бад-ин шарҳанд:

1) Ҳар гузора ё дастури фиқҳӣ, ки муҷтаҳидон ва фақеҳон онро аз манобеъи фиқҳӣ (Қуръон, суннат, иҷтимоъ ва қиёс) истинбот карда ва баён медоранд, аз ду бахш иборат аст: мавзӯъ ва ҳукм. Масалан, дар ин гузора: “Намоз фарз аст”, намоз мавзӯъ ва “фарз аст” ҳукми он мебошад.

Кори як фақеҳ ва муфтӣ ин аст, ки ҳукмро (бо истинбот аз манобеъи фиқҳӣ) барои мавзӯъе баён мекунад, масалан мегӯяд:

الْمَرِيضُ إذَا خَافَ على نَفْسِهِ التَّلَفَ أو ذَهَابَ عُضْوٍ يُفْطِرُ بِالْإِجْمَاعِ

Бемор агар бим дорад (ки дар сурати рӯза гирифтан) ҷонаш талаф мешавад яъне ҳалок ва нобуд мешавад ва ё узве аз аъзои баданаш аз байн меравад, ба иттифоқ, ӯ рӯзаашро мехӯрад…” (Фатовои Ҳиндия, ҷ.1, с.227)

Дар ин мисол, ҳукм “хӯрдани рӯза” аст, ва мавзӯъ “беморе, ки бим дорад ҷонаш ё узве аз аъзои баданаш талаф мешавад” аст.

Мавзӯъҳо ҳамеша дар қолаби “унвонҳои куллӣ” оварда мешаванд; унвонҳои куллие, ки қобили татбиқ бар афроди мутаъаддид ҳастанд. Дар ҳамин мисол, “беморе, ки бим дорад ҷонаш ё узве аз аъзои баданаш талаф мешавад”, ки мавзӯъ аст, як унвони куллӣ аст, ки бар Зайд, Амр, Холид ва… қобили татбиқ аст.

Ҳол, фақеҳ ва муфтӣ, ки гуфтем кораш баёни ҳукм аст, вазифааш дар робита бо мавзӯъ, фақат ин аст, ки онро ба ҳамон “унвони куллӣ”-аш меоварад, на ин ки афроди онро таъйин кунад. Таъйину ташхиси афроди мавзӯъ, бар ӯҳдаи худи инсон аст. Бинобар ин аст, ки дар “Фатовои Ҳиндия” пас аз баёни ҳукми ҷоиз будани хӯрдани рӯза барои бемор, ки дар боло ба унвони мисол зикр кардем, дар идома мегӯяд:

ثُمَّ مَعْرِفَةُ ذلك بِاجْتِهَادِ الْمَرِيضِ وَالِاجْتِهَادُ غَيْرُ مُجَرَّدِ الْوَهْمِ بَلْ هو غَلَبَةُ ظَنٍّ عن أَمَارَةٍ أو تَجْرِبَةٍ أو بِإِخْبَارِ طَبِيبٍ مُسْلِمٍ غَيْرِ ظَاهِرِ الْفِسْقِ كَذَا في فَتْحِ الْقَدِيرِ

Шинохти он (мавзӯъ), ба иҷтиҳоди худи бемор аст. (Яъне худаш бояд ташхис диҳад, ки бемории ӯ оё ба ҳадде ҳаст, ки агар рӯза бигирад талаф мешавад ё на). Ва ин ташхис фақат як пиндори холӣ ҳам нест, балки ё гумони ғолиб аст — ки сарчашмаи ин гумон амора (нишонӣ) ё таҷриба аст – ва ё ин ки як табиби мусалмони зоҳиран ғайрифосиқ ба ӯ гуфта бошад (ки бемориат хатарнок аст)...” (Фатовои Ҳиндия, ҷ.1, с.227)

2) Дар мавриде ҳам, ки фатво гуфта бошад: “Касе, ки кораш машаққатовар буда ва тарси талаф (нобудӣ) дорад агар рӯза бигирад, ӯ метавонад рӯзаашро бихӯрад”, мавзӯъ дар инҷо дар қолаби як “унвони машрут” оварда шуда ва муфтӣ ҳам вазифааш фақат баёни мавзӯъ ба “унвони машрут”-и он аст (яъне ба ин сурат: “Касе, ки кораш машаққатовар буда ва тарси талаф дорад агар рӯза бигирад”), аммо ин ки афроди ин “унвони машрут” чӣ касоне ҳастанд, ки оё Амр аст, Холид аст, Зайд аст ва ғайра.., ин дигар бар ӯҳдаи худи Амру Зайду Холид аст, на фақеҳ ё муфтӣ.

