Ваҳдати исломӣ

Музораба

Музораба он аст, ки ду тараф бо ҳам тавофуқ кунанд, ки яке сармоя ва пули нақд ба дигаре бидиҳад, то дуввумӣ ба он тиҷорат кунад, машрут ба ин ки суди ҳосил, тибқи қарордоди тарафайн байни онон тақсим шавад.

Аркони музораба:

Аркони музораба иборат аст аз “эҷобу қабул” ва лафзи муайяне барои он шарт нест, балки ҳар калимае, ки маънои музораба ва муҳтавои онро бирасонад кофӣ аст, чун дар ақдҳо мақсадҳо мӯътабаранд, на алфоз.

Шароити музораба:

Дар музораба шартҳои зер лозим аст:

1) Боисте сармоя пули нақд бошад. Агар шимш ё зинатолот ё колои тиҷоратӣ бошад саҳеҳ нест. Ибни Мунзир гуфтааст: “Тамоми касоне, ки суроғ дорем ва аҳли илм ҳастанд, иттифоқи назар доранд бар ин, ки агар касе бар гардани касе бадеҳӣ ва қарз дошта бошад, наметавонад он қарзро сармояи музораба қарор диҳад.” (Фиқҳус-сунна, 2//155)

2) Сармоя бояд маълуму муайян бошад, то асли сармоя аз суди ҳосил аз он — ки байни тарафайн тақсим мешавад — қобили ҷудо кардан бошад.

3) Боисте нисбати тақсими суди ҳосил байни коргар ва соҳиби сармоя маълум бошад, монанди нисф ё сеяк ё чаҳоряк… Чун Паёмбар (с) бо аҳли Хайбар бар нисфи он чи ки аз замин хориҷ мешавад муомила карда буд.

Ибни Мунзир гуфтааст: “Тамоми касоне, ки ин матолибро аз онон ҳифз мекунем, иттифоқи назар даоранд бар ин, ки музораба агар ба ин сурат бошад, ки яке аз ду тараф ё ҳар ду, барои худ чанд дирҳамҳои маълум ихтисос бидиҳанд ботил аст.” (Фиқҳус-сунна, 2//155) Ва далелаш ҳам ин аст, ки мумкин аст, ки суди ҳосил ҳамон миқдори муайяне бошад, ки тараф онро бигирад ва тарафи дигар чизе насибаш нашавад ва ин кор бо фалсафаи музораба мухолифат дорад, ки ҳадаф аз он суди ҳар ду тарафи ақд аст, на як тарафи хосс.

4) Бояд музораба мутлақ бошад, на муқайяд, яъне набояд соҳиби сармоя коргарро муқайяд кунад ба ин, ки фақат дар шаҳри муайяе ба он тиҷорат кунад ё фақат дар колои вежае доду ситад кунад ё дар замони хоссе ё бо ашхос ё шахси хоссе муомила кунад, ва амсоли ингуна қайдҳо ва шартҳо набояд бошад.

Зеро ки дар аксари вақтҳо ингуна қайдҳо ва шартҳо мӯҷиби адами фоида аз ақди музораба мешаванд, ки суд аст. Пас набояд шарту қайде бошад, вагарна музораба фосид аст. Албатта ин бино бар мазҳаби Имом Молик ва Имом Шофеӣ аст, аммо Имом Абӯҳанифа ва Имом Аҳмад ин шарти чаҳорумро лозим намедонанд ва гуфтаанд, ҳамон гуна ки музораба ба сурати мутлақ дуруст аст, ба сурати муқайяд низ равост. Чун агар коргар аз муомила суд бибарад, ҷоиз нест, ки аз риояти шартҳои соҳиби сармоя таҷовуз кунад. Ва агар бино бар шароит рафтор накунад, зомин хоҳад буд.

Аз Ҳаким ибни Ҳузом ривоят шуда, ки ӯ ҳар вақт молеро ба сурати музораба ба касе медод, ки бо он тиҷорат ва муомила кунад, барои ӯ шарт мекард, ки ту набояд моли маро дар хариду фурӯши ҷондорон ва ҳайвонот ба кор бибарӣ ва набояд онро дар дарё ҳамл кунӣ ва набояд онро дар маҳалли селҳо фуруд оварӣ, чунончи ҳар як аз ин корҳоро бикунӣ, ту зомини молу сармояи ман ҳастӣ. (Фиқҳус-сунна, 2//155-156)

Баёни муддати музораба аз шартҳои он нест, чун музораба як ақди ҷоиз аст ва ҳар вақт бихоҳанд фасхи он мумкин аст, ва лозим нест, ки музораба ҳатман байни ду мусалмон бошад балки байни мусалмон ва зиммӣ низ саҳеҳ аст.

Коргар дар музораба амин ба ҳисоб меояд

Ҳар гоҳ коргар пас аз итмоми ақди музораба, молу сармояро ба даст гирифт, дасти ӯ дар тасарруф дар он мол дасти амонат аст. Ва вақте зомин хоҳад буд, ки муртакиби таҷовуз гардад, бинобар ин ҳар гоҳ бидуни таҷовузи ӯ мол талаф шавад, бар ӯ чизе нест. Аз ин рӯ, агар ӯ иддао кунад, ки сармоя талаф шудааст, сухани ӯ бо савганд хӯрданаш мавриди қабул аст, чун асл бар он аст, ки ӯ хиёнат намекунад.

