Ҷаҳон

Эрон дар мубориза бо куруно чӣ гуна беҳтар аз кишварҳои ғарбӣ амал кард

Бахше аз гузорише дар нашрияи Counter Punch

Масоил дар Эрон чӣ гуна аст? Эрон дар ин набард чӣ кардааст? Ададу рақамҳо нишон медиҳад, ки ин кишвар бисёр беҳтар аз аксари кишварҳои ғарбӣ амал кардааст. Ададу рақамҳо нишон медиҳад, ки Эрон нисбат ба Фаронса, Олмон, Итолиё, Испониё, Омрико, Англис ва Суис (Швейтсария) бисёр беҳтар амал кардааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба таҳримҳое, ки тавассути Иёлоти Муттаҳидаи Омрико эъмол шуда, эрониҳо аз назари таҷҳизоти лозим барои анҷоми озмоишҳои ташхисӣ дар ҳангоми ибтило ба вирус, фоқиди таҷҳизот буданд ва ба таҷҳизоту доруҳои мавриди ниёзи пизишкӣ дастрасӣ надоштанд, ки ин амр мушкилоте ба вуҷуд овард. Эрон алорағми таҳримҳо ва ғофилгирӣ, тавониста амалкарди беҳтаре аз аксари кишварҳо дар ин замина дошта бошад. Эрон барои таъмини ниёзҳои худ чӣ иқдомоте анҷом додааст?

Шуморе аз мақомот дар саросари ҷаҳон аз мубориза бо куруновирус таҳти унвони “ҷанг” таъбир кардаанд ва ба дурустӣ низ чунин мегӯянд. Аз сӯи дигар, теъдоде аз иқтисодҳои барҷастаи ҷаҳон ба шиддат осеб дидаанд, ки эҳтимолан ҳатто мунҷар ба назми навини ҷаҳонии ҷадиде хоҳад шуд. Бо ин вуҷуд, он чи Ҷумҳурии Исломии Эрон анҷом дода, басиҷи тамоми нерӯҳои мумкин барои муқобила бо он аст, яъне артиш, сипоҳ, басиҷи мардумӣ (басиҷ) ва анҷуманҳои мардумӣ, ки ҳар кадом вазифаи худро анҷом медиҳанд.

Дар шароити таҳрим, эрониён маҷбур шуданд ба худ эътимод кунанд ва ба ҳамин далел тасмим гирифтанд, ки ниёз ба кетҳои (абзори) ташхисиро аз тариқи тавлиди дохилӣ таъмин кунанд. Вазорати беҳдошти Эрон ахиран эълом кардааст, ки як кети ташхисии куруновирус тавлид кардааст, ки метавонад тайи 2 соат ташхиси дақиқ дошта бошад ва ҳатто метавонад онҳоро ба бозорҳои ҷаҳонӣ содир кунад. Ин кетҳо ба тозагӣ ба Олмон содир шудаанд ва соири кишварҳо аз ҷумла Бразил, Экводур, Испониё ва Туркия низ хостори хариди ин кетҳо шуданд.

Билофосила пас аз шуюъи густурдаи вирус дар Эрон, тамоми нерӯҳо зери парчами Кумитаи миллии мубориза бо куруновирус ҷамъ шуданд ва бад-ин тартиб талошҳои худро барои таъмини таҷҳизоти мавриди ниёз ҳамоҳанг карданд.

Дар мавриди ҳазинаҳои дармонӣ, беморони куруно дар Эрон дар сурати ибтило ба ин беморӣ нигаронии зиёде надоранд, зеро Эрон дорои системи муроқибатҳои беҳдоштии густурдае аст, ки мунҷар ба эҷоди шароити душворе барои беморон нахоҳад шуд. Ҳазинаҳои дармонӣ барои беморони ICU (муроқибатҳои вежа) ба таври миёна 4.5 милюн тумон (тақрибан 300 дулор) ва 2 милюн тумон (130 дулор) барои тахтҳои оддӣ аст. Илова бар ин, агар бемор бима (медицинское страхование) шуда бошад (ҳамон тавр ки бештари беморон ҳастанд), онҳо фақат бояд 10 % аз ҳазинаро бипардозанд ва агар ҳатто қодир ба пардохти ин ҳазина набошанд, ҳазинаи дармонӣ аз онҳо дарёфт намешавад. Ба назари дармонӣ, Эрон аз аввалҳои моҳи март истифода аз плосмодармонӣ (плазменная терапия)-ро шурӯъ кард ба гунае, ки гуфта мешавад дармон бо плосмо боиси коҳиши маргу мири 40 дарсадӣ дар беморони куруноӣ шудааст.

Ин ба маънои ин нест, ки куруновирус барои Эрон мушкили иқтисодӣ эҷод накардааст, балки пешбинӣ мешавад дар оянда ҳам боиси мушкилоти иқтисодии бештаре шавад. Аммо ин мавриде аст, ки монанди таҳримҳо мунҷар ба омиле барои такя бар тавлиди дохилӣ шуда ва инзиво аз бозорҳои ҷаҳонӣ ба ин маъност, ки иқтисоди Эрон ба андозаи соири иқтисодҳои мутаассир аз вирус қарор нагирифтааст. Интизор меравад ин бемории ҳамагир 3 % аз тавлиди нохолиси дохилии Эронро коҳиш диҳад, ба ин маънӣ, ки иқтисоди Эрон метавонад то 30 милёрд дулор осеб бибинад. Аммо дар муқоиса, Goldman Sacs унвон карда, ки 34 дарсади тавлиди нохолиси дохилии Омрико коҳиш ёфтааст ва пешбинӣ мешавад тавлиди нохолиси дохилии Англис 15 дарсад коҳиш ёбад.

Кулли гузоришро метавонед инҷо бихонед: Counter Punch

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.