Бинобар ин, фақеҳ ё муфтӣ ва ё ҳар касе дигар, ҳақ надорад масалан бигӯяд, ки кишоварзон ё фалон қишр аз ҷомеа метавонанд рӯзаашонро бихӯранд, ба ин далел ин ҳақро надоранд, ки мавзӯъи ҳукм иборат аст аз: “Касе, ки кораш машаққатовар буда ва тарси талаф дорад агар рӯза бигирад” аст, на хусуси “кишоварзон” ё “коргарон”. (Диққат шавад!) Ва агар як фақеҳ дар китоби худ пас аз баёни ҳукми мазкур, сухан аз кишоварзон, нонвойҳо, оҳангарон ва коргарони маъданҳо ба миён оварда бошад, ӯ ин гурӯҳҳоро фақат ба унвони мисол оварда, ки дар миёни ин қишрҳо афроде ёфт мешаванд, ки метавонанд рӯзаашонро бихӯранд, на ин ки ин гурӯҳҳоро ба унвони “мавзӯъи” ҳукм зикр карда бошад. Ба ин иборати Ваҳба Зуҳайлӣ ба нақл аз Абӯбакри Оҷурӣ (р) диққат кунед:

قال أبو بكر الآجري: من صنعته شاقة، فإن خاف بالصوم تلفاً، أفطر وقضى إن ضره ترك الصنعة

Абӯбакри Оҷурӣ (р) гӯяд: касе, ки кораш бомашаққат аст, агар тарси талаф дорад дар сурати рӯза гирифтан, ӯ рӯзаашро мехӯрад ва қазои онро мегирад агар тарки кор барои ӯ мӯҷиби зарару зиён шавад…” (Алфиқҳул-исломӣ ва адиллатуҳу, 3//79, Ашшомила)

Таваҷҷӯҳ доред, ки ҳукм рӯи як “мавзӯи машрут” аст, ки таъйину ташхиси афроди ин мавзӯъ бар ӯҳдаи худи мукаллаф аст. Яъне ҳар инсони дорои амали бомашаққат, чӣ кишоварз аст вай, чӣ нонвой, чӣ оҳангар ва ғайра, дар сурати рӯза гирифтан, тарси талаф (нобудӣ) ва зарару зиён дошта бошад, ӯ метавонад рӯзаашро бихӯрад. Аммо оё ҳамаи соҳибони амалҳои бомашаққат агар рӯза гиранд, хавфи талаф ва зарару зиён бар онҳо меравад? Қатъан на. Бинобар ин аст, ки Ваҳба Зуҳайлӣ дар идома мегӯяд:

وقرر جمهور الفقهاء أنه يجب على صاحب العمل الشاق كالحصاد والخباز والحداد وعمال المناجم أن يتسحر وينوي الصوم، فإن حصل له عطش شديد أو جوع شديد يخاف منه الضرر، جاز له الفطر، وعليه القضاء، فإن تحقق الضرر وجب الفطر

Ҷумҳури фуқаҳо муқаррар кардаанд, ки бар соҳиби кори машаққатовар – мисли касоне, ки кишт медараванд, нонвойҳо, оҳангарон, коргарони маъданҳо – воҷиб аст, ки саҳар бихӯранд ва нияти рӯза кунанд. Он гоҳ, (рӯзона ва ҳангоми кор) агар барои онҳо ташнагӣ ё гуруснагии шадид ҳосил шавад ба ҳадде, ки хавфи зарару зиён бикунанд, дар ин сурат аст, ки рӯза хӯрдан бар эшон ҷоиз мешавад ва (дар айёми дигар) қазо мегиранд. Ва дар сурати ҳосил шудани зарару зиён, асосан хӯрдан воҷиб мегардад…” (Алфиқҳул-исломӣ ва адиллатуҳу, 3//79, Ашшомила)

Азизон таваҷҷӯҳ доранд, ки меъёр дар ҷоиз будани хӯрдани рӯза барои соҳибони корҳои бомашаққат, “хавфи талаф ва зарару зиён” аст, на ин ки “кишоварз будан” ё “нонвой будан” ё “оҳангар будан” мавзӯъият дошта бошад.

2) Бо таваҷҷӯҳ ба он чи баён гардид, инак нодуруст будани “фатвои” раисиҷумҳур, ки мутаассифона баъзе аз муллоҳо тавҷеҳаш мекунанд, равшан мешавад. Зеро Раҳмон дар воқеъ афроди мавзӯъро таъйин мекунад. Ин ки мегӯяд: “Шахсоне, ки ба корҳои вазнин машғуланд, аз ҷумла кишоварзон ва коргарони коргоҳу корхонаҳо рӯза нагирифтанашон мумкин аст.”, ин таъйини афроди мавзӯъ аст. Бинобар ин аст, ки банда дар суханронии пешин, арз доштам, ки мо дар китобҳои фиқҳӣ аслан чунин чизе надорем, ки фуқаҳо хӯрдани рӯзаро барои “хусуси кишварзон ва коргарон” ҷоиз шумурда бошанд.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.