Дидгоҳ

Шаҳодати ин зиндонӣ як ҳушдори ҷиддӣ аст

Намедонам, оё мунтазиранд, то шумори қурбониҳо ва кушташудаҳо дар асари ибтило ба ин вируси кушанда дар зиндонҳо, аз 100 ё бештар гузарад ва он вақт ба фикри чорае дар ин замина хоҳанд шуд?! Дуруст мисли “чораандешиашон” пас аз он ки шуюъи куруно дар кишвар ба як фоҷеа табдил гардид?..

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дирӯз (9 май) боз як зиндонӣ дар зиндони шумораи 1-и Душанбе ҷон ба Ҷонофарин супурд. Ҷавоне ба номи Раҷабов Абдулфайз, маъруф ба Эшони Абдулфайз, ки 47 сол бештар синн надошт. Ва бо ин ки сабаби вафоти ӯ “илтиҳоби шуш” гузориш шудааст, вале ба гуфтаи наздиконаш, иллати шаҳодати ин ҷавон, ибтило ба вируси куруно будааст.

Имрӯз, бо таваҷҷӯҳ ба вахомати авзоъ дар зиндонҳо ба далели шуюъи вируси куруно, на танҳо мухолифон, балки бештари шаҳрвандони Тоҷикистон хостори озодии зиндониён ҳастанд, ба хусус зиндониёне, ки нишонаҳои бемории COVID-19 дар онҳо мушоҳида мешавад.

То ба имрӯз, гузоришҳои мутаъаддиде дар бораи вазъи зиндониён мунташир шудааст. Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов, яке ду рӯз пеш, дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук навишта буд: “Нишонаҳои бемории падарам ба гирифтории куруновирус монанд буд. Ба болои ин, ахиран дарди меъдааш шиддат гирифтааст.” Ӯ дар гуфтугӯ бо Родию Озодӣ гуфтааст: “Бисёре аз наздикони зиндониҳо аз хатари паҳншавии вируси нав дар кишвар нигаронанд, вале бештар аз он аз вазъи наздиконашон дар маҳбас дар ташвишанд.”

Ҳамчунин, рӯзноманигор Шӯҳрати Раҳматулло, фарзанди зиндонии сиёсӣ Раҳматуллои Раҷаб низ дар ёддоште навишта буд: “Вазъи саломатии падарам хеле нигаронкунанда аст, дӯстон! Ҳарорат 40, нафаскашиаш ҳам танг шуда… Маълумотҳо ҳар рӯз бароям мерасанд. Дар зиндонҳо касалиҳо бештар шудаанд ва нигоҳубин аз тарафи зиндон умуман нест. Касеро парвое нест.”

Ҷамшед Ёров, бародари вакили зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров низ, аз вахомати вазъи бародараш дар зиндон навишта ва хостори расидагӣ ба ӯ шуда буд.

Ду се рӯз пеш, ҷамъе аз наздикони зиндониён, аз ҷумла Ҷамшед Ёров, Шӯҳрати Раҳматулло, Фирӯзи Маҳмадалӣ (писари Маҳмадалӣ Ҳайит), Ҳисом Зубайдуллозода (писари Зубайдуллоҳи Розиқ), Мухамадиқбол Ҳисайнов (писари Саидумар Ҳусайнӣ), Гулбарг Сайфова (ҳамсари Умаршоҳ Давлатов) ва дигарон, бо навиштани номае ба Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, хостори таваҷҷӯҳи ин ниҳоди байналмилалӣ ба вазъияти нигаронкунанда дар зиндонҳои Тоҷикистон ва мудохилаи ин созмон барои озодии зиндониёни синнашон аз 50 сол ба боло дар Тоҷикистон шуданд.

