Ваҳдати исломӣ

Шаҳодати ҳазрати Алӣ ба ривояти Ибни Касир

Имрӯз, яъне 21-уми моҳи мубораки Рамазон, рӯзи шаҳодати ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб аст, ки ба дасти шахсе ба номи Абдурраҳмон ибни Мулҷам сурат гирифт. Ибни Мулҷам аз Хавориҷ буд, ки мӯътақид буданд ҳазрати Алӣ кофир аст.

Ибни Мулҷам дар саҳаргоҳи 19 моҳи мубораки Рамазон (ба ривояте 17 Рамазон) ҳангоми намози бомдод ба фарқи сари мубораки он ҳазрат бо шамшер зад; зарбате, ки бар асари он, Имом Алӣ ду рӯзи дигар, яъне дар 21 Рамазон, ба шаҳодат расид.

Моҷарои шаҳодати ҳазрати Алӣ дар бештари манобеъи таърихӣ аз ҷумла “Ал-комил”-и Ибни Асир (3 // 194-197), “Муруҷуз-заҳаб”-и Масъудӣ (2 // 40-44), “Албидоя ван-ниҳоя”-и Ибни Касир (7 // 361-367, Ашшомила) ва ғайра омадааст.

Ба муносибати солрӯзи шаҳодати он ҷаноб, дар ин навиштор моҷарои шаҳодати он ҳазратро ба нақл аз “Албидоя ван-ниҳоя”-и Ибни Касир, ки нисбатан ба тафсил нақл карда, барои хонандагони азиз меоварам.

* * *

Хабар додани ҳазрати Паёмбар (с) аз шаҳодати Алӣ (а)

Ибни Касир аз Имом Аҳмад ва ӯ бо санад аз Аммор ибни Ёсир ривоят кардааст: “Расули Акрам (с) хитоб ба Алӣ (ва ман) фармуд: Эй Абӯтуроб! Бароятон хабар бидиҳам, ки ду тан аз бадбахттарини мардумон (-и рӯи олам) чӣ касоне ҳастанд? Гуфтем: Бале, эй Расули Худо! Фармуд: (Яке) Уҳаймири (хунрези) Самуд аст, ки шутур (-и Солеҳ)-ро кушт, ва (дигарӣ) касе аст, ки ба фарқи сари ту, эй Алӣ, зарбат хоҳад зад ҳатто маҳосинат (ришат) оғишта (ба хун) хоҳанд шуд.” (Албидоя ван-ниҳоя, 6 // 243-244)

Хоб дидани ҳазрати Алӣ шабе пеш аз зарбат хӯрдан

Ибни Касир аз Ибни Абиддунё ва ӯ бо санад аз Имом Ҳасан ибни Алӣ ривоят мекунад, ки гуфт: “Падарам (Алӣ) ба ман гуфт: Расули Акрам (с) имшаб дар хоб бар ман зоҳир шуд, ба ӯ арз кардам: Эй Расули Худо! Бисёр нофармонӣ ва душманӣ аз уммати шумо дидам. Паёмбар (с) фармуд: Онҳоро нафрин кун. Гуфтам: Худо ба ҷойи онҳо беҳтарин ашхосро ба ман бидиҳад, ва ба ҷойи ман бадтарин касро бар онҳо ҳоким гардонад!..” (Албидоя ван-ниҳоя, 8 // 13)

Музокираи бозмондаҳои Хавориҷ

Ибни Касир гӯяд: “Ибни Ҷарир ва ҷамъе дигар аз муаррихон овардаанд, ки се нафар аз Хавориҷ — яъне Абдурраҳмон ибни Амр маъруф ба Ибни Мулҷам, Бурак ибни Абдуллоҳи Тамимӣ ва Амр ибни Бакри Тамимӣ — бо ҳам ҷамъ шуданд ва дар бораи кушташудаҳои Наҳравон (Хавориҷ) ба дасти Алӣ ба баҳсу гуфтугӯ нишастанд ва бо ҳам гуфтанд: Боқӣ мондан пас аз онҳо дигар бароямон маъно надорад. Назаратон чист агар ҷони худро (дар роҳи Худо) нисор кунем ва пешвоёни гумроҳиро бикушем ва ҷомеаро аз дасти онҳо роҳат намоем, дар айни ҳол интиқоми хуни бародаронамон (Хавориҷи Наҳравон)-ро ҳам гирифтаем?

