Сиёсат

Омрико ҳампаймонони араби худро раҳо мекунад?

Ба назар мерасад, хуруҷи сомонаҳои зидди мушакии “Потриут” аз Арабистони Саудӣ пас аз тамоси телефонии таҳдидомези Тромп бо Бен Салмон, бад-ин маъност, ки Омрико дар ҳоли раҳо кардани муттаҳидони араби худ аст ва ё ин ки мехоҳад онҳоро барои хариди таслеҳоти бештар таҳти фишор бигузорад…

Ба гузориши Raialyoum, Арабистони Саудӣ тибқи одати худ, дар бораи гузоришҳои расонаӣ, ки дар бораи ҷабҳаи дохилии ин кишвар ё ҷангҳои хориҷии нафтӣ ё низомии он ифшо мешаванд, изҳори назар намекунад. Ин кишвар, ҳамон тавр ки мегӯяд, дахолат дар умурашро рад мекунад.

Масъалае, ки ба назар мерасад асабонияти Арабистони Саудиро барангехта ва ӯро водор ба инкори он кардааст, гузориши ахири хабаргузории Reuters буда, ки ба нақл аз манобеъи худ дар бораи тамоси телефонии Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико ва Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ, сухан гуфтааст.

Тибқи гузориши Reuters, Тромп бо вақоҳати бесобиқае ҳокими феълии Арабистони Саудиро таҳдид мекунад ва ҳушдор медиҳад дар сурате ки Арабистони Саудӣ ба коҳиши тавлиди нафти худ — дар чорчӯби набардаш бо Русия, ки боис шудааст қимати ҳар бушка нафт ба андозаи қимати як ваъда ғизои ночиз ё камтар аз он суқут кунад — иқдом накунад, дар муқобили ӯ низ нахоҳад тавонист қонунгузорони омрикоиро аз тасвиби қонуни хориҷ кардани нерӯҳои омрикоӣ аз Арабистони Саудӣ манъ кунад.

Риёз дар рӯёрӯӣ бо ин ифшогарии Reuters, билофосила дар иқдоме камсобиқа «шаффофсозӣ» кард; чаро ки ин амр марбут ба шоҳзода Муҳаммад бен Салмон будааст, ки тавассути ҳампаймони омрикоияш сареҳан таҳдид мешавад, ба ҳадде, ки ин шоҳзода аз дастёрони худ мехоҳад утоқро тарк кунанд, то ӯ битавонад баҳсро бо Тромп идома диҳад. Ин таҳдид шомили ақибнишинии нерӯҳои омрикоӣ ва хориҷ кардани сомонаи падофанди ҳавоии “Потриут” аз ин кишвар аст. Инкори ин гузориш тавассути Фаҳд Нозир, сухангӯи сафорати Арабистони Саудӣ дар Вошингтун дар сафҳаи корбариаш дар Твиттер, қобили таваҷҷӯҳ аст.

Тибқи иддаои Нозир, ин гузоришҳо комилан мазмуни муколимаро тағйир дода ва хилофи эҳтироми мутақобил байни ду мақомро мунъакис карда буд. Ин сухангӯ ҳамчунин дар твитти худ хотирнишон кардааст, ки ин гузоришҳои расонаӣ “иддаоҳои беасос ва нодуруст “ҳастанд.

Инкори Саудӣ дар бораи ин тамоси телефонии таҳдидомез мумкин аст маҷоли суол кардан дар ин замина ва воқеияти он чи байни ин ду ҳампаймон афтода ва ҳамчунин шакл ва моҳияти “эҳтироми мутақобил”-еро, ки Фаҳд Нозир аз он сухан гуфтааст, боз нигаҳ дошта бошад.

Арабистони Саудӣ баъд аз ин таҳдиди Тромп ва дар камтар аз 10 рӯз, бо Русия бар сари коҳиши таърихӣ ва баррасишудаи тавлиди нафти хом ба тавофуқ расид ва ҳатто Тромп ба шакли ғайримустақим, ба қудрати худ дар поён додан ба ихтилофот миёни Арабистони Саудӣ ва Русия ифтихор карда, ва он гуна, ки хабаргузории Bloomberg гузориш додааст, вале Тромп ба ин масъала ишорае накарда, ки бо чӣ шева ва равише Арабистони Саудиро ба ин тавофуқ муҷоб кардааст. Ин бад-он маъност, ки ҳукумати Риёз бидуни дар назар гирифтани лаҳни дархости омрикоиҳо, хостаҳои Тромпро иҷро кардааст.

