Пароканда

Наққошони барҷастаи урупоӣ тоъунро чӣ тавр ба тасвир кашидаанд?

700 сол пеш тоъуне кушанда ва фарогир Урупоро ба коми марг фурӯ бурд. Дар қарни 17-ум низ танҳо дар Нопул (Неапол) 200 ҳазор нафар ҷон супурданд. Наққошиҳои он даврон андӯҳи соҳибонашонро зинда нигаҳ дошта ва ҳамчунон дилро мехарошад: Солвотур Рузо (Salvator Rosa), ки марги писарбаччаи навзодашро ба тасвир кашид, Рембронт (Rembrandt), ки чеҳраи маъсумонаи маъшуқаашро наққошӣ кард ва Коровоҷу (Caravaggio), ки навмедона ташйеъи беравнақи пирамардеро сабт кард…

Ба қалами Ҷонотон Ҷунз (Jonathan Jones), мунтақиди ҳунарӣ, дар нашрияи Guardian

Ҷонотон Ҷунз (Jonathan Jones) мунтақиди ҳунарӣ ва нависандаи нашрияи Guardian дар ҳавзаи ҳунар аст. Ҷунз ҳамчунин яке аз аъзои ҳайати доварони ҷоизаи Турнер (Turner prize)-и соли 2008 аст.

Дар камоли таъаҷҷуб зоҳиран мо бо мардуми 500 сол қабл ормони муштараке дорем, афроде, ки бидуни ҳеч дарке аз беморӣ бо он рӯ ба рӯ мешуданд. Рӯзи якшанбе, Поп Фронсис, хиёбонҳои Румро — хиёбонҳое, ки ҳоло ба хотири вируси куруно холӣ ҳастанд — пиёда пушти сар гузошт, то аз калисои Сан Морчелу (San Marcello) дар Курсу (Corso) дидан кунад ва ба салиб эҳтиром бигузорад; салибе, ки дар баробари тоъуни соли 1522 ҳофизи Рум буд.

Ҳоло зоҳиран дар ҳамон вазъият ҳастем. Дар хатари беморие, ки дасти болотарро дорад ва фарзияҳои моро бо шикаст мувоҷеҳ мекунад. Ҳатто равишҳои истифодашуда аз ҷумла қарантина ҳам аз ҳамон гузаштаи тоъунӣ меояд, мисли бисёре аз шоҳкорҳои ҳунарии Урупо. Ин осори ҳунарии барҷаста мояи дилгармии мо ҳастанд ва сабаб мешаванд бо нигоҳи ҷадиде ба ин замони ноошно бингарем. Ин осор ҳатто барои ҳамоҳангӣ бо шароит, роҳкорҳое бароямон нишон медиҳанд. Дар инҷо бархе аз ин тасвирҳо арза шудаанд, то шояд роҳнамои мо бошанд. Билохира, Рембронт ва Тисин (Titian) ва Коровоҷу пеш аз мо ин масирро пушти сар гузоштаанд.

“Тирҳо дар торикӣ партоб мешаванд”. Чаҳор аспсавори охируззамонӣ, асари Олбрешт Дурер (Albrecht Dürer). Ҳудуди солҳои 1496-48.

Олбрешт Дурер: Чаҳор аспсавори охируззамонӣ, 1498

Марг, ва се муриди ӯ, ҷаҳонро зери по мегузоранд ва аз Поп то раъият ҳамаро зери суми асбони худ дарҳам мекӯбанд. Ин ҳаккокии рӯи чӯб, ки китоби “Мукошафаи Юҳанно”-ро тасвирсозӣ мекунад, се омили қатли башарро ба тасвир мекашад: ҷанг, қаҳтӣ ва ҳамагирӣ (эпидемия). Саворе, ки тарозу дорад эҳтимолан тоъун аст, ҳарчанд гоҳ ӯро ҳамон камондор медонанд, зеро тирҳои тоъун бо чашмони баста партоб мешаванд: аз дурдаст ва бидуни ҳушдор. Дар ҷаҳони Дурер, ӯ тарсноктарини саворон буд. Дар соли 1347, киштиҳои генуэзӣ тоъуни тахрибкунандаеро аз Криме (Крым) бо худ ба Урупо оварданд. Тайи чанд сол, марги сиёҳ дастикам як севвуми ҷамъияти қорраи Урупоро ба коми марг фурӯ бурд. Пас аз ин ҳамагирии ҷаҳонӣ, тоъун борҳо ва борҳо ба шаҳрҳои урупоӣ бозгашт. Тестҳои ДНК-и устухонҳои (скелетҳои) кашфшуда дар Ландан ва дигар ҷоҳо нишон медиҳанд, ки ин ҳамагирӣ тоъуни хиёракӣ (бубонная чума) буда, ки омилаш боктерии Yersinia pestis аст.

