Дидгоҳ

Ҷуръати як эроди кӯчак гирифтан ба раисҷумҳури худро доред?

Ёддошти Исфандиёри Одина

Бисёре аз касоне, ки имрӯзҳо бар намояндаи Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ метозанд (дар ҳоле ки поёни маъмурияташ асту меравад), чиро ёрои як эроди кӯчак гирифтан ба раисҷумҳури худро надоред? Расиҷумҳуре, ки худатон борҳо «интихобаш» кардед ва пешвояш ҳам эълом кардед!

Магар масъули ҳифзи саломатии ин миллат давлат ва раисҷумҳураш нест? Бар асоси Қонуни асосӣ, амнияти ҷону равону молу ҳоли мардумро кӣ бояд таъмин кунад? Як табаъаи хориҷӣ, ки барои муддати кӯтоҳе дар як созмони байналмилалӣ истихдом шуда, ё раиси ҷумҳуру вузарову руасои худи шумо?

Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ дар оғози моҳи март аз давлати Тоҷикистон хоста буд, ки маросиме пуриздиҳом монанди Наврӯз ва мусобиқоти варзишии муртабит бо онро баргузор накунад, аммо Раҳмон гӯш кард?

Фарзан, агар намояндаи ин созмон дар Тоҷикистон бо вуҷуди надоштани мадрак ва иттилоъ дар дасташ эълон мекард, ки дар Тоҷикистон бемории куруно ҳаст, чи мешуд? Магар давлати Тоҷикистон сиёсатҳои ғалаташро ъиваз мекард ва аз ҳамон оғоз қарантине эълом мекард?

Ҳамин ҳоло, ки эълом шуда, магар давлат қарантине эълом кард? Раҳмон ба мардум мегӯяд, ки биравед дар мазореъ кор кунед, то захираи маводди ғизоии дусоларо ҷамъ кунед! Пас, ин зан барои эълом накардани мавҷудияти вируси куруно дар Тоҷикистон ва барои сиёсатҳои ғалати давлати мустабидди ин кишвар аслан масъул нест!

Бисёре аз мардуми мо ъодат доранд бар касе битозанд, ки дар мавқеъияте заъифтар аст, ва ҳунари рӯёрӯӣ бо масъули аслии бадбахтиҳои худро надоранд! Агар касе бо мушти гиреҳзада ва муҳкам бар сарашон соя андозад, барои ъиддаи касире мавриди эҳтиром аст ва дар мадҳу ситоиши ӯ доди сухан медиҳанд. Вале касе, ки бар замин уфтода бошад ва дигар тавони бархостан надорад, ҳадафи мушту лагади инҳо қарор мегирад.

Ин як беъадолатии тамомъиёр аст! Беъадолатие, ки монеъи раҳоӣ ва растагорӣ ва пешрафти миллати мо шудааст!

Мо то наомӯзем, ки бо беъадолатӣ чигуна бархӯрд кунем, онро чигуна ба чолиш кашем, чи тур ъаолатро бар маснади худаш биншонем, ҳаргиз ба ҳеч пешрафте нахоҳем расид.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.