Осиёи Марказӣ

Руҳонӣ дар гуфтугӯ бо Раҳмон: “Омодагӣ дорем ниёзҳои Тоҷикистонро ба унвони кишвари дӯсту бародар бартараф кунем”

Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои тоҷики худ, бо ишора ба муваффақиятҳои кишвараш дар тавлиди абзорҳои ташхиси куруно ва дигар таҷҳизоти мавриди ниёз дар муқобила бо куруно, изҳор дошт: “Омодагӣ дорем дар ҳадди тавон, ниёзҳои Тоҷикистонро ба унвони кишвари дӯсту бародар дар ин росто бартараф кунем.”

Ба гузориши хабаргузории Ирно, Ҳасани Руҳонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон бо табрики мутақобили фаро расидани моҳи Рамазон ва орзуи қабули ибодоти ду миллат дар ин моҳ, охирин вазъияти равобит ва ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистонро дар бахшҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раисони ҷумҳури Эрон ва Тоҷикистон ҳамчунин бо ишора ба шуюъи бемории куруно ва сахтиҳо ва мушкилоте, ки ин беморӣ барои аксари кишварҳои ҷаҳон ба вуҷуд овардааст, бар лузуми талош ва таъомули масъулони ду кишвар барои тавсиъаи ҳамкориҳо ва интиқоли таҷрибиёт дар ростои муқобила бо ин беморӣ, таъкид карданд.

Бар пояи ин гузориш, Руҳонӣ ва Раҳмон бо ишора ба иштирокоти таърихӣ, динӣ ва фарҳангии ду миллат ва равобити дӯстона ва бародаронаи ду давлат, бар зарурати тавсиъаи беш аз пеши ҳамкориҳо ва муносиботи фимобайн дар ростои таъмини манофеъи ду миллат таъкид карданд.

Ду тараф ҳамчунин талоши масъулони ду кишвар барои бозгашти равобити тиҷорӣ ва иқтисодии фимобайн ба риволи қаблиро ҳоизи аҳаммият унвон карданд ва афзуданд: “Ду миллат ва ду давлати Эрон ва Тоҷикистон ҳамвора дар канори ҳам буда ва хоҳанд буд.”

Ҳасани Руҳонӣ бо ишора ба муваффақиятҳои кишвараш дар тавлиди абзорҳои ташхиси куруно ва дигар таҷҳизоти мавриди ниёз дар муқобила бо куруно, изҳор дошт: “Омодагӣ дорем дар ҳадди тавон, ниёзҳои Тоҷикистонро ба унвони кишвари дӯсту бародар дар ин росто бартараф кунем.”

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ бо таҷлил аз муваффақиятҳои Эрон дар мубориза бо бемории куруно ва ҳидоятҳои давлат дар ин росто, гуфт: “Густариши беш аз пеши равобит ва ҳамкориҳо бо Эрон яке аз сиёсатҳои калидии Тоҷикистон дар муносиботи хориҷӣ аст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.