Дидгоҳ

Чорае надорем ҷуз “ҳамзистии мусолиматомез бо куруно” то кашфи воксан

Риоят накардани сабки зиндагии куруноӣ, яъне бадтар шудани вазъияти зиндагӣ ва бемор шудани тайфи васеъе аз мардум. Куруно нишон додааст, ки ҳеч таъоруфе бо мардум надорад…

Акс аз: ASIA-Plus

Дилхуш ба омадани тобистон будем, то гармои ҳаво куруноро аз пой дарбиёварад, аммо гӯё куруно ҷонсахттар аз ин ҳарфҳост, ки тоби гарморо наёварад. Тибқи охирин таҳқиқот, “вируси куруно нисбат ба тағйироти дараҷаи ҳарорат чандон ҳассос нест, таҳқиқот нишон додааст, ки вирус то дамои 60 дараҷа низ зинда мемонад, бинобар ин набояд умедвор буд, ки бо 5 ё 10 дараҷа гарм шудани ҳаво дар вазъияти эпидемӣ тағйири чандоне ҳосил шавад.”

Ба назар мерасад, танҳо умеди башар барои нобудии куруно, сохтани воксан аст. То замоне, ки воксан аз роҳ нарасад, бояд бо куруно сӯхту сохт. Мумкин аст сохти воксан як сол ё бештар тӯл бикашад, дар ин муддат инсонҳо бояд чӣ кунанд? Оё мешавад як солро дар хона монд? Оё мешавад зиндагиро таътил кард?

Ба назар мерасад, бояд ба самти “ҳамзистии мусолиматомез бо куруно” биравем. Бояд бипазирем, ки куруно феълан ҳаст ва мо бояд бо риояти беҳдошт роҳи нуфузи онро ба хонаҳо ва маҳалли корамон бигирем.

Бояд ба ин натиҷа бирасем, ки дигар куруно бахше аз зиндагии мост ва расму русуми зиндагии худро дорад. Масалан, дар зимистон одамҳо либоси гарм мепӯшанд ва ё дар тобистон либосҳои махсус, ки битавонанд ҳаворо таҳаммул кунанд.

Дар замони куруно ҳам бояд бипазирем, ки вақте аз хона хориҷ мешавем, аз моску дасткаш истифода кунем. Бояд қабул кунем, ки фосилаи иҷтимоиро дар бархӯрд бо одамҳо риоят кунем.

Риоят накардани сабки зиндагии куруноӣ, яъне бадтар шудани вазъияти зиндагӣ ва бемор шудани тайфи васеъе аз мардум. Куруно нишон додааст, ки ҳеч таъоруфе бо мардум надорад. Ӯ пулдору фақир, ҷаҳони аввалӣ ва ҷаҳони севвумӣ, сафеду сиёҳ намешиносад, бинобар ин ҳар ҷомеае ӯро ҷиддӣ нагирад, бояд худро омодаи бӯҳронҳои ҷиддӣ дар арсаи саломат ва иқтисод кунад.

Онҳое, ки метавонанд дар хона бимонанд, бояд дар хона бимонанд. Онҳое, ки аз хона хориҷ мешаванд то луқмаи ноне ба даст биёваранд, бояд беҳдоштро риоят кунанд.

Дар асри куруно, мо, ҳам вазифаи ҳифзи ҷони худро дорем, ҳам вазифаи муроқибат аз саломати дигарон. Куруно вирусе будааст, ки ҷамъиятро дӯст дорад ва аз ҳар иҷтимое истиқбол мекунад.

Дар ин даврон бояд аз тамоми рафторҳои пурхатарамон бигузарем, то ба саломати ҷомеа хадша ворид нашавад. Дар асри куруно, бештар бояд фардгаро бошем ва аз таҷаммӯъ ҷилавгирӣ кунем. Ҳатман бо поёни куруно, ба зиндагии оддӣ бозхоҳем гашт, аммо то он замон бояд куруноӣ зиндагӣ кунем.

Asriran

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.