Забон ва адабиёт

Сугномаи Сиёвуш Ҷунайдӣ барои шодравон Муҳаммадалӣ Аҷамӣ

Салом ва дуруд бар ту азиз дилу дидаи ман Муҳаммадалӣ Аҷамӣ. Намегӯям видоъ ва бидруд! Мегӯям, салом ва дуруд, зеро ту салому дуруди Худовандро лаббайк гуфтӣ ва биштофӣ.

Мо солҳоро дар канори ҳам зиндагӣ кардем, солҳоеро бо ҳам дар ниҳодҳои давлатӣ кор ва ҳамкорӣ кардем, вале якдигарро нашинохтем.

Рӯҳе беқарору исёнгар доштӣ, ки барои ман нашнохта ва нашнохтанӣ буд ва ҳамчунон нашнохта боқӣ монд.

Ман медидам ва медонистам, ки ту касе ҳастӣ, ки фақат ва фақат барои шеър гуфтан ба ин дунё омадааст.

Ту ба ҳама маънои ин калима Шоъир будӣ!

Аммо чӣ чора, ки ин дунёи мо қавонину қавоиди худро дорад, ки бо шеъру шоирӣ аслан бегона аст.

Ту аз амсоли Шандор Петефи, Сергей Есенин, Бозор Собир будӣ, ки ҳамеша дар фикри Халқ, дар фикри мардум буданд ва ва аммо бар суолҳои худ посухе нагирифтанд.

Ҳоло, ки ту аз мо рафтӣ, ба абадият пайвастӣ ва билохира посухи худатро дар бораи ин ҳалқ ва ин миллат гирифтӣ, аз ту илтимоси дуъо дорам дӯсти азиам…

Сафари ишқ

Он сар, ки роздори сари дор мешавад,

Аз шарҳи “Шарҳа-шарҳа” хабардор мешавад.

Эй осмон, бибор, бибор аз сари савоб

Дар боғ қадди Дӯст сапедор мешавад.

То Шаҳри Ишқ аз нафаси хеш пул бибанд

Рӯзе, ки чор сӯ ҳама девор мешавад.

Рӯзе, ки саф ба саф сафари ишқ меравем

Рӯзест кӯчаҳо ҳама гулбор мешавад,

Фасли шукуфтан аст!Чаро бешукуфаем?

Дар ид ҳам шукуфаи мо хор мешавад.

Дунё ҳамин ҳикояти лабханду гиря нест,

Дунё қиёматест, ки такрор мешавад.

* * *

Ашкам ба рӯйи гуна чу рагбор мешавад,

Дар ин баҳор, ёди ту ангор мешавад.

Чашм аз ҷамоли ишқ бубастӣ, вале бубин,

Чашми ту хобу рӯҳи ту бедор мешавад.

Эй Дӯст! Рафтани ту бурун аз ҳар он чи Ишқ,

Барномаест, к-ин ҳама водор мешавад.

Рафтан, ки нав набудаву мондан, ки тоза нест,

Бе ту чи нав?! Чи тозагӣ?! Такрор мешавад

Ин рафтанат набуд дар ойини дӯстӣ!

Ойина бе ту олами зангор мешавад.

Инак. Ту ҳам, бирафтӣву ин рафтанат ба хайр,

Рӯзе, ки чор сӯ ҳама девор мешавад.

Гуфтӣ ту эй азиз, дар он Инқилоби Ишқ

“Дар боғ қадди Дӯст сапедор мешавад!”

Имрӯз баъди ту, эй ташна, эй азиз

Ашкам ба рӯйи гуна чу рагбор мешавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.