Пароканда

Шабоҳати шароити имрӯз бо шароити 100 сол пеш – (Тасовир)

102 сол пеш аз шуюъи пондемии куруно, ҷаҳон шоҳиди як пондемии бузурги вируси грипп буд, ки ҳудуди 50 милюн нафар аз ҷамъияти ҷаҳонро зарфи муддати 2 сол (1918 то 1920) ба коми марг фиристод.

Гриппе, ки ба “Гриппи испониёӣ” маъруф шуда, аммо ҳеч иртиботи мустақиме ба кишвари Испониё надошта, балки барои нахустин бор дар байни нерӯҳои бритониёии ширкаткунанда дар ҷанги аввали ҷаҳонӣ шуюъ пайдо карда буд ва ба василаи ҷобаҷоии ҳамин нерӯҳо (бритониёӣ) буд, ки ба сар то сари ҷаҳон мунтақил шуд ва як пондемии маргборро шакл дод, ки беш аз 50 милюн нафар аз ҷамъияти ҷаҳонро зарфи муддати 2 сол қурбонӣ кард.

Тибқи тахминҳо, ин грипп 500 милюн нафар аз ҷамъияти дунё (як севвуми ҷамъияти ҷаҳон дар он рӯзҳо)-ро мубтало кард, ки аз ин теъдод ҳудуди 50 милюн нафар ҷони худро аз даст доданд.

Тафовути ҳамагирӣ (эпидемия)-и куруно бо гриппи як қарн пеш, дар қурбониёни он аст. Дар ҳоле, ки куруно бештар солмандонро мекушад, аммо бемории гриппи як қарн пеш бештар ҷавононро ба коми марг мефиристод.

Дар он 2 сол ҳам қонунҳои қарантина ва сиёсатҳои маҳдудкунандаи таҷаммӯъоти мардумӣ дар бисёре аз кишварҳо ба мавриди иҷро гузошта шуд, аммо муқобилаи муассир ва ҷаҳонӣ бо ин бемории танаффусӣ бо имконоти беҳдоштии он замон ва дар ҳоле, ки дунё машғули як ҷанги вайронгари ҷаҳонӣ буд, ки ҳамаи имконоти иқтисодии миллатҳо ва давлатҳоро ба муддати 4 сол ба коми худ балъида буд, бисёр душвор буд.

Дар он замон ҳам мардуми дунё дар ҷоҳое, ки имконот ва огоҳии беҳтаре буд, бо анвоъу ақсоми равишҳо талош мекарданд худро аз газанди вируси грипп ҳифз кунанд, ки аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо задани моск, шустушӯи дастҳо, зидди уфунӣ кардани маконҳои умумӣ ва либосҳо ва ғайра… ва низ нарафтан ба иҷтимоъоти умумӣ буд.

Дар он давра ҳам бархе боварҳои ғалат дар бораи таъсири бархе дармонҳо роиҷ шуд, дар ҳоле, ки ҳеч маншаи илмӣ надоштанд. Дар ин давра ҳам бо анбӯҳе аз боварҳои ғалат ва иттилооти гумроҳкунанда рӯ ба рӯ ҳастем, ки дар сатҳи густурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ мунташир мешаванд ва иддаи зиёде аз мардумро гумроҳ мекунанд.

Бо ин ҳол, вируси гриппи 100 сол пеш дар ниҳоят дар арзи 2 сол ҳудуди 50 милюн нафар аз ҷамъияти ҷаҳонро ба коми марг кашид; дар ҳоле, ки пештар ҷанги аввали ҷаҳонӣ ҳам ҳудуди 13 милюн ғайринизомӣ ва 9 милюн низомӣ (дар маҷмӯъ 22 милюн нафар)-ро ба коми марг кашида буд.

Тасвирҳои зер дабардорандаи тасовире аз он мақтаъи таърихӣ аст:

Марди устролиёӣ бо моски худ дар ҳоли акс гирифтан.

Бемористони саҳроии пойгоҳи низомии Ибирит дар аёлати Орконзоси Омрико.

Бозикунон ва тамошочиёни бисбол дар Омрико барои ҷилавгирӣ аз шуюъи бештари бемории грипп моск заданд.

Як назофатчӣ дар шаҳри Ню-йорки Омрико.