Ба назар мерасад, умқ ва истеҳкоми равобити истротежики саудӣ-омрикоӣ, ки ҳудуди 75 сол қидмат дорад ва сухангӯи сафорати Саудӣ дар Вошингтун аз он сухан гуфтааст, ва низ ғарқ кардани бозорҳо бо нафт, барои Риёз кӯмакрасон набудааст; чаро ки ахиран вазири дороии Арабистони Саудӣ аз марҳилаи риёзати иқтисодӣ ва иттихози тадбирҳои шадид сухан гуфтааст; амре, ки саудиҳоро ба далели афзоиши бештари қиматҳо, эъмоли молиёт ва мутаваққиф шудани пружаҳои давлатӣ, нигарону музтариб кардааст. Ва дар ин миён, вируси куруно масъули аввали ин бӯҳрон муаррифӣ мешавад. Афзун бар инҳо, коҳиши чашмгири содироти нафтӣ ва ғайри нафтии Арабистони Саудӣ ва низ тасмими ин кишвар барои дарёфти вом ва афзоиши ҳазинаҳо ва бадеҳиҳои умумӣ, тарҳи “Чашмандози 2030”-ро таҳтушшуъо қарор додааст.

Рӯзномаи Wall Street Journal, ки аз манобеъи наздик ба маҳофили тасмимгиранда дар давлати Омрико маҳсуб мешавад, ба нақл аз масъулони омрикоӣ навишт, ки давлати Вошингтун қасд дорад сомонаҳои зидди мушакии “Потриут” ва теъдоде аз кормандони низомии ин кишварро аз хоки Арабистони Саудӣ хориҷ кунад. Дар ин гузориш омадааст, ки ин тасмими давлати Омрико метавонад ба манзилаи поёни тақвияти низомии Арабистон дар муқобили Эрон талаққӣ шавад.

Wall Street Journal ҳамчунин афзуд, Омрико дар ҳоли баррасии коҳиши “соири қобилиятҳои низомӣ”-и худ дар Арабистони Саудӣ аст.

Ба гуфтаи мақомҳои омрикоӣ, 4 сомонаи “Потриут” ва даҳҳо нафар аз кодри низомии омрикоӣ, ки пас аз ҳамлаи паҳподҳои ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ба таъсисоти нафтии Арабистони Саудӣ дар ин кишвар мустақар шуда буданд низ машмули ин тасмими Омрико хоҳанд шуд.

Қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки мақомҳои омрикоӣ ҳамчунин эълом карданд, ки омрикоиҳо мехоҳанд нерӯи дарёии ин кишварро дар халиҷи Форс коҳиш диҳанд.

Ин ақибнишинии Омрико боиси эҷоди суолҳое дар мавриди замони иҷрои он шудааст, ки ба назар мерасад дар ростои иҷрои таҳдидҳои Тромп будааст, ки хитоб ба шоҳзода Бен Салмон гуфта дар сурате ки Арабистони Саудӣ тавлиди нафтро коҳиш надиҳад, нерӯҳои омрикоиро аз ин кишвар хориҷ мекунад. Ваи ин бо вуҷуди он аст, ки Риёз аз тасмими худ барои ғарқ кардани бозорҳо аз нафт ақибнишинӣ кардааст.

Афзун бар ин, вазири дифоъи Омрико тасмим гирифт, сомонаҳои дифоъиро аз Кувайт, Баҳрайн ва Ӯрдун хориҷ кунад ва ҳамин амр низ заминаро барои тарҳи суолҳои баҳсбарангез дар бораи далоил ва замонбандии он эҷод кардааст, ки оё Омрико қасд дорад муттаҳидони номбурдаи худро раҳо кунад ё ин ки мехоҳад онҳоро барои муомилоти таслеҳотии бештар ва иҷрои “Муомилаи қарн” таҳти фишор қарор диҳад? Хусусан, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Ӯрдун ва Кувайт мавозеъи тақрибан сахтгиронае дар хусуси ин тарҳи зидди фаластинӣ доранд. Ҳамин амр эҷоб мекунад ин кишварҳои арабӣ ва ҳамчунин Арабистони Саудӣ, ки ба назар мерасад омрикоиҳо дар ҳоли даст шустан аз он ҳастанд, дар нақшаи эътилофҳояшон таҷдиди назар ва боби музокира бо “душманонашон” аз ҷумла Эронро боз кунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.