Афзун бар инҳо, Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), дар таърихи 25 марти соли ҷорӣ, бо интишори баёнияе, хостори озодии зиндониёни синнашон аз 50 ба боло, сарфи назар аз “мӯҳлати ҷазо, таркиби ҷиноят ва омилҳои дигар” шуда буд. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) низ тайи баёнияе, пешниҳод карда буд, то “бар асоси меъёрҳои инсондӯстӣ беморони шадидро барои табобат ба манзили истиқоматиашон рухсат диҳанд…”

Аммо бо ин ҳама, мақомоти Тоҷикистон то ба ин лаҳза кучактарин таваҷҷӯҳе ба ин дархостҳо накардаанд.

* * *

Росташ, намедонам, оё мунтазиранд, то шумори қурбониҳо ва кушташудаҳо дар асари ибтило ба ин вируси кушанда дар зиндонҳо, аз 100 ё бештар гузарад ва он вақт ба фикри чорае дар ин замина хоҳанд шуд?! Дуруст мисли “чораандешиашон” пас аз он ки шуюъи куруно дар кишвар ба як фоҷеа табдил гардид? Яъне, мақомот замоне ки дигар кор аз кор гузашт ва маҷоле барои пинҳонкорӣ боқӣ намонд, он вақт маҷбур шуданд бипазиранд, ки ин вирус дар Тоҷикистон низ шуюъ пайдо карда будааст. Аммо то он замон, тамоми саъю талоши худро ба харҷ медоданд, то бигӯянд, “куруно” дар мо нест ва инҳо, ки мурданд, бар асари “илтиҳоби шуш” будааст.

Оё дар мавриди зиндониҳо низ мунтазири фоҷеа ҳастед? Оё шумо фақат пас аз фоҷеаҳо ба худ меойед? Лутфан, пеш аз он ки дар ин зиндонҳо кор аз кор бигзарад, иқдоме кунед!

Дар ин гуна шароит, аз як тараф ақлу хирадро дар тасмимгириҳои хеш ҳоким қарор бидиҳед, на эҳсосоту авотифро, ва аз тарафи дигар, мабнои иқдомоти шумо манофеъ ва масолеҳи кишвар ва ҷомеа ва ҷони шаҳрвандон бошад, на бурду бохтҳои сиёсӣ, ки агар масалан мо зиндониҳоро, агарчи ба сурати муваққат озод кунем, пас таслими хостаҳои мухолифони сиёсиамон шудаем!

Авзоъ бас вахимтар аз он аст, ки ба масъала аз ин зовия ва аз равзанаи танги бурду бохтҳои сиёсӣ нигоҳ шавад.

Алъон замон замони тасмимгирӣ бар пояи эҳсосоту авотиф нест.

Аълон замон замони ин нест, ки дар авҷи гирифторӣ, ба фикри “имиҷсозӣ” барои касе бишавед ва ирсоли кӯмак аз кишвари муайянеро ҳосили талоши шаҳрдори Душанбе қаламдод намоед.

Ин ҳам худаш як мусибат аст, ки дар якчунин шароити ногувор барои ҷомеа, одам дағдағааш якчунин чизҳо бошад. Мақомот, ки ҷойи худ, ҳатто, бо камоли таассуф, дида мешавад афроде — ки худро ба навъе “мухолиф” ҳам мешуморанд – дар ин рӯзҳо ба дунболи “гирифтани моҳӣ аз оби лойолуд” ҳастанд. Ҳамин дирӯз хондам, яке аз ин қимош одамҳо навишта, ки “ҳам ҳукумат ва ҳам оппозитсия мавриди эътимод нестанд, балки мавриди нобоварӣ ва хашми ҳамагонианд.” Хуб ин ҳарф, ва дар ин рӯзҳо, яъне чӣ? Оё ин аст, ки на инаш хуб аст ва на онаш, балки ман хубам?! Оё замон замони якчунин “бозиҳои баччагона” аст?!

Ба ҳар сурат, мақомот, ҳанӯз, ки дер нашуда ва кор аз кор нагузашта, зиндониҳоро озод кунанд. Дуруст мисли раисиҷумҳури Қирғизистон, ки дирӯз беш аз 3 ҳазор зиндониро озод кард.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.