Ибни Мулҷам гуфт: Ман Алиро мекушам. Бурак гуфт: Ман Муовияро мекушам. Амр ибни Бакр гуфт: Ман ҳам Амр ибни Осро хоҳам кушт.

Пас, бо ҳам паймон бастанд, ки ҳеч як аз онҳо аз тасмими худ барнагардад магар ё афроди мазкурро ба қатл расонад ва ё худ дар ин роҳ кушта шавад. Сипас шамшерҳои худро бардоштанд ва бо заҳр олудааш карданд ва бо ҳам ваъда ниҳоданд, ки ҳар як дар 17 Рамазон шабона кори фарди мавриди назари худро дар ҳамон шаҳре, ки қарор дорад, яксара кунад.

Ибни Мулҷам ба сӯи Кӯфа (маркази хилофат) раҳсипор шуд ва вориди он гашт ва мақсади худро ҳатто аз ёрони Хавориҷаш, ки дар Кӯфа буданд, пинҳон дошт.

Ибни Мулҷам замоне, ки дар миёни гурӯҳе аз Банӣ Рубоб нишаста буд ва дар бораи кушташудаҳои Наҳравон сӯҳбат мекарданд, ногаҳон зане аз миёни онон, ки Қутом бинти Шиҳна ном дошт, наздик шуд; зане, ки падар ва ду бародараш дар Наҳравон кушта шуда буданд. Қутом бениҳоят зани зебое буд ва ба ҷамолу зебоӣ машҳур. Ӯ дар масҷиди ҷомеъи Кӯфа гӯшанишин шуда ва ба ибодат машғул буд. Вақте чашми Ибни Мулҷам ба ӯ афтод, шефтааш шуд ва он зан ақли ӯро рабуд, ба ҳадде, ки дигар фаромӯш кард аслан барои чӣ ба Кӯфа омадааст. Ба хостгории Қутом рафт. Қутом маҳрияи худро се ҳазор дирҳам, як хидматкор ва каниз ва куштани Алӣ ибни Абӯтолиб қарор дод.

Ибни Мулҷам гуфт: Ба чашм, ба Худо савганд, ман ба Кӯфа наёмада будам магар барои куштани Алӣ ибни Абӯтолиб.

Бо ӯ издивоҷ кард. Қутом шурӯъ кард ба таҳрики Ибни Мулҷам барои куштани ҳазрати Алӣ. Марде ба номи Вардонро, ки аз қавмаш буд, барои кӯмак ба Ибни Мулҷам фаро хонд. Ибни Мулҷам низ як марди дигареро низ, ки Шабиб ибни Наҷдаи Ашҷаъӣ ном дошт, барои анҷоми ин ҷиноят ҷазб кард ва гуфт: Оё мехоҳӣ дар дунё ва охират сарбаланд бошӣ? Гуфт: Бале, бояд чӣ кор кунам? Гуфт: Бояд Алиро бикушем? Шабиб гуфт: Модарат ба азоят биншинад! Чӣ гуна мехоҳӣ ин корро анҷом бидиҳӣ? Гуфт: Дар масҷид дар камини ӯ менишинам ва ҳамин ки барои адои намози бомдод омад, ӯро мекушем. Агар наҷот ёфтем, ки ҷонамон роҳат карда ва интиқоми худро гирифтаем, вале агар кушта шудем, он чи пеши Худост беҳтар аз ин дунёст (яъне биҳишт насибамон шуда).

Шабиб гуфт: Вой бар ту! Агар ғайри Алӣ буд, кор бар ман осонтар буд; зеро собиқаи Алӣ дар ислом ва қаробаташ бо Расули Худо (с) бароям маъруф аст, бинобар ин, ман аз қатли Алӣ шодмон нахоҳам шуд.

Ибни Мулҷам гуфт: Оё фаромӯшат шудааст, ки Алӣ аҳли Наҳравон (Хавориҷ)-ро ба қатл расонда? Гуфт: Медонам. Ибни Мулҷам гуфт: Пас, ӯро дар баробари кушташудаҳои Наҳравон мекушем. Он вақт Шабиб розӣ шуд.

Моҳи Рамазон фаро расид. Ибни Мулҷам ба ҳамдастонаш шаби ҷумъа 17 Рамазонро замони анҷоми кор қарор дод ва гуфт: Ин шаб ҳамон шабе аст, ки дӯстон ваъдаам карданд, ки кори Муовия ва Амр ибни Осро яксара кунанд.

Пас, он се нафар – Ибни Мулҷам, Вардон ва Шабиб – омаданд, дар ҳоле, ки шамшерҳои худро ба ҳамроҳ доштанд ва дар муқобили даре, ки Алӣ аз он вориди масҷид мешуд нишастанд. Замоне ки ҳазрати Алӣ ворид шуд, мардумро барои намоз бедор мекард ва мегуфт: Намоз, намоз! Дар ҳамин ҳангом Шабиб бо шамшер ба ҳазрат ҳамла кард, аммо тираш ба хато рафт. Аммо Ибни Мулҷам ба фарқи сари Алӣ зад ва хуни ҳазрат бар маҳосинаш ҷорӣ шуданд. Ибни Мулҷам замоне ки ин зарбатро зад, гуфт: Ло ҳукма илло лиллоҳ (ҳукм аз они Худост), на аз они ту, эй Алӣ ва ёронат! Ва ояти 207 сураи Бақараро мехонд.

Ҳазрати Алӣ нидо дод, ки ӯро бигиред! Вардон фирор кард, вале марде ӯро гирифт ва кушт. Шабиб гурехт ва худро наҷот дод. Ибни Мулҷамро мардум гирифтанд. Пас аз намоз, Алиро бардоштанд ва ба хонааш бурданд. Ибни Мулҷамро пеши Алӣ оварданд. Алӣ хитоб ба ӯ гуфт: Оё ба ту некӣ накардам?! Гуфт: Бале, кардаӣ. Алӣ фармуд: Пас, чӣ чизе туро водор ба ин кор намуд? Гуфт: Шамшерамро чиҳил рӯз тез кардам ва аз Худо хостам, ки ба воситаи он бадтарин халқи Худо кушта шавад. Ҳазрати Алӣ ба ӯ гуфт: Туро намебинам магар кушташуда ба ҳамин шамшер, ва туро намебинам магар бадтарини халқи Худо! Сипас фармуд: Агар вафот кардам, ӯро бикушед, аммо агар зинда мондам, худам медонам бо ӯ чӣ кор кунам…” (Албидоя ван-ниҳоя, 7 // 361-362)

Васияти Алӣ

Ибни Касир гӯяд: матни васияти Алӣ пеш аз шаҳодат ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир Раҳмони Раҳим

Ин васияте аст, ки Алӣ ибни Абӯтолиб мекунад. Алӣ шаҳодат медиҳад, ки ҷуз Аллоҳ худое нест; Аллоҳе, ки ягона аст, шарике надорад ва Муҳаммад банда ва фиристодаи ӯст, Худо ӯро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристода, то онро бар ҳамаи адён пирӯз кунад агарчӣ мушриконро хуш наояд.

Намози ман, ибодати ман, зиндагӣ ва марги ман, ҳама барои парвардигори ҷаҳониён, ки шарике надорад аст, ва ба ҳамин маъмурам ва ман нахустини мусалмонон ҳастам.

Ҳасанҷон! Туро ва ҷамиъи фарзандонам ва ҳар касеро, ки ин номаам ба ӯ мерасад, ба тақвои Худо, парвардигоратон, тавсия мекунам; ва ин ки намиред магар дар ҳоле, ки мусалмон бошед. Ба ресмони Худо ҳамагӣ чанг занед ва пароканда машавед; зеро аз Паёмбар (с) шунидаам, ки мегуфт: “Ислоҳкорӣ байни мардум, аз намозу рӯзаи яксола бартар аст.”

Ба хешовандони худ бирасед, то Худованд бар шумо ҳисобро осон кунад.

Худоро, Худоро дар бораи ятимон! Накунад, ки онҳо гоҳе сер ва гоҳе гурусна бимонанд ва ҳуқуқашон аз байн равад.

Худоро, Худоро дар бораи ҳамсоягон! Ҳуқуқашонро риоят кунед, ки васияти Паёмбари шумост; зеро ӯ ҳамвора ба хушрафторӣ бо ҳамсоягон суфориш мекард, то он ҷо, ки гумон кардем барои онҳо меросе таъйин хоҳад кард.

Худоро, Худоро дар бораи Қуръон! Мабодо дигарон дар амал кардан ба дастуроти қуръонӣ, бар шумо пешӣ гиранд.

Худоро, Худоро дар бораи намоз! Зеро намоз сутуни дини шумост.

Худоро, Худоро дар бораи хонаи Худо! То ҳастед, онро холӣ нагузоред; зеро агар Каъба хилват шавад, мӯҳлат дода намешавад.

Худоро, Худоро дар бораи моҳи Рамазон! Зеро рӯзаи Рамазон сипарест дар баробари оташи дӯзах.

Худоро, Худоро дар бораи ҷиҳод бо молу ҷонҳои худ дар роҳи Худо!

Худоро, Худоро дар бораи закот! Зеро закот оташи хашми Худоро хомӯш мекунад.

Худоро, Худоро дар мавриди аҳли байти Паёмбаратон! Мабодо дар байни шумо мавриди зулму ситам қарор бигиранд.

Худоро, Худоро дар мавриди саҳобаи Паёмбаратон! Зеро Расули Худо (с) ба некӣ ба онҳо тавсия кардааст.

Худоро, Худоро дар мавриди фақирон ва мискинҳо! Онҳоро шарики маъошу зиндагии худ қарор бидиҳед.

Худоро, Худоро дар мавриди зердастонатон! Зеро охирин сухани Расули Худо (с) ин буд, ки фармуд: Шуморо ба занҳоятон ва зердастонатон тавсия мекунам.

Мувозиби намоз бошед, мувозиби намоз бошед.

Дар роҳи Худо ҳаргиз аз маломати маломаткунанда наҳаросед. Худо худаш шуморо басанда аст дар баробари бадхоҳон ва касоне, ки ба шумо таҷовуз мекунанд.

Ба мардум сухани нек бигӯед чунонки Худованд амратон карда.

Амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро тарк накунед, ки бадҳои шумо бар шумо мусаллат мешаванд, он гоҳ ҳар чӣ Худоро бихонед, ҷавоб нахоҳад дод.

Бар шумо бод пайвастан бо якдигар ва бахшиши ҳамдигар! Мабодо аз ҳам рӯй гардонед ва пайванди дӯстиро аз байн бубаред!..” (Албидоя ван-ниҳоя, 7 // 362-363)

Дар ривояте дигар, ин ҷумла ҳам ҳаст, ки: “Эй фарзандони Абдулмутталиб! Мабодо пас аз ман даст ба хуни муслимин фурӯ баред ва бигӯед, ки Амиралмӯъминин кушта шуд! Бидонед, ки ғайр аз кушандаи ман (яъне Абдурраҳмон ибни Мулҷам), каси дигар набояд кушта шавад. Дуруст бингаред! Агар ман аз зарбати ӯ мурдам, ӯро танҳо як зарбат бизанед ва дасту по ва дигар аъзои ӯро набуред. Ман аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) шунидам, ки фармуд: “Бипарҳезед аз буридани аъзои мардум, гарчи саги ҳор (девона) бошад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.