“Торикии гӯристонӣ”. Сустии башар, асари Солвотур Рузо (Salvator Rosa). Ҳудуди соли 1657.

Солвотур Рузо: Сустии башар, ҳудуди соли 1656

Ҳар шаҳре дар Урупо дар хатари бозгашти ҳамагириҳое буд, ки мумкин буд 10 то 50 дарсади ҷамъияти онро аз байн бибаранд. Мегӯянд, дастикам ниме аз сокинони Нопул (Неапол) — беш аз 200 ҳазор нафар — дар соли 1656 бар асари тоъун кушта шуданд. Наққошии Солвотур Рузо гузорише аз марг аст: навзоди тоза таваллудшуда тавофуқеро бо марг имзо мекунад ва эътироф мекунад, ки вуҷуди инсон ранҷовару кӯтоҳ аст. Марг скелете тарснок аст, бо болҳои баланд, ки дар торикии гӯристон ба чашм мехӯрад. Рузо аз тоъуни соли 1656 ҷони солим бадар бурд, аммо писари кучакашро аз даст дод ва ҳамчунин бародар, хоҳар, ҳамсар ва 5 фарзанди хоҳарашро. Навзоде, ки дар ин тасвир аст, ҳамон писари кучак яъне Рузолду (Rosaldo) аст, ки таслими марг шудааст.

Марями Муқаддас, асари Тисин (Titian). Соли 1576.

Тисин: Марями Муқаддас, соли 1575-76

Дар саҳнаи таъассурбарангези эътироф ба гуноҳи навмедӣ, пирамарде барои зинда мондани худ ва писараш дар ҳамагирӣ (эпидемия), дуо мекунад. Тисин ин наққоширо замоне кашид, ки Вениз (Венетсия) бар асари тоъун рӯ ба нобудӣ буд. Ӯ худро нимаурён мекашад дар ҳоле, ки дар пойи тасвири Марям афтода. Дар ин тасвир, Марям Исоро, ки ҷон дар бадан надорад, чун навзоде дар оғӯш гирифтааст. Барои ин ки паёми худро возеҳтар баён кунад, тасвире даруни тасвири худ меоварад: як наққошии роиҷ, ки ҳатман дар калисоҳо дидаед. Тисин ва писараш Урозиу (Orazio) ҳар ду дар тоъуни соли 1576 ҷон бохтанд.

“Шаҳре, ки дар қарантина пештоз буд”. Марями Муқаддас ба аёдати қурбониёни тоъун меравад, соли 1666. Асари Онтуниу Зончӣ (Antonio Zanchi).

Онтуниу Зончӣ: Марями Муқаддас ба аёдати қурбониёни тоъун меравад, соли 1666

Сан Руку (San Rocco) ё Руки қиддис як нигаҳбон дар баробари тоъун маҳсуб мешуд, зеро ба шакли мӯъҷизаосое худро дармон кард. Сохтмони Эскуло Гранд ди Сан Руку (Scuola Grande di San Rocco) ба ифтихори ӯ дар шаҳре сохта шуд, ки тарокуми болои он сабаб шуда буд, ба рағми пештоз будан дар қарантина, ба як маркази беморӣ табдил шавад; аслан вожаи “қарантина” дар вожаи венизӣ (венетсияӣ) ба маънои “чиҳил рӯз” аст, муддати замоне, ки киштиҳо дар соли 1348 тавқиф мешуданд. Эскуло Гранд шоҳиди ранҷҳое аст, ки Вениз алорағми талошҳои худ мутаҳаммил шуд. Гардишгарон ба онҷо мераванд, то наққошиҳои Тинтурету (Tintoretto)-ро аз наздик бибинанд. Аммо вақте қарантинаи феълӣ тамом шавад, хуб аст каме дар роҳпиллаҳои он таъаммул кунем, ҷое, ки саҳнаҳои риққатбори Зончӣ тоъуни вайронгари соли 1630-ро ба тасвир кашидаанд.

“Гувоҳӣ бар ишқи онҳо”. Тасвири Ҳендрике Эстуфел (Hendrickje Stoffels), асари Рембронт (Rembrandt).

