Дидгоҳ

Андаке дар бораи марҳум Эшони Нусратуллоҳ

Ин рӯзҳо, дар таърихи Тоҷикистон, бешак ба унвони рӯзҳои пур аз ғаму андӯҳ сабт хоҳад шуд. Соате нест, ки холӣ аз хабарҳои дилхароши даргузашти ин ё он шахсият ва ё яке аз азизонамон бошад; хабарҳое, ки андӯҳгинамон мекунад ва маҳзунамон месозад.

Дирӯз як инсони бисёр шарифу некноме моро тарк гуфт, ӯ ҳам дар асари ибтило ба вируси қотил ва кушандаи куруно даргузашт: Эшони Нусратуллоҳ! Бар худам лозиму воҷиб медонам дар бораи ӯ бинависам. Аммо пеш аз муаррифии эшон, иҷоза бидиҳед як муқаддимаи кӯтоҳ пеш ниҳам.

Дар ҷомеаи мо, мутаассифона руҳонӣ ва муллое, ки дӯст дошта бошад гумном бимонад ва касе ӯро нашносад ва мавриди эҳтирому гиромидошти мардум ва садрнишини маҷолис набошад, бисёр андак аст. Ва агар, афзун бар мулло ва руҳонӣ будан, ба истилоҳ Эшон ҳам бошад ва дӯст дошта бошад маҷҳулу ношинохта бимонад, агар нагӯям ёфт намешавад, лоақал ангуштшумор аст.

Ва ин дар ҳолест, ки Зуннуни Мисрӣ мегӯяд:

قال بعض العلماء: ما أخلص العبد لله إلا أحب أن يكون في جب لا يعرف

Баъзе уламо гуфтаанд: Банда агар барои Худо холис гардад, дӯст хоҳад дошт, ки дар даруни чоҳе бошад ва ношинохта бимонад.” (Шуъаб ул-имон, 14 / 451)

Ва ҳам ӯ мегӯяд:

من صفة الحكيم: حب خمول الذكر

Аз сифати ҳаким яке ин аст, ки дӯст дошта бошад гумном ва ношинохта бимонад…” (Аззуҳд ул-кабир, 1 / 153)

Зикри муқаддимаи фавқ барои баёни ин нукта буд, ки Эшони Нусратуллоҳ, ки ҳам эшонзода буд ва ҳам руҳонӣ ва мулло – тоза, муллои босаводу донишманд – аз он қисм инсонҳое буд, ки дӯст доранд гумном бошанд, на машҳуру пуровоза; дӯст доранд поиннишин бошанд, на болонишину садрнишин; дӯст доранд хидмат кунанд, на хидмат бибинанд; дӯст доранд гӯш супоранд ва бишнаванд, на сухан кунанд ва ҳарф зананд.

Азизоне, ки ӯро мешиносанд ва бо ӯ ҳамнишин буданд, мефаҳманд чӣ мегӯям. Ҳамин яке ду соат пеш, ёддошти Домулло Муҳамадсаъид Ризоиро, ки дар бораи Эшон навиштааст дидам. Домулло навиштааст: “Ҳазрати Эшон шахсияти нодир, олим ва ориф буданд. Болои ин ҳама, муҷоҳиди кабир ва сарсупурдаи роҳи ҳаққу татбиқи адолатро ҷузъи таркибии худ сохта буданд. Бароям дар ахлоқ, ухуввату бародарӣ ва сиъаи садр улгу буданд. Ифтихор мекунам, ки бо ҳазрати Эшон ҳамаср ва ҳамзист будам. Дар пешгоҳи Парвардгор — ин бандаи ҳақирро иҷозаи ҳарф задан, бидиҳанд — шаҳодат медиҳам марҳум эшони Нусратуллоҳ мӯъмини содиқ ва роҳрави роҳи илоҳӣ буданд. Бо марҳум хотироти фаровоне дорам. Руҳат шод, қабрат пурнур ва хонаи охират ҷивори Русули Худо, ҷадди бузургат (с) бошад…

Ва комилан дуруст мегӯянд Домулло Муҳаммадсаъид. Дар омӯзишгоҳи исломие, ки солҳои 1999-2001 дар шаҳри Душанбе бо дастгирии марҳум Устод Нурӣ (р) таъсис шуда ва ҳудуди як солу ним фаъолият кард, Эшони Нусратуллоҳ устод буданд ва ба донишҷӯён дарси ахлоқ мегуфтанд, аз китоби “Одобул-мутаъллимин”. Эшонро бештар онҷо шинохтам. Бо ҳам ҳамкор будем.

Асосан маҳол буд касе ӯро бишносад ва шефтаи рафтору кирдори волояш нашавад. Донишҷӯён дарси ахлоқро беш аз он ки аз китобе, ки барояшон тадрис мекард биомӯзанд, аз рафтораш меомӯхтанд. Инро худи донишҷӯён мегуфтанд.

Хулоса, дирӯз як инсони худсохта (худсохта ба тамоми маънои калимаи худсозӣ), як инсони бисёр шариф ва фурӯтан ва мутавозеъ, ва аз ҳама муҳим, як руҳонӣ ва муллои босавод ва огоҳ, ки ҳаргиз дӯст надошт шинохта бошад ва то охири умри шарифаш ҳам гумному ношинохта монд, моро тарк гуфт.

Як бори дигар, даргузашти Эшони Нусратуллоҳро барои дӯстдоронаш ва мардуми шарифи ноҳияи Фархор ва ба хусус фарзандон ва бастагонаш таслият мегӯям ва барои марҳум раҳмату мағфират ва барои бозмондагонаш сабру бурдборӣ хоҳонам.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.