Аҳкоми рӯза

Ҳукми намози ид дар рӯзгори куруно // Оё иқтидо ба имом аз тариқи телевизиюн ҷоиз аст?

Ҳукми барпоии намози ид дар рӯзгори куруноӣ, ки таҷаммӯъот мамнӯъ ҳастанд, чист? Оё ҷоиз аст ба сурати маҷозӣ (аз тариқи телевизиюн) баргузор шавад ва мардум аз хонаҳояшон аз пушти телевизиюн ба имом иқтидо кунанд?

1) Ҳукми намози ид дар хона:

Дар ин мавзӯъ, фатвои мазҳабҳои исломӣ фарқ мекунад. Бино бар фатвои мазҳаби шофеӣ ва ҳанбалӣ, барпоии намози ид дар хона ҷоиз аст. Дуктур Холид Имрон, дабири фатвои Дорул-ифтои Миср изҳор доштааст: “Ҷоиз аст барпоии намози ид дар хона, аммо бидуни хутба, чӣ ба сурати инфиродӣ (танҳо) ва чӣ ба ҷамоат ҳамроҳ бо хонавода, ба шарти риояти тавсияҳои пешгиронаи пизишкон.”

Шайх Абдулазиз Оли Шайх, муфтии аъзами Саудӣ низ изҳор доштааст: “Барпоии намози ид дар хона ҷоиз аст, ба хотири пойбандӣ ба тавсияҳои пешгирона, аммо бидуни хутба.”

Аммо бино бар фатвои фуқаҳои мазҳаби ҳанафӣ, барпоии намози ид дар хона ҷоиз нест. Шайх дуктур Холид Ҳанафӣ, дабири кулли Шӯрои урупоии фатво ва раиси бахши фатво дар Олмон, дар гуфтугӯ бо шабакаи Алҷазира, дар ин хусус гуфт: “Аввалан, бояд бар зарурат ва аҳаммияти риоят ва пойбандӣ бар тасмимҳои мақомоти беҳдоштӣ ва созмонҳои беҳдоштӣ дар ҳар кишваре дар хусуси пешгирӣ аз густариши куруновирус ва адами таҷаммӯъот, таъкид кунам. Зеро пойбандӣ бар онҳо дастури динамон аст ва ҳифзи ҷон аз мақосиди шариат маҳсуб мешавад.

Вай афзуд: “Сониян, барпоии намози ид дар хона ҳамроҳ бо хонавода, аз назари фуқаҳои ҳанафӣ ҷоиз нест. Зеро иҷтимоъ яке аз шартҳои барпоии намози ид аст. Ҳазрати Паёмбар (с) намози идро ҷуз ба ҷамоат барпо надоштаанд.”

Аз назари мазҳаби ҳанафӣ, агар ба хотири монеъае (мисли ҳамин куруно), имкони барпоии намози ид вуҷуд надошт, ин намоз қазо ҳам надорад.

* * *

2) Оё ҷоиз аст намози ид ба сурати маҷозӣ баргузор шавад ва мардум аз хонаҳояшон аз пушти телевизиюн ба имом иқтидо кунанд?

Маҷмаъи таҳқиқоти исломии Алазҳар дар фатвое изҳор доштааст:

Шарти саҳеҳ будани иқтидои маъмум ба имом дар намозҳои ҷамоат (чӣ ҷумъа бошад ё ид) аз назари фуқаҳо, ин иттисол (тамос)-и маконӣ аст, ба ин маъно, ки ҳам имом ва ҳам маъмум дар як макон бошанд.

Дар “Бадойеъус-санойеъ”, ки китоби фиқҳии мазҳаби ҳанафист омада:

ومنها اتحاد مكان الإمام والمأموم، ولأن الاقتداء يقتضي التبعية في الصلاة، والمكان من لوازم الصلاة فيقتضي التبعية في المكان ضرورة، وعند اختلاف المكان تنعدم التبعية في المكان فتنعدم التبعية في الصلاة لانعدام لازمها

“Аз ҷумлаи шартҳои он, иттиҳоди (ягонагии) макони имом ва маъмум аст, ва аз он ҷо, ки иқтидо табаият (пайравӣ ва вобастагӣ)-ро металабад – ва макон ҳам аз лозимаҳои намоз аст (яъне аз намоз ҷудо нест) – пас, (иқтидо) заруратан табаият дар маконро низ металабад. Бинобар ин, дар сурати ихтилофи макон (яъне макони имом дар ҷое бошад ва макони маъмум дар ҷои дигар), табаият дар макон аз байн меравад, он гоҳ табаият дар намоз ҳам аз миён меравад…” (Бадойеъус-санойеъ, 1 // 145)

Пас бо таваҷҷӯҳ ба ин, барпоии намози ҷумъа (ё ид) аз тариқи телевизиюн ё родию ё аз тариқи васоили иртиботии мудерн саҳеҳ нест, ва ҳар кас ин корро анҷом диҳад, намозаш ботил аст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.