Дидгоҳ

Оё сари қудрат расидани як ҳокими ситамгар, ба хости Худост?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дирӯз, видеои гуфтугӯи Домулло Муҳаммадиқбол Садриддин бо як ҳаводори ҳукумати феълии Тоҷикистонро тамошо кардам. Бароям бисёр ҷолиб буд. Тараф ба такрор ин суолро барои Домулло матраҳ мекард, ки оё ба назари шумо, сари қудрат расидани як ҳоким, дар ҳар кишваре, ба хости Худо ҳаст ё нест? Ӯ, бе он ки ба ҷавоби Домулло таваҷҷӯҳ кунад, суолашро такрор мекард.

Далели тарҳи мукаррари ин суол аз сӯи вай ва шунидани ҷавоб аз забони Домулло, комилан равшан буд. Ӯ медонист, ки ҷавоби Домулло мусбат аст, ва мехост бо гирифтани ин ҷавоб, бигӯяд, ки агар чунин аст, пас чаро шумо аз ҳокими кунунии Тоҷикистон – ки ба эътирофи худатон, бо хости Худо рӯи кор омада – интиқод мекунед ва бо ӯ ба мухолифат бархостаед ва оё ин кори шумо мухолифат бо хости Худо нест?!

Бо ин ки ҷавоби кӯтоҳи Домулло Муҳаммадиқбол ба ин ишколи ӯ комилан дуруст буд, аммо бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ин шубҳа як шубҳаи роиҷ ва барои хелеҳо матраҳ аст ва ҷавоби қонеъкунандае мехоҳад, аз ин рӯ, тасмим гирифтам, матлабро андаке бештар тавзеҳ бидиҳам, то дигар ҳеч суолу шубҳае дар ин мавзӯъ боқӣ намонад. Зеро ин шубҳа, на танҳо дар зеҳни омма матраҳ аст, балки хеле аз муллоҳоро ҳам мешиносам, ки зоҳиран посухи қонеъкунанде барои он пеши худ надоранд.

Посух ба ин шубҳаро зимни шарҳу тавзеҳи чанд нукта, баён медорам:

1) Иллати пайдоиши ин шубҳа дар зеҳнҳо дар воқеъ бедиққатӣ дар мафҳуми қуръонии “иродаи Худо” ва фарқ нагузоштан байни ду навъ аз “иродаи Худо”, ки дар Қуръони Карим ва ҳадисҳои набавӣ ба кор рафтааст мебошад. Агар мо ба фарқи ин ду “ирода” пай бибирем, масъала комилан равшан гардида ва шубҳаи мазкур посухи худро хоҳад ёфт. Ҳол, дар зер ба баёни фарқи ин ду “ирода” мепардозам.

2) Худованди Мутаъол як силсила чизҳоеро аз бандагонаш хостааст, ки бо ихтиёри худ анҷом бидиҳанд, масалан фармуда:

مَا يُرِيدُ اللّهُ لِيَجْعَلَ عَلَيْكُم مِّنْ حَرَجٍ وَلَكِن يُرِيدُ لِيُطَهَّرَكُمْ وَلِيُتِمَّ نِعْمَتَهُ عَلَيْكُمْ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ

Худо намехоҳад бар шумо танг бигирад, лекин “ирода” ва хоҳиши ӯ ин аст, ки шуморо пок ва неъматашро бар шумо тамом гардонад. Бошад, ки сипоси ӯ бидоред” (Сураи Моида, ояти 6)

Инки Худованд мефармояд, “ширк наварзед”, “имон оваред”, “намоз бихонед”, “дурӯғ нагӯед”, “ғайбат макунед”, “ба падару модари худ эҳсон кунед” ва ғайра… инҳо ҳама “хостаҳои илоҳӣ” ҳастанд.

Ин як навъ “иродаи Худо” аст, ки чи басо воқеъ нашавад. Яъне, мумкин аст баъзе одамҳо аз дастуроти Худо итоат накунанд ва ҳатто хилофи онро анҷом диҳанд ва Худо ҳам монеъи онҳо намешавад.

Ин навъ “иродаи Худо”-ро, дар истилоҳ, “иродаи ташреъии Худо” меноманд, ки инсон агар ба он мухолифат варзад, гунаҳкор хоҳад шуд ва дар воқеъ кораш мазмум ва накӯҳида аст.

