Ваҳдати исломӣ

Ҳукми шаръии кафну дафни вафотёфтагони куруноӣ

Қарори Маҷмаъи фиқҳи аҳли суннати Эрон:

Суол: Ҳукми ғусл, такфин (кафан кардан), намози ҷаноза ва тадфин (дафн кардан)-и майитҳои куруноӣ бо дар назар доштани эҳтимоли сироят ба ташйеъкунандагонро баён намоед. Дар сурати адами имкони ғусл ва таяммум, ҳукми намози ҷаноза бар онон чист?

Ҷавоб:

а) Аз лиҳози шаръӣ, ғусл додани майити куруноӣ лозим ва зарурӣ аст, бинобар ин, бо риояти тадбирҳои беҳдоштӣ ғусл дода шаванд. Ва дар сурати адами имкон, аз дур бар онон об пошида шавад. Агар ин ҳам мақдур набуд (яъне имконаш набуд), бо риояти тадбирҳо ва тавсияҳои беҳдоштӣ, таяммум дода шаванд. Ва дар сурати адами имкони ғуслу таяммум, бидуни ғусл ва таяммум дафн гарданд.

б) Бар майити куруноӣ намози ҷаноза хонда шавад, ба ин тартиб, ки бо риояти тадбирҳо ва тавсияҳои беҳдоштӣ, дар сурати имкон, ҷаноза дар муқобили намозгузорон қарор гирад. Ва агар бино ба таъкиди пизишкон ва Ситоди мубориза бо куруно, имкони намоз гузордан ба сурати мустақим бар ҷаноза вуҷуд надошт ва бидуни намози ҷаноза дафн гардид, бар қабри вай намози ҷаноза истеҳсонан хонда шавад.

Манбаъ: Sunnatonline

Қабри майити куруноӣ:

Қабре, ки барои дафни майтҳои куруноӣ ҳафр мешавад (канда мешавад), бояд ҳаддиақал 2 метр умқ дошта бошад. Умқи ин қабр бастагӣ ба сатҳи обҳои зеризаминӣ низ дорад, яъне агар сатҳи оби зеризаминӣ болост, бояд он қабр низ муҷаззо (изоляция) шавад.

Баъд аз он, ибтидо як лояи оҳакӣ дар интиҳои қабр пошида мешавад ва ҷасадро дар қабр мегузоранд ва бар рӯи он хок мерезанд, ки ин маворид низ бояд дар шароити комилан эмин анҷом шавад; зимни ин ки бояд сатҳи хоке, ки рӯи мазори онҳо рехта мешавад низ 30 сантиметр болотар аз бақияи қабрҳо бошад; барои ин ки агар қабр фурӯ нишаст, мушкиле эҷод нашавад. Ба далели ин ки вирус дар дохили бадани майит вуҷуд дорад, бояд ин нукот риоят шавад.

Дар воқеъ, танҳо фарқе, ки байни майитҳои куруноӣ ва майитҳои маъмулӣ вуҷуд дорад ин аст, ки қабри куруноиҳо 2,5 метр ва қабри соири майитҳо 1,5 метр аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.