Сиёсат

Подшоҳи Ӯрдун “Исроил”-ро таҳдид ба ҷанг кард

Подшоҳи Ӯрдун таҳдид кард, ки агар режими саҳюнистӣ бахшҳое аз Каронаи Бохтариро ба сарзаминҳои ишғолӣ мулҳақ созад, боиси даргирии бузурге бо Ӯрдун хоҳад шуд.

Абдуллоҳи II, подшоҳи Ӯрдун, дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Der Spiegel, тасреҳ кард, алъон, ки ҳамаи ҷаҳон бо вируси куруно даргир ҳастанд, бояд ҳама барои мубориза бо ин даст ба кор шаванд ва бояд ин пурсишро матраҳ кард, ки оё акнун замони муносибе барои инҳилоли як давлат аст?

Вай идома дод: “Раҳбарон (-и сиёсӣ), ки нидои роҳкори такдавлатӣ сар медиҳанд, аз паёмадҳои он иттилое надоранд. Инки агар Ташкилоти худгардони Фаластин аз байн биравад, чӣ иттифоқе рух хоҳад, қатъан шоҳиди ҳарҷу марҷ ва ифротигарии бештар дар минтақа хоҳем буд.”

Ба гузориши рӯзномаи Alrai, Абдуллоҳи II хотирнишон кард: “Агар Исроил, амалан, бахшҳое аз Каронаи Бохтариро (ба сарзаминҳои ишғолӣ) мулҳақ кунад, боиси даргирии бузурге бо Подшоҳии Ӯрдуни Ҳошимӣ хоҳад шуд.”

Вай дар посух ба ин пурсиш, ки оё дар сурати мулҳақ кардани Каронаи Бохтарӣ, амал ба паймони сулҳ бо “Исроил”-ро ба ҳолати таълиқ дархоҳад овард, хотир нишон кард: “Намехоҳам таҳдид кунам ё фазоро ба сӯи ихтилофу даргирӣ биронам, вале ҳамаи гузинаҳоро баррасӣ хоҳам кард. Мо бо кишварҳои зиёде дар Урупо ва ҷомеаи байналмилал иттифоқи назар дорем, ки набояд дар Ховари Миёна қонуни зӯрро пиёда кард.”

Дар ҳамин иртибот, Айман Ассафадӣ, вазири хориҷаи Ӯрдун, моҳи феврали соли ҷорӣ  таъкид кард, ки “дар ҳимоят аз бародарон (-и фаластинӣ)-и худ барои эҳқоқи тамоми ҳуқуқи машрӯъи онон ва дар раъси он, ҳаққашон дар озодӣ ва ташкили ҳукумат ба пойтахтии Қудс дар марзҳои 1967, бар асоси роҳкори ду давлат ва мутобиқ бо ҳуқуқи байналмилал”, мавзеъи давлати Ӯрдун собит аст.

Вай тасреҳ кард, ки Ӯрдун дар ҳоли ройзанӣ аст, то тамоми раҳнамудҳои Абдуллоҳи II ва Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластинро иҷроӣ кунад.

Ассафадӣ хотирнишон кард, раҳнамудҳои Аббос ва Абдуллоҳи II дар ростои “талош барои таҳаққуқи сулҳи одилона ва фарогире аст, ки посухгӯи ҳуқуқи миллати Фаластин бошад ва ба даргирӣ поён диҳад, то минтақа аз амният ва субот баҳраманд шавад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.