Аммо мо як навъи дигар аз “иродаи Худо” дорем, ки бисёреҳо онро бо аввалӣ меомезанд. Ҳол, ба баёни он мепардозем. Аммо фаҳмаш ба каме диққати бештар ниёз дорад.

3) Ҳеч кас, чӣ Худобовар аст ӯ ва чӣ Худонобовар, дар ин ҳақиқат шак надорад, ки вуқӯъи ҳар ҳодиса ва падидае дар ҷаҳони ҳастӣ, бар асоси як “қонуни куллии ҳоким бар ҷаҳон” сурат мегирад, ки онро дар забони илмӣ, “қонуни иллияти умумӣ” мегӯянд. Маънои ин қонун он аст, ки “ҳеч ҳодисае бидуни иллат падид намеояд”. Масалан, агар мебинем касе бемор аст, қатъан бемории ӯ иллате доштааст. Фарз кунед, таб дорад ва сурфа мекунад, пеши худ мегӯем, иллаташ шояд ин аст, ки дар зимистон либоси муносиб напӯшида ва он вақт шамол хӯрдааст. Ва ё масалан, агар шумо дасти худро ба оташ наздик кунед, қатъан месӯзад. Дар инҷо мегӯянд, оташ иллат аст ва сӯхтани даст маълули он.

Дар ин масъала, фарқи як мӯъмин бо касе, ки ба Худо имон надорад, фақат дар ин аст, ки мӯъмин барои ин “қонуни иллияти умумӣ” маншаъ ва сарчашма қоил аст, вале як ғайримӯътақид барои ин қонун аслу асосе қоил нест. Фарқашон фақат ҳамин аст ва дигар ҳеч. Ба сухани дигар, дар ҷараёни ин қонун ва ҳукуматаш бар ҷаҳони ҳастӣ, ин ду бо ҳам ҳеч ихтилофе надоранд, танҳо ин ки мӯъмин барои ин қонун маншаъ ва сарчашма қоил аст ва ғайримӯъмин маншаъе барои он қоил нест.

Қуръони Карим ин қонунро гоҳе ба “суннати илоҳӣ” таъбир мекунад:

فَلَنْ تَجِدَ لِسُنَّتِ اللَّهِ تَبْدِيلًا وَلَنْ تَجِدَ لِسُنَّتِ اللَّهِ تَحْوِيلً

Ҳаргиз барои суннати Худо табдиле нахоҳӣ ёфт, ва ҳаргиз барои суннати Худо тағйире намеёбӣ.” (Сураи Фотир, ояти 43) Яъне ин қонун пойбарҷост, касе наметавонад онро тағйир бидиҳад.

Ва гоҳе ҳам ба “қазо ва қадар” таъбир мекунад:

وَإِذَا قَضَى أَمْرًا فَإِنَّمَا يَقُولُ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ

Ва ҳангоме, ки қазои илоҳӣ ба чизе таъаллуқ бигирад, мегӯяд: мавҷуд бош! Ва он фавран мавҷуд мешавад.” (Сураи Бақара, ояти 117)

Ин “мавҷуд бош! Ва он фавран мавҷуд мешавад” ба ин маъност, ки вақте мавҷуде дар ҷаҳони ҳастӣ падид меояд, вақте ҳодисае дар он рух медиҳад, масалан вақте донаи гандуме мерӯяд, маншаъ ва сарчашмаи он Худованд аст, аммо на ин ки Худо якдафъа аз осмон парташ карда бошад, балки тибқи як қонун ба вуҷуд оварда; қонуне, ки Худованд худ онро гузошта, яъне ба ин сурат, ки донае дар замин кошта шуда, сипас обёрӣ гардида, хуршед ба он тобида ва ғайра… аз садҳо авомилу асбоб.

