Дидгоҳ

Оё имрӯзамон аз дирӯзамон фарқе карда ё на?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке аз мазиятҳои шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар ин аст, ки ёддоштҳо ва навиштаҳои пешини шуморо, ки масалан чаҳор сол пеш, се сол пеш, ду сол пеш ва хулоса аз замоне, ки вориди ин фазо шуда чизе навишта бошед, пеши чашмонатон қарор медиҳад, то бибинед, он замон андешаатон чӣ буда ва бо мурури замон оё дар андешаҳо ва ё дар мавозеъатон тағйире падид омада ё на. Ва ин бисёр муфид аст.

Аз фоидаҳои ин ёдоварӣ яке ин аст, ки шумо бо нигоҳ ба он навиштаҳо, мефаҳмед, ки оё пешрафте дар шумо ҳосил шудааст ва ё ин ки ҳанӯз ҳамон “Аҳмади” ба истилоҳ “порина” ҳастед?!

Инсон набояд дар як нуқта биистад, балки имрӯзаш бояд аз дирӯзаш фарқ кунад аз ин назар, ки масалан бар дониш ва андӯхтаҳояш афзуда бошад, ахлоқи имрӯзаш беҳтар аз ахлоқи дирӯзаш бошад, робитааш бо Худо дар имрӯз беҳтар аз робитаи ӯ бо Худо дар дирӯз бошад яъне ба Худо наздиктар шуда бошад, фаҳму дарки имрӯзаш аз ҳақоиқ, амиқтар ва пухтатар аз фаҳму дарки дирӯзаш бошад. Ҳазрати Луқмони Ҳаким дар андарзе ба фарзанди худ мефармояд, ки фарзандам!

واجهد أن يكون اليوم خيراً لك من أمس، وغداً خيراً لك من اليوم، فإنّه مَن استوى يوماه فهو مغبون، ومَن كان يومه شرّاً من أمسه فهو ملعون

Бикӯш то имрӯзат беҳтар аз дирӯз, ва фардоят беҳтар аз имрӯз бошад, ки ҳар кас ду рӯзаш баробар бошад, зиёнкор аст, ва ҳар кас имрӯзаш бадтар аз дирӯзаш бошад, аз раҳмати Худо дур аст…” (Иршоди Дайламӣ, с.73)

Мо як саре зарбулмасалҳои мардумии бемаъное дорем, ки иттифоқан дар ҷомеа бисёр роиҷ ҳастанд ва мутаассифона бисёриҳо ба муқтазои он амал мекунанд, аммо воқеан бехуду бемаъно ва балки дар ҷиҳати камоли инсон, бисёр хатарноканд, инсонро рокиду исто мегардонанд, ҷилави пешрафти инсонро мегиранд, монеъи рушду камоли ӯ мешаванд.

Яке аз ин зарбулмасалҳо ҳамон аст, ки мегӯяд: “Гапи мард яктост!

Намедонам, шояд ин зарбулмасал дар мавориде дуруст буда бошад, аммо дар ҳавзаи андеша ва тафаккур, қатъан ҳарфи бисёр беҷое аст. Зеро “Гапи мард яктост” дар ин ҳавза яъне ин, ки агар билфарз ту дар гузашта дар натиҷаи тақлид аз ин ё он ва ё дар асари як силсила муқаддимоти нодуруст андеша ва бовареро дуруст пиндошта ва он гоҳ миёни мардум ба таблиғу тарвиҷи он камар баста бошӣ ва бо мурури замон ва дар натиҷаи таҳқиқу пажӯҳиши бештар ва амиқтар, имрӯз бароят маълум шуда бошад, ки он бовар хато ва ғалат будааст, дар ин сурат агар пойбанд ба мақоли “Гапи мард яктост” бошӣ, дигар барои худ нанг мешуморӣ, ки ба мардум бигӯӣ, ман пештар хато мекардам!

Дар ҳавзаи андеша ва бовар, “гапи мард” на “якто”, ки бояд “якчандто” бошад. Зеро меъёр дар дуруст будан ё набудани як андеша, ин мантиқ аст, на чизе дигар. Инсон дар ин ҳавза бояд навкари далел бошад, на масалан пайрави андешаи роиҷ дар миёни мардум ва ё андешаи падару бобоён ва ғайра… Чи басо шумо дар гузашта чизеро дуруст мешумурдед, аммо имрӯз бо далелу бурҳон бароятон собит шуда, ки он ғалат будааст. Бинобар ин, инсон дар ин гуна маворид, бояд фикрашро тағйир диҳад, ва ба сухани дигар, бояд “гапаш дуто бошад”. “Гапи мард яктост” дар ин замина яъне таъассуб.

Масали мардумии “Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат бош!” низ дар ҳавзаи андеша ва бовар, бисёр бемаъно ва беҷост. Муқтазои ин масал дар арсаи андеша ин аст, ки агар дидӣ “ҷамоат” говпараст ҳастанд, ту ҳам бояд говпараст бошӣ, вагарна “расво” хоҳӣ шуд.

Ҳазрати Паёмбари Акрам (с) он ҷо, ки бо мушрикони бутпараст дар бораи ойини онҳо сӯҳбат мекарданд, мегуфтанд, шумо ҳеч далеле бар ҳаққонияти ин кеш надоред; далелатон танҳо ин аст, ки падару бобоёнатон бар ин кеш будаанд ва дигар ҳеч, ва ба таъбири Қуръони Карим:

واذا قيل لهم اتبعوا ما انزل اللّه قالوا بل نتبع ما الفينا عليه آبائنا او لو كان آباؤهم لا يعقلون شيئا ولا يهتدون

Ва чун ба эшон гуфта шавад: аз он чӣ Худо нозил кардааст пайравӣ кунед, мегӯянд: “На, мо танҳо он динеро пайравӣ мекунем, ки падарони худро бар он ёфтаем.” (Қуръон дар посухи эшон мефармояд:) “Оё агар падарони эшон ақли худро ба кор намебастанд ва ҳеч чиз намефаҳмиданд ва роҳ ба ҷойе намебурданд, боз ҳам пайравиашон мекарданд?!” (Сураи Бақара, ояти 170)

Мантиқи ҳазрати Паёмбари Акрам (с) ба нақли Қуръони Карим дар мувоҷеҳа бо мушрикон ин буд:

هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ

Агар рост мегӯед, пас бурҳони хешро биёваред.” (Сураи Намл, ояти 64)

Хулоса, инсон набояд рокиду исто бошад, ҳар аз гоҳе дар додаҳо ва боварҳояш таҷдиди назар кунад, пеши худаш нисбат ба ҳамаи он боварҳо суол матраҳ кунад, масалан чунин суоле барои худ матраҳ кунад, ки ман мӯътақидам, ислом ойини ҳақ аст, хуб, далели ман бар ин бовар кадом аст, накунад иштибоҳ буда бошад?! Он вақт аст, ки дар натиҷаи ғаври бештар, дар натиҷаи ковиши бештар, дар натиҷаи таҳқиқи бештар, чизҳои тозае барояш макшуф мегардад.

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.