Сиёсат

Фишори хориҷӣ ё талоши дохилӣ: Ғайнӣ ва Абдуллоҳ чӣ гуна ба тавофуқ расиданд?

Қатори сиёсии давлати Афғонистон саранҷом пас аз моҳҳо кешу қавс рӯи рели ҳаракат қарор гирифт. Дар ин робита, Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ пас аз гузашти беш аз 6 моҳ, як тавофуқи сиёсиро дар ростои оғоз ба кори давлати эътилофӣ дар Кобул имзо карданд.

Дар баёнияе, ки аз сӯи Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон мунташир шуда омадааст, ки бар асоси тавофуқи сиёсии мазкур, Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар масоили марбут ба мусолеҳаи миллӣ ҷойгоҳи мақоми дуввуми кишварро доро мебошад.

Эъломи ин ҷойгоҳ барои Абдуллоҳ Абдуллоҳ албатта чандон ҳам мавзӯъи аҷибе нест, чун дар Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мақоми дуввуми кишвар барои муовини аввали риёсати ҷумҳурӣ дар назар гирифта шудааст.

Бо ин ҳол, ба назар мерасад, ки тавофуқи Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ тавониста ба моҳҳо ихтилоф ва бӯҳрони ташкили давлат дар Афғонистон ҳаддиақал то ба имрӯз поён диҳад.

Аз ихтилоф то бӯҳрон

Рақобати Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ маҳдуд ба ин давраи интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон набуд ва дар давраи пешин низ ҳамин ихтилофот миёни ду тараф бар сари натоиҷи интихобот дар ниҳоят ба ташкили давлати ваҳдати миллӣ мунҷар шуд.

Бо ин ҳол, интихоботи риёсати ҷумҳурии ин давраи Афғонистон, ки дар сентябри соли гузашта баргузор шуд, аз ҳамон ибтидо бо суизанн нисбат ба натоиҷи он ҳамроҳ шуд, то бад-он ҷо, ки натоиҷи ин давра аз интихобот, ба далели шикоятҳои интихоботӣ, пас аз чаҳор моҳ аз замони баргузории интихобот, дар феврал эълом шуд ва Кумисиюни мустақилли интихоботӣ Муҳаммад Ашраф Ғаниро пирӯзи он эълом кард, аммо Абдуллоҳ Абдуллоҳ натиҷаи интихоботро напазируфт.

Ҳамин мавзӯъ дар ниҳоят бо баргузории ду маросими савганди ҳамзамон дар Кобул ба авҷи бӯҳрон расид ва таклифи риёсати Аргро дар ҳолае аз ибҳом фурӯ бурд.

Дар ниҳоят пас аз моҳҳо миёнҷигарӣ тавассути раҳбарони сиёсии Афғонистон бавежа Ҳомид Карзай, Абдураббиррасул Сайёф ва Муҳаммадюнус Қонунӣ, ду рақиби интихоботӣ ҳозир шуданд як тавофуқномаи сиёсиро имзо кунанд.

Дар ҳоли ҳозир ба назар мерасад, ки имзои ин тавофуқ тавонистааст ба мизони зиёде аз ташдиди бӯҳрони сиёсӣ дар Афғонистон ҷилавгирӣ кунад ва ҳаддиақал вазъияти давлат дар Кобулро мушаххас кунад.

Қудрат чӣ гуна дар давлати ҷадиди Афғонистон тақсим шудааст?

Манобеъи хабарии Афғонистон гуфтаанд, ки бар мабнои тавофуқи феълӣ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ мудирияти тамоми ибтикороти сулҳи давлатро ба ӯҳда мегирад.

Ҳамчунин 50 дарсад аз аъзои кобинаи Афғонистон саҳми тими сиёсии Абдуллоҳ Абдуллоҳ хоҳад буд ва Абдуррашид Дӯстум, аз муҳимтарин ҳомиёни Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки ӯзбакҳои Афғонистонро намояндагӣ мекунад, ба мақоми олӣ дар артиши Афғонистон ба унвони моршол иртиқо пайдо хоҳад кард.

Ҳамчунин бар асоси ин тавофуқ, қарор аст, ки Шӯрои олии раҳбарӣ бо ҳузури раҳбарон ва чеҳраҳои бонуфузи сиёсии Афғонистон ташкил шавад ва ба Ашраф Ғанӣ ба унвони раисиҷумҳур мушовира диҳад.

Дар бахше аз ин тавофуқнома, ба ислоҳот дар сохтори ҳукумат ва баргузории интихобот низ пардохта шудааст.

