Ҷомеа

Ирсоли нахустин маҳмулаи кӯмакҳои пизишкии Эрон ба Тоҷикистон – (Тасовир)

Дирӯз ҳавопаймои ҳомили нахустин маҳмулаи кӯмакҳои башардӯстонаи доруӣ ва беҳдоштии Эрон барои муқобила бо куруно, озими Тоҷикистон шуд.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе, дирӯз як ҳавопаймои ҳомили нахустин маҳмулаи кӯмакҳои доруӣ ва беҳдоштии Эрон ба Тоҷикистон барои мубориза бо куруно, озими Душанбе, пойтахти ин кишвар шуд.

Ирсоли нахустин маҳмулаи кӯмакҳои доруӣ ва беҳдоштии Эрон ба Тоҷикистон, дар пайи гуфтугӯи телефонии Ҳасани Руҳонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, раисони ҷумҳури ду кишвар сурат гирифта ва шомили 6 тон ақломи беҳдоштӣ ва пизишкӣ, аз ҷумла моски N95, моски селояи пизишкӣ, либоси махсуси пизишкӣ, либоси сетикка, шишаи муҳофиз ва ғайра мебошанд, ки таҳвили мақомоти марбутаи Тоҷикистон шуд.

Гуфтанист, бар асоси омори расмии масъулони Тоҷикистон, то кунун 612 нафар дар ин кишвар ба вируси куруно мубтало шуда ва 21 нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд. Албатта, ин омори расмӣ аст, аммо бино бар омори воқеӣ, шумори мубталоён ва фавтидаҳо ба маротиб бештар аз ин аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.