Забон ва адабиёт

Чаро Хайём дар миёни русҳо маҳбуб аст? – (Видео)

Дар ҳоле, ки бисёре дараҷаи олии ашъор ва рубоиёти Хайёмро иллати маҳбубият ва шӯҳрати вай дар байни русҳо медонанд, иддаи дигаре мӯътақиданд, ки алоқаи тоҷикҳо ба Хайём ва ҳузури густурдаи онон дар Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ, далели ошноии беш аз пеши русҳо ба ин шоири эронӣ аст…

Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Ҳаким Умари Хайём

Ҳаким Умари Хайём шоири пуровозаи эронӣ, дар Русия тарафдорони пуршуморе дорад ва ҳатто Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия низ борҳо барои таъйиди изҳороти худ, аз рубоиёти ӯ вом мегирад.

Бо вуҷуди ситораҳои бузурге дар осмони адаби порсӣ ҳамчун Фирдавсӣ, Саъдӣ ва Ҳофиз, ҳеч шоире дар Русия ба андозаи Хайём маъруф нест ва шефта надорад, ба шакле, ки дар хонаи бисёре аз равшанфикрон ва афроди китобхон дар Русия, ки теъдодашон кам ҳам нест, рубоиёти Хайём пайдо мешавад.

Путин, раисиҷумҳури Русия, ғолибан рубоиёти Хайёмро мехонад ва ҳатто дар бархе мусоҳибаҳои худ қитъае аз ӯ ба забони русӣ бозгӯ мекунад.

Путин дар филми мустанаде, ки пеш аз интихоботи риёсати ҷумҳурӣ пахш шуда буд, дар гуфтугӯ бо хабарнигор ва муҷрии шабакаи NTV шеъре аз Хайём хонд ва гуфт: “Будь мягче к людям. Хочешь быть мудрей? Не делай больно мудростью своей.” (“Нармхӯ бош нисбат ба мардум. Мехоҳӣ ҳакимтар бошӣ? Ҳикмати худро барои дигарон дарднок накун.”) Раисиҷумҳури Русия тавзеҳ дод, