Сиёсат

Ҷашнҳое, ки ҷуз мусибат, бадбахтӣ ва фалокат чизе ба армуғон намеоваранд – (Тасовир)

Агар баргузории “бошукӯҳи” ҷашни Наврӯз бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд дар соли ҷорӣ омили аслии шуюъи вируси кушандаи куруно дар Тоҷикистон ба шумор меояд, баргузории бо дабдабаву пуртумтуроқи ҷашни солгарди пирӯзӣ дар ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ дар 9 майи ҳамин сол бо ҳузури Александр Лукашенко дар Белорус, бешак омили ташдид ва шуюъи бештари ин вирус дар ин кишвар маҳсуб мешавад.

Ваҷҳи муштараки Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва балки “пешвои миллат”-и Тоҷикистон, агар аз як сӯ дар тӯлонӣ будани муддати риёсати ҳар ду ва қарор доштанашон дар арикаи қудрат бошад, аз сӯи дигар аммо дар бепарвоӣ ва бетаваҷҷӯҳии ин ду ба ҷони мардум ва шаҳрвандонашон аст. Барои ин ду, аслан муҳим нест, ки бар сари мардум чӣ меояд, танҳо чизе, ки барояшон аҳаммият дорад ин аст, ки ҷашн барпо кунанд ва пой бикӯбанд ва комашон ширин гардад.

Ҷашни 75-умин солгарди пирӯзӣ дар ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ бар Олмони нозӣ, рӯзи шанбе (9 май) бо режаи артиши Белорус дар шаҳри Минск бо иҷтимоъи васеъи мардумӣ ва ҳузури Александр Лукашенко, раисиҷумҳур ва мақомоти аршади кишварӣ ва лашкарии ин кишвар баргузор шуд.

Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, ҳамчунон ба куруно бетаваҷҷӯҳӣ мекунад. Дар режаи рӯзи шанбеи артиш, ҳеч сарбозе моск ба сурат ва дасткаше ба даст надошт ва дарсади қобили таваҷҷӯҳе аз ҷамъияти тамошокунанда низ ҳеч васоили муҳофизатӣ аз ҷумла моску дасткаш надоштанд.

Ин бетаваҷҷӯҳӣ дар ҳолест, ки бар асоси охирин оморҳо, вируси куруно ба суръат дар ҳоли шуюъ дар Белорус аст ва дар ин кишвар, тибқи охирин омор, беш аз 21 ҳазор нафар ба куруно мубтало шудаанд ва то кунун 121 нафар бар асари он фавтидаанд. Ин омори расмӣ аст ва омори воқеӣ мумкин аст бештар аз ин рақамҳо бошад. Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар бораи паёмадҳои бетаваҷҷӯҳӣ ба шуюъи вируси куруно дар Белорус ҳушдор додааст.

Александр Лукашенко ба мардумаш тавсия карда барои эмин мондан аз ибтило ба куруно, “водка” бинӯшанд ва ба “суно” (сауна) бираванд. Ӯ гуфтааст: “Сари по мурдан, беҳтар аз хазидан ба хона аз тарси як бемории шабеҳ ба сармохӯрдагӣ аст.”

Лукашенко дар бораи дархости лағви маросими режаи артиш ба муносибати солрузи пирӯзӣ дар ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ, мисли ҳамтои  тоҷикаш ба тавсияи касе гӯш надод ва ин маросимро бидуни кучактарин тағйире баргузор кард. Ӯ гуфт: “Ҳатто фикр кардан ба лағви маросим ҳам ғайриқобили пазириш аст.”

Ӯ дар бораи баргузории ин маросим ва хитоб ба мунтақидон гуфт: “Ба ҳар ҳол афроде хоҳанд буд, ки моро ба хотири баргузории ин маросим маҳкум мекунанд. Барои натиҷагирӣ ва маҳкум кардани мо аҷала накунед, белорусиҳо, эй ворисони пирӯзӣ (дар ҷанги ҷаҳонӣ)… Мо наметавонистем (имсол) мутафовит амал кунем, чораи дигаре надоштем.”

Белорус ҳеч қонуни маҳдудкунандае дар баробари шуюъи вируси куруно вазъ накарда ва бар хилофи аксарияти қариб ба иттифоқи кишварҳои дунё, марзҳои худро ба рӯи ҳеч кишваре набастааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.