Рембронт: Тасвири Ҳендрике Эстуфел, ҳудуди соли 1654

Ҳақиқати нороҳаткунандае аст, ки бахше аз барҷастатарин осори ҳунарии ҷаҳон дар пайи тоъуни хиёракӣ (бубонная чума) падид омаданд ва Ҳендрике Эстуфел яке аз қурбониёни ин беморӣ буд. Дар наққошие, ки Рембронти дилбохта аз ӯ кашида, ӯ бисёр зинда аст ва аз жарфои чашмони тираи худ ба мо менигарад, нигоҳе саросар самимият ва садоқат. Ҳендрике Эстуфел пеш аз он, ки шарики зиндагӣ ва кори Рембронт шавад, бевае буд, ки корҳои хонаи ӯро анҷом медод. Ӯ аз Рембронт соҳиби як духтар шуд ва писари Рембронт Титус (Titus)-ро низ бузург кард. Пас аз варшикастагии Рембронт, Эстуфел намояндаи молии ӯ шуд ва ӯро дубора сари по кард. Ин наққошӣ гувоҳии ишқи он ду аст. Сипас дар соли 1663, киштие аз Алҷазира тоъунро ба Омстердом овард ва ӯ яке аз қурбониён буд. Фуқдони ӯ мӯҷиби ғаму ранҷе шуд, ки дар корҳои охири Рембронт шоҳиди он ҳастем.

“Муҳофиз дар баробари тоъун”. Қиддис Себостин (Saint Sebastian), асари Герит вон Ҳунтҳурст (Gerrit van Honthorst). Соли 1623.

Герит вон Ҳунтҳурст: Қиддис Себостин, ҳудуди соли 1623

Сарбози румӣ, Себостин, ки ба хотири ақоиди масеҳии худ ба тирборон аз фосилаи наздик маҳкум шуд, як қиддиси муҳофиз дар баробари тоъун буд ва албатта мавриди писанди ҳамҷинсгароён. Наққошии Ҳунтҳурст метавонад ҳар ду унсурро таркиб кунад. Зодгоҳи ӯ Утрехт (Utrecht), дар Ҳуланд, дар даҳаи 1620 дучори ҳамагирии тоъун шуд. Дар ин асар, наққош қиддисро ҳамчун қаҳрамоне илҳомбахш тасвир кардааст, ки тавониста ба шакле мӯъҷизаосо зинда бимонад. Тирҳое, ки амиқ дар бадани ӯ нишаста монанди хиёракҳо кушандаанд, аммо Себостин тавонист аз паси ин озмоиши сахт барояд. Пӯсти рангпарида, фазои торик ва хушунати бисёри тасвир илҳомгирифта аз Коровоҷу (Caravaggio) аст, ки ҳунараш Ҳунтҳурстро дар сафар ба Рум ба ваҷд овард.

“Тасвири соявори аъмол нек”. Ҳафт амали нек, асари Коровоҷу (Caravaggio), соли 1607.

Коровоҷу: Ҳафт амали нек, соли 1607

Яке аз натоиҷи ғамангези ҳамагирии аслии Урупо ва бозгаштҳои чандинбораи он ин буд, ки намешуд маросими дафни ҷонбохтагонро ба шоистагӣ баргузор кард. Ҳамон тавр ки Коровоҷу дар ин тасвири соявор аз афроди неккирдор дар хиёбонҳои муҳаққари Нопул (Неапол) нишон медиҳад, ин “амали” муҳимме барои ҷомеаи масеҳӣ буд. Кашише чароғеро боло гирифта ва мардеро шабона ташйеъ мекунанд, дар ҳоле ки поҳояш аз кафан берун афтода. Гевонӣ Букочиу (Giovanni Boccaccio) дар шарҳи марги сиёҳ дар Флуронс (Флоренсия) мегӯяд, ки чӣ тавр маросими дафн аз равнақ афтод ва ҷасадҳо дар хиёбонҳо ҷамъ мешуданд. “Гудолҳои тоъунӣ”-и кашфшудаи пур аз ҷасадҳо собит мекунанд, ки мурдагон дар гӯрҳои ҷамъӣ дафн мешуданд.

“Замон ва марг”, асари Котрино де Ҷулёнис (Caterina de Julianis), пеш аз соли 1727.

Котрино де Ҷулёнис: Замон ва марг, пеш аз соли 1727

Тоъуни хиёракӣ (бубонная чума) дар охирҳои қарни 18 дар Урупо рӯ ба завол буд. Охирин осебҳои он дар соли 1720 дар Морси (Марсел) буд. Ин асари ҳунарӣ нишон медиҳад, ки хотираи сарзамине, ки марг онро чаповул карда дар зеҳн боқӣ мемонад. Ин асар нигоҳе ҳавлнок ба марг дорад ва онро бебандуборие медонад, ки тамоми орзуҳои инсонро бар бод медиҳад. Хотираи ин ҳамагирӣ (эпидемия) ҳаргиз аз зеҳнҳо пок нашудааст.

Guardian

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.