Бар асоси ин тавофуқнома, як ҳайъати назоратии панҷнафара, ки шомили чеҳраҳои миллӣ–сиёсӣ хоҳанд буд, эҷод хоҳад шуд, то ҷилави нақзи тавофуқномаро бигирад.

Ҷойгоҳи Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар давлати ҷадиди Афғонистон

Ба назар мерасад, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар давлати пешини Афғонистон, ки риёсати иҷроии давлати ваҳдати миллиро бар ӯҳда дошт, қудрати иҷроии бештаре низ дар давлат дошт. Ин муқоиса бо шароити феълӣ сурат мегирад, ки дар он Абдуллоҳ Абдуллоҳ риёсати ибтикороти сулҳро бар ӯҳда гирифтааст, аммо аз сӯи дигар саҳми 50 дарсадии вазоратхонаҳо ва кобинаҳои давлатӣ низ аз сӯи тими сиёсии Абдуллоҳ Абдуллоҳ қобили таваҷҷӯҳ аст.

Аммо бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки риёсати ибтикороти сулҳи Афғонистон барои Абдуллоҳ Абдуллоҳ, мавқеияти бонуфузе аст, ки ҳол ӯ ба даст гирифтааст. Дар воқеъ дар ҳоли ҳозир Абдуллоҳ Абдуллоҳ ӯҳдадори муҳимтарин чолиши дохилии давлати Афғонистон, яъне музокироти сулҳ бо Толибонро ба даст гирифта ва аз ин манзар ҷойгоҳи ӯ дар пешбурди музокироти сулҳи давлат ва Толибон таъйинкунандаи таҳаввулоти ояндаи Афғонистон аст.

Фишори хориҷӣ ё талоши дохилӣ?

Дар робита бо дастёбӣ ба тавофуқи сулҳи Афғонистон, як мавзӯъ бисёр ҳоизи аҳаммият аст ва он талоши сиёсатмадорон ва чеҳраҳои бонуфузи сиёсӣ дар Афғонистон барои эҷоди мусолеҳа ва тавофуқ миёни ду рақиби сиёсии ин кишвар аст.

Ба иборати дигар, тавофуқи дохилии давлати Афғонистон ҳосили миёнҷигарӣ ва музокироти чандҷонибаи сиёсатмадорони Афғонистон бо ҳар ду рақиби интихоботи риёсати ҷумҳурӣ аст. Ин мавзӯъ бар хилофи бархе иддаоҳои расонаҳост, ки тавофуқи дохилӣ дар Афғонистонро дар натиҷаи фишори хориҷӣ бавежа аз сӯи Омрико баён карда буданд.

Дар воқеъ агарчӣ вазири хориҷаи Омрико бештар давлати Кобулро ба қатъ ва коҳиши бархе кӯмакҳои иддаоӣ таҳдид карда буд, вале Ашраф Ғанӣ дар вокуниш эълом карда буд, ки коҳиши ин кӯмакҳо таъсире бар зиндагии мардум ва бахшҳои иқтисодии ин кишвар нахоҳад дошт. Ин посухи Ашраф Ғанӣ вокунише ба таҳдидоти мақомоти омрикоӣ дар бораи таҳаввулоти дохилии Афғонистон буд, то афғонҳо нишон диҳанд дар бораи масоили дохилӣ ба сурати мустақил амал мекунанд.

Бар ин асос, тавофуқи дохилии Афғонистонро беш аз он ки битавон ношӣ аз фишори хориҷӣ арзёбӣ кард, бештар мутаассир аз азми дохилӣ ва таҳаррукоти сиёсатмадорони ин кишвар барои ҳалли бӯҳрон метавон донист. Бӯҳронҳое, ки дар ҳоли ҳозир ба далели бархе бесуботиҳои амниятӣ, киёну қивоми давлат дар Афғонистонро бо таҳдид мувоҷеҳ карда ва ҳол, сиёсатмадорони афғон тарҷеҳ додаанд, то ба ҷойи рақобатҳои ғайрисозанда ба самти тавофуқ барои ҳалли бӯҳрон ба пеш раванд.

Аз сӯи дигар тавофуқи дохилии ахир дар Афғонистон, ба тақвияти мавозеъи давлати Кобул дар баробари музокирот бо Толибон мунҷар хоҳад шуд ва чашмандози равшан ва мушаххастареро пеши рӯи музокироти сулҳ қарор хоҳад дод.

Mehrnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.