Ҷаҳон

Вокуниши Омрико ба таҳдиди подшоҳи Ӯрдун алайҳи “Исроил”

Ба дунболи таҳдиди “Исроил” аз сӯи подшоҳи Ӯрдун, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Омрико хостори беҳбуди равобит миёни ду тараф шуд.

Мургон Уртогус (Morgan Ortagus), сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Омрико, дар суханоне нисбат ба таҳдиди “Исроил” ба “ҷанге бузург” аз сӯи Абдуллоҳи дуввум, подшоҳи Ӯрдун, вокуниш нишон дод.

Вай дар ин бора гуфт: “Омрико равобити наздике бо Ӯрдун дорад ва ин кишвар нақши вежаеро дар минтақа ифо мекунад.”

Уртогус афзуд: “Мо хостори равобити нисбатан заъифи амниятии Исроил ва Ӯрдун нестем, балки мехоҳем равобити иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо низ қавӣ бошад. Мо комилан дарк мекунем, ки подшоҳи Ӯрдун нигаронии худро баён кард ва ба ҳамин далел мӯътақидем, ки бояд ба тарҳи сулҳи Тромп бозгардем.”

Вай дар идома бо ишора ба талошҳои “Исроил” барои илҳоқи манотиқе аз Каронаи Бохтарӣ ба сарзаминҳои ишғолӣ, тасреҳ кард: “Музокирот дар бораи илҳоқи бахшҳое аз Каронаи Бохтарӣ бояд бахше аз музокирот миёни фаластиниҳо ва исроилиҳо бар асоси тарҳи сулҳи Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико бошад.”

Гуфтанист, подшоҳи Ӯрдун дирӯз (шанбе) дар мусоҳиба бо маҷаллаи Эшпигели Олмон гуфт: “Илҳоқи бахшҳое аз Каронаи Бохтарӣ ба Исроил паёмадҳои хатарноке ба ҳамроҳ хоҳад дошт. Агар Исроил амалан бахшҳое аз Каронаи Бохтариро илҳоқ кунад, боиси ҷанги бузурге бо Ӯрдун хоҳад шуд.”

Вай дар бораи ин ки оё паймони сулҳ бо Исроил таълиқ хоҳад шуд ё хайр, гуфт: “Намехоҳам таҳдид кунам ё фазоро ба сӯи ихтилоф ва даргирӣ биронам, вале ҳамаи гузинаҳоро баррасӣ хоҳам кард. Мо бо кишварҳои зиёде дар Урупо ва ҷомеаи байналмилал иттифоқи назар дорем, ки набояд дар Ховари Миёна қонуни зӯрро пиёда кард.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.