Оё коргар худ низ метавонад музораба кунад?

Коргар чунин ҳаққеро надорад ва агар чунон кард, таҷовуз ба мол маҳсуб мегардад. Дар “Бидоятул-муҷтаҳид” омадааст, ки фуқаҳои машҳури кишварҳо ихтилоф надоранд дар ин, ки агар коргар сармояи музорабаро ба коргари дигаре дод, чунончи зарару зиёне пеш ояд, ӯ зомин аст, ва агар суд кунад, боз ҳам муваззаф ба риояти шароити соҳиби сармоя аст ва касе, ки барои ӯ кор кардааст, бояд саҳми худро аз моли ӯ бардорад.

Ҳазинаи коргар дар музораба

Ҳазинаи коргар чӣ дар сафар барои музораба бошад ва чӣ дар хонаи худ бошад, ба ӯҳдаи худи ӯст, чун ҳазина гоҳе ба андозаи тамоми суд хоҳад буд ва чизе барои соҳиби мол намемонад, ба илова, ӯ саҳми маълуму мушаххасе аз суд дорад ва аз ин рӯ ғайри саҳми хеш, ҳаққи чизе дигар надорад. Лекин агар соҳиби сармоя ба коргар иҷоза диҳад, ки дар сафар аз моли музораба ҳазина кунад, ё урфу одат бар он бошад, ки ҳазинаи коргар аз моли музораба бошад, он вақт метавонад аз он ҳазина кунад. Имом Молик мегӯяд, агар моли музораба фаровон бошад ва ҳазинаро таҳаммул кунад, коргар метавонад аз он ҳазина кунад.

Фасхи музораба

Дар шароити зер музораба фасх мешавад:

1) Вақте шарте аз шартҳои сиҳҳатро надошта бошад. Агар музораба фоқиди шарти сиҳҳат бошад ва коргар молро қабз карда ва дар он ба тиҷорат пардохта буд, музораба фасх мегардад ва ба коргар барои ин амалаш уҷратулмисл пардохт мегардад, чун тасарруфи ӯ ба иҷозаи соҳиби мол будааст ва кореро анҷом додааст, ки мустаҳиққи уҷрат ва музд мебошад ва суди ҳосил аз они молик аст ва ҳамчунин зиёни воридшуда низ ба ӯҳдаи соҳиби мол аст, чун дар ин сурат коргар аҷир ва муздур аст ва муздур зомин нест, магар ин ки муртакиби таҷовуз шавад.

2) Агар коргар муртакиби таҷовуз аз ҳаққ шуд ё дар ҳифзи мол кӯтоҳӣ кард ё коре анҷом дод, ки бо муқтазои мақсуд аз ақди музораба мунофот дошт, ақди музораба фасх мегардад ва ботил мешавад, агар мол талаф шавад, чун ӯ сабаби талаф аст, зомин мебошад.

3) Бо фавт ва марги яке аз тарафайн, ақди музораба фасх мегардад.

Тасарруфи коргар баъд аз марги соҳиби мол

Вақте ки соҳиби мол бимирад, бо марги ӯ ақди музораба фасх мегардад, ва коргар дар ин сурат ҳаққи тасарруф дар молро надорад, чун баъд аз иттилоъ аз марги соҳиби мол ва бидуни иҷозаи ворисони ӯ, дар моли музораба тасарруф кунад, ӯ ғосиб маҳсуб шуда ва зомин мебошад. Сипас агар суде ҳосил шуд, байни он ду то тақсим мегардад.

Ҳар гоҳ музораба фасх шуд ва сармоя ба сурати коло даромада буд, соҳиби мол ва коргар метавонанд онро ба фурӯш бирасонанд ё онро тақсим кунанд, чун ҳаққи худашон аст. Агар коргар ба фурӯши коло розӣ бошад ва соҳиби мол аз он худдорӣ кунад, соҳиби молро бар байъ маҷбур мекунанд, чун коргар дар суд ҳақ дорад ва бидуни фурӯхтани коло суд ҳосил намешавад. Ва ин мазҳаби уламои шофеӣ ва уламои ҳанбалӣ аст.

Шарт аст, ки соҳиби мол ба ҳангоми тақсим ҳузур дошта бошад?

Ибни Рушд гуфтааст, уламои кишварҳо иттифоқи назар доранд бар ин, ки барои коргар ҷоиз нест, ки ҳам саҳми худ аз суди ҳосилро бидуни ҳузури соҳиби мол бардорад, яъне ҳузури соҳиби мол барои тақсим ва барои ин ки коргар саҳми худро бардорад шарт аст. Ва кифоят намекунад, ки коргар ба ҳузури шоҳиду гувоҳ ва ғайри ӯ онро тақсим кунад.

(Фиқҳус-сунна, 2//154-157)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.