Инки Қуръони Карим мегӯяд, ҳеч чиз дар ҷаҳон бидуни “иродаи Худо” ба вуқӯъ намепайвандад, маънояш ҳамин аст. Ҳол, фарқе намекунад, ки ҳодисаи рухдода дар ҷаҳони ҳастӣ, як ҳодисаи аз назари мо инсонҳо бад буда бошад ва ё як ҳодисаи аз назари мо хуб. Масалан, кушта шудани милюнҳо инсон дар ҷанги ҷаҳонии дуввум ва ё кушта шудани садҳо ҳазор инсон дар асари ибтило ба бемории COVID-19 дар ин рӯзгор, қатъан як ҳодисаи бад аст, лоақал аз назари мо инсонҳо бад аст.

Хуб, оё ин ҳаводиси талх, ба “иродаи Худо” воқеъ шудаанд?! Бале, сад дар сад. Аммо “иродаи Худо” на ба ин маъно, ки Худованд – Алаёзу биллоҳ! – ирода карда милюнҳо инсонҳоро бикушад. Яъне, ирода ба маънои “иродаи ташреъӣ” нест. Яъне мисли он ҷо, ки мефармояд: “Худо намехоҳад бар шумо танг бигирад, лекин “ирода” ва хоҳиши ӯ ин аст, ки шуморо пок ва неъматашро бар шумо тамом гардонад. Бошад, ки сипоси ӯ бидоред” (Сураи Моида, ояти 6)”, нест. Ба ҳеч ваҷҳ. Балки ба ин маъност, ки суннати Худо (шумо бигӯед, қонуни иллияти умумӣ) чунин аст, ки вақте шумо кордеро бармедоред ва шиками нафареро пора мекунед, натиҷаи қатъии ин иқдом он аст, ки ин одам мемирад. Ин қонуни Худост. Ва ё вақте шумо болои боме мебароед ва аз онҷо худро ба замин парт мекунед, натиҷаи ин иқдоми аҳмақонаи шумо он аст, ки шумо ё мемиред ва ё лоақал ниммурда мешавед. Ба сухани дигар, “иродаи Худо” чунин аст, ки “вақте касе худро аз бом ба замин парт кард, мемирад ё ниммурда мешавад”, ё “вақте касе заҳр мехӯрад, мемирад”. На ин ки Худо ба шумо дастур дода бошад, ки бирав болои бом ва аз онҷо худро ба замин парт бикун! (Иродаи ташреъӣ) На, шумо ба ихтиёри худ, ҳоло ба ҳар далел, аз рӯи ҳамоқат ё чизе дигар, рафтед болои бом ва худро парт кардед.

Ва ё як мисоли дигар, ки муносиби баҳси мавриди назари Домулло Муҳаммадиқбол бо он мард аст. Қонуни Худо (шумо бигӯед, қонуни иллияти умумӣ) он аст, ки вақте як инсони шарур чанд нафарро атрофи худ гирд оварад ва кудето (табаддулоти давлатӣ) анҷом дода ва қудратро дар кишваре қабза кунад ва худро ҳоким эълон кунад ва ҷомеа низ кулӯх ба лаб ниҳанд ва эътирозе накунанд, хуб, натиҷаи қатъии ин иқдом он аст, ки ин одами шарур дар раъси ҳирами қудрат дар он кишвар қарор хоҳад гирифт.

Ин ки Домулло дар ҷавоби он мард ҳадиси: “Ҳар гуна бошед, ҳамон гуна ҳоким бар сари шумо қарор хоҳад гирифт”-ро овард, ишора ба ҳамин “иродаи Худо” кард. Яъне қонуни Худо (шумо бигӯед, қонуни иллияти умумӣ) он аст, ки вақте миллате ниммурда ва хоб бошанд, қатъан ҳокимашон ҳам як худкома хоҳад буд.

Ин навъ иродаро, дар истилоҳ, “иродаи таквинии Худо” мегӯянд.

4) Зикри ин нукта дар инҷо зарурист, ки дар мавриди корҳои ихтиёрии инсонҳо, ирода ва ихтиёри худи инсон як омили асосӣ ва таъйинкунанда аст. Ҳар коре, ки инсон ба ихтиёри худаш анҷом медиҳад, он кор аз назари маншаъ, ба “иродаи таквинии Худо” буда (зеро вуқӯъи ҳеч ҳодиса ва падидае, аз ҷумла корҳои ихтиёрии инсонҳо, аз доираи “иродаи таквинии Худо” берун нест), вале “иродаи таквинии Худо” дар мавриди корҳои ихтиёрии инсон ин аст, ки ихтиёри инсон яке аз сабабҳои вуқӯъи он бошад, ки агар иродаи инсон набуд, он ҳодиса ба вуқӯъ намепайваст. Ва ба сухани дигар, иродаи Худо дар мавриди корҳои ихтиёрии инсон ин аст, ки “бо иродаи инсон анҷом шаванд”; чунонки масалан иродаи Худо дар мавриди падид омадани гандум ин буд, ки “аз тариқи обёрӣ” падид ояд. (Диққат шавад!)

5) Дар поён, як мисол меоварам (ва чанд сол пеш ин мисолро дар посух ба пурсиши яке аз азизон оварда будам), то фарқ байни “иродаи таквинии Худо” ва “иродаи ташреъии Худо” бароятон хуб равшан шавад. Фарз кунед, фарде ба номи Шокир фарде ба номи Фарҳодро бо корд кушт.

Дар инҷо оё Худо хостааст, ки як одам як одами дигареро бикушад? Посух ин аст, ки “иродаи ташеръӣ”-и Худо ин аст, ки қатли нафс бидуни далел гуноҳ аст, касе касеро бе ҷиҳат накушад!

Вале чун Шокир ин “иродаи ташреъӣ-и Худоро нофармонӣ кард ва хилофи он амал кард ва корд ба даст гирифт ва Фарҳодро кушт, ин ҳодиса (мурдан), ба унвони як падида, дар ҷаҳони ҳастӣ воқеъ шуд. Ва вуқӯи ин ҳодиса бидуни иродаи Худо воқеъ нашуда (иродаи таквинӣ). Зеро қонун ва суннати илоҳӣ (ва ба таъбири дигар, “қазо ва қадари илоҳӣ”) дар ҷаҳони ҳастӣ ин аст, ки “вақте як инсон чоқу ва кордеро ба даст бигирад ва ба шиками инсони дигаре бизанад, он дуввумӣ хоҳад мурд”. Зеро Худованд ба инсон ихтиёр дода, ва инсон ба воситаи ин нерӯ (нерӯи ирода) метавонад, ҳам корҳои хубу нек анҷом диҳад ва ҳам корҳои баду зишту нописанд. Ва агар як нафар инсон ба ихтиёри худ як нафари дигареро бикушад, Худо монеъи ӯ намешавад. Бале, “иродаи ташреъӣ”-и Худо ин аст, ки мегӯяд, ин корро макун! Вале он бадсигол агар ин корро кард, тибқи қонуни иллият (ки Худо гузошта), он дуввумӣ мемирад ва ин амали зишт дар ҷаҳони ҳастӣ воқеъ мешавад.

Хулоса, агар мо фарқ байни “иродаи таквинӣ” ва “иродаи ташреъӣ”-ро нек дарк кунем, ҳамаи шубаҳот посухи худро меёбанд. Ҳол, барои он ки боз ҳам возеҳтар ва равшантар шавад, як мисоли дигар ҳам мезанам.

Ва мисол ин аст: Худованд намехоҳад (яъне ирода надорад), ки инсонҳо худро ба куштан бидиҳанд:

وَلاَ تُلْقُواْ بِأَيْدِيكُمْ إِلَى التَّهْلُكَةِ

Худро ба дасти худ ба ҳалокат маяфканед…” (Сураи Бақара, ояти 195)

Ин як “иродаи ташреъӣ” аст; дуруст мисли он ки мефармояд, дурӯғ нагӯед, ғайбат накунед, риё макунед ва ғайра… Хуб, возеҳ аст, ки иродаи ташреъии Худо тахаллуфпазир аст. Яъне, касоне пайдо мешаванд, ки бо вуҷуди ин наҳйи сареҳ, худро ба куштан медиҳанд. Масалан, як нафар танобе бармедорад ва худро меовезад.

Ҳол, ин овехта шудан ва дар натиҷаи он мурдан – ки як кори зишту нописанд аст – ба унвони як падида, дар ҷаҳони ҳастӣ бидуни иродаи Худо (иродаи таквинӣ) воқеъ нашуда. Барги дарахте ҳам бидуни ирода ва хости ӯ намеҷунбад.

Фикр мекунам матлаб равшан шуд.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.