Ҷаҳон

Дабири кулли Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ: “Тавлиди воксани куруно ба 10 то 16 моҳ замон ниёз дорад”

Дабири кулли Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ бо хатарнок тавсиф кардани вируси куруно, тозатарин арзёбии худро аз сохти воксан барои ин вирус эълом кард.

Ба гузориши Sky News, Тедрус Одонум (Tedros Adhanom), мудири кулли Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, бо хатарнок тавсиф кардани вируси куруно, бемории ношӣ аз ин вирусро сирояткунанда ва кушанда унвон кард.

Дабири кулли Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ҳамчунин дар тозатарин арзёбии худ дар бораи тавлиди воксани куруно гуфт: “Тавлиди воксани ин вирус ба 10 то 16 моҳ замон ниёз дорад.”

Ин хабарро Одонум дар нишасти маҷозии Шӯрои иқтисодӣ-иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид эълом кард ва афзуд: “19 ҳафта пеш мо ҳеч чизе дар бораи вирус намедонистем, аммо акнун медонем, ки бисёр сирояткунанда ва кушанда аст.”

Дабири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳамчунин охирин омори мубталоён ба куруно дар ҷаҳонро наздик ба 4 милюн нафар эълом кард ва таъкид кард: “Аз моҳи январ барои суръат бахшидан дар ёфтани воксан барои ин вирус талош кардаем.”

Одонум ҳамчунин будҷаи 8 милёрд дулории ахири Урупо барои тавлиди воксани ҳамагониро нокофӣ унвон кард ва хостори афзоиши кӯмакҳои ҷаҳонӣ ба ин созмон шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.