Ҳуқуқи башар

Хешовандони зиндониён аз ҷумла писари Зайд Саидов, хостори озодии зиндониҳо шуданд

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Родию Озодӣ, Хайрулло Саидов, писари соҳибкор ва сиёсатмадори зиндонӣ Зайд Саидов мегӯяд, вазъи саломати падараш дар зиндон бад шуда, «нишонаҳои монанд ба куруновирус«-ро дорад.

Бар пояи ин гузориш, Хайрулло Саидов аз мақомоти Тоҷикистон хост, дар замони пондемии куруновирус маҳбусони синнашон аз 60-сола болоро озод кунанд. Айни чунин дархостро наздикони бархе аз маҳбусони тоҷик аз Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ кардаанд.

Мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки беш аз 20 маҳбусро бо таби баланду дарди гулӯ ба карантин гирифтанд, вале масъалаи озодии онҳо дар баррасӣ нест.

Хайрулло Саидов муроҷиаташро ба мақомот рӯзи 6-уми май дар Фейсбук нашр кард: «Нишонаҳои бемории падарам ба гирифтории куруновирус монанд буд. Ба болои ин, ахиран дарди меъдааш шиддат гирифтааст

Саидов рӯзи чаҳоршанбе дар сӯҳбати ҷудогона ба Родию Озодӣ гуфт, Тоҷикистон метавонад ба монанди кишварҳои дигар муваққатан зиндониҳоро ба хонаҳояшон ҷавоб диҳад ва аз густариши куруновирус пешгирӣ кунад. Ӯ афзуд: “Бисёре аз наздикони зиндониҳо аз хатари паҳншавии вируси нав дар кишвар нигаронанд, вале бештар аз он аз вазъи наздиконашон маҳбас дар ташвишанд.”

Ба навиштаи Озодӣ, Зайд Саидов соли 2013, баъд аз таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав», ки тарафдори ислоҳот дар кишвар буд, дастгир ва дар доираи чанд парванда ба 29 соли зиндон маҳкум шуд. Аммо ӯ ва тарафдоронаш ҳукми зиндонро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Бар асоси гузориши Озодӣ, охири ҳафтаи гузашта пайвандони чанде аз маҳбусон низ бо фиристодани номае ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хостори беҳбуд бахшидани вазъ дар зиндонҳои Тоҷикистон ва озодии афроди гуноҳашон «сабук» ва аз 50-сола боло шуданд.

Як ҳайати мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон аст ва бо вазъи беҳдоштии кишвар дар шароити пандемияи куруновирус аз наздик ошно мешавад.

Дар нома гуфта шудааст, ки «теъдоди гирифторони бемории илтиҳоби шуш дар зиндонҳо ба 200 нафар расид ва вазъи 50 нафари онҳо сангину шароити табобат маҳдуд аст.»

Шӯҳрати Раҳматулло, писари Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии Ҳизби наҳзати исломӣ, мегӯяд, аз вазъи наздиконашон нигаронанд ва расидагии СҶТ ба ин масъаларо хостаанд.

Вай гуфт, зери нома Ҷамшед Ёров — бародари вакили дифои зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров, Фирӯзи Маҳмадалӣ — писари Маҳмадалӣ Ҳайит, Ҳисом Зубайдуллозода — писари Зубайдуллоҳи Розиқ, Мухамадиқбол Ҳисайнов — писари Саидумар Ҳусайнӣ, Гулбарг Сайфова — ҳамсари Умаршоҳ Давлатов ва дигарон имзо гузоштаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.