Интиқоли беморони гриппӣ дар шаҳри Сент Луиси аёлати Мисурии Омрико. Дар ин аёлат аз ибтидои шаклгирии эпидемӣ ҳамаи мадорис ва калисоҳо таътил шуданд ва иҷтимоъи беш аз 20 нафар мамнӯъ эълом шуд.

Аммо дуруст мисли бӯҳрони куруно, дар бӯҳрони гриппи 102 сол пеш ҳам бархе кишварҳо ва аёлатҳо ба қонунҳои қарантина эҳтиром мегузоштанд ва бархе риояти масоили беҳдоштиро намекарданд. Дар ин акс режаи солонаи рӯзи ёдбуд дар шаҳри Филоделфиё, маркази аёлати Пенсилвониё дар авҷи эпидемии соли 1918 дар ҳоли баргузорӣ аст. Саффҳои ба ҳам фишурдаи мардумӣ бидуни моску дасткаш. Пондемии гриппи соли 1918 дар маҷмӯъ беш аз 675 ҳазор омрикоиро кушт.

Сафҳаи нахусти рӯзномаи Seattle Times-и Омрико дар октябри 1918, ки дар титри аввали худ хабар аз баста шудани калисоҳо ва мадорис дар асари ҳамагирии бемории грипп медиҳад.

Дар он мавқеъ ҳам мисли алъон бархе боварҳои хурофӣ дар бораи равишҳои пешгирӣ аз беморӣ ба шиддат роиҷ шуда буд. Бовари умумӣ дар он солҳо ин буд, ки бастани як тӯмори кофур ба даври гардан монеъи ибтило ба беморӣ мешавад. Муқоиса кунед бо анвоъу ақсоми боварҳои ғалати имрӯзӣ дар бораи роҳҳои ҷилавгирӣ аз ибтило ба куруно, ки аз сӯи коршиносон рад шудааст.

Москҳои аҷибу ғариб, ки бо шиланг ба як дастгоҳ васл буд. (Феврали 1919)

Мумониат аз савор шудани як мусофир бидуни моск ба васоили нақлияи умумии шаҳри Сиэтл.

Як бовари на чандон илмии дигар низ ин буд, ки қарқара кардани обнамаки гарм боиси ҷилавгирӣ аз ибтило ба беморӣ мешавад.

Ҷаласаи додгоҳ дар шаҳри Сон-Фронсискуи Омрико барои ҷилавгирӣ аз издиҳоми ҷамъият дар як порк ва дар муҳите боз баргузор шудааст.

Рӯи панҷараи як қатори мусофирбарӣ навишта шуда: “Барои ҷилавгирӣ аз интишори беморӣ панҷараро боз бигузоред, то ҳаво ҷараён дошта бошад.” Ҳамчунин тавсия шуда панҷараи утоқҳои хона ҳам боз гузошта шаванд. Дуруст мушобеҳи тавсияҳои имрӯз дар бораи зарурати таҳвияи муносиби ҳаво барои ҷилавгирӣ аз шуюъи вируси куруно.

Ҳузури донишомӯзон бо моск дар мадраса. Дар он замон мисли имрӯз имкони омӯзиш аз роҳи дур ва аз тариқи онлойн фароҳам набуд ва дар бисёре аз манотиқ мадорис доир буданд.

Як бемористони саҳроӣ ва урдугоҳи нигаҳдории беморони грипп дар Омрико. Дар он мавқеъ пизишкон ба беморон тавсия мекарданд рӯзона ним соат дар ҳавои озод пиёдаравӣ кунанд. Ин як таҷвиз барои дармони беморон буд; зеро бовари умумӣ ин буд, ки истиншоқи ҳавои озод ба беҳбуди беморон кӯмак мекунад.

Дар соли 1919 ду мард дар шаҳри Пориси Фаронса бо дар даст гирифтани плокордҳое ба мардум тавсия мекунанд, ки барои ҷилавгирӣ аз шуюъи вирус моск бизананд.

Мардони ҷавони коргар дар як камп дар аёлати Нюҷерсии Омрико дар ҳоли қарқара кардани обнамак барои ҷилавгирӣ аз ибтило ба беморӣ.

Пиёдаравии 15 дақиқаии субҳгоҳии занон ва танаффуси ҳавои озод барои ҷилавгирӣ аз ибтило ба вирус.

Моск задани уперотури телефон.

Либосҳои муҳофизатии парасторон ва кодри дармон.

Asriran

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.