Бишнав аз най...

Далели ҷаззобияти Маснавии Мавлоно

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Оё медонем, чаро Маснавӣ ҷаззоб аст? Чаро ҳар касеро, ки онро бихонад ва бифаҳмад, ба худ ҷазб мекунад ва шефтаи худ месозад? Ба ҳадде, ки на танҳо як мусалмонро, балки ғайримусалмон аз масеҳиву яҳудиву бутпарасту мулҳиду ғайраро низ, ва дар як калом, инсон аз он назар, ки инсон аст-ро ба сӯи худ мекашад ва ҷазб мекунад?

Албатта, азамат ва ҷаззобияти ин китоб на танҳо имрӯз барои ғайримусалмонон ва ғайрипорсизабонон кашф шуда ва тоза ба он пай бурда бошанд, на, балки аз дерзамон шефтаи ин китоби шариф шудаанд. Дар ҳамин Бухорои худамон (ва ё Самарқанд) хеле вақт пеш ин китоб тавассути руҳониҳои яҳудӣ (яҳудиҳои бухороӣ), ба забони ибрӣ тарҷума шудааст, ва тоза, ба сурати назм тарҷума шуда. Далели ин ҷаззобият чист?

Хеле содда аст. Мавлоно худаш дар муқаддимаи Маснавӣ баён доштааст. Ӯ муқаддимаи Маснавиро чунин оғоз кардааст:

هذا كتاب المثنوي، وهو أصول أصول أصول الدين

Яъне, “Ин Маснавӣ, усули усули усули дин аст”. Яъне агар дин решае дошта бошад ва он реша ба навбати худ боз решае дошта бошад, ва ин реша ҳам решае дошта бошад, ки дорад, ҳамин решаи ахир, Маснавӣ аст. Ба сухани дигар, мани Мавлавӣ решаи решаи решаи динро бароят бозгӯ кардаам, то бидонӣ мағзи дин кадом аст, чӣ мегӯяд, чӣ паём дорад! Ин ки дар бораи Мавлоно гуфтаанд:

Ман намегӯям, ки он олиҷаноб,

Ҳаст пайғамбар, вале дорад китоб.

Маснавии ӯ чу Қуръони мудилл,

Ҳодии баъзеву баъзеро музилл.

— беҷиҳат нагуфтаанд. Мавлоно бо Маснавии худ дар воқеъ омадааст мағзи динро, асли Қуръонро, паёми Қуръонро дар қолаби достону ҳикоёти ҷаззоб баён доштааст, зеро тамоми ҳикоёти Маснавӣ паём доранд, ва ҳамон паёмҳо, дар воқеъ паёми Қуръон ҳастанд, паёми дин ҳастанд, паёми он чи бар ҳазрати Паёмбар (с) нозил шудааст ҳастанд.

Ба сухани дигар, ҳунари Мавлоно дар ин будааст, ки тавониста паёми Қуръонро ба ин сурат, ки мебинем, пешкаш сохтааст.

Ва ҷаззобияташ ҳам дақиқан дар ҳамин аст. Зеро, мушкили мо, одамҳо дар бархӯрд бо Қуръони Карим, бештар ношӣ аз ин аст, ки Қуръони Каримро (ва куллан маорифи диниро) чунонки ҳастанд фаҳму ҳазм намекунем. Агар дуруст бароямон кашф мешуданд, ҳаргиз бо Қуръон душманӣ намеварзидем.

Қуръон ҳамонро мегӯяд, ки мо, инсонҳо аз дарун хоҳони ҳамон чиз ҳастем, мо аз дарун ба сӯи он равона ҳастем, ва худамон огоҳ нестем. Ҳамон камолеро мегӯяд, ки ба дунболаш ҳастем, дар ҳоле, ки мутаваҷҷеҳ нестем, ки ба дунболаш ҳастем.

Ҳоло, Мавлонои бузург омадааст Қуръонро — ва ба гуфтаи худаш, “усули усули усули дин”ро — ба ин сурат бароямон баён дошта, дар қолаби ҳикоёт ва достонҳо ва дарсу ибратҳое, ки ин ҳикоятҳо дарбар доранд.

Барои ҳамин Маснавӣ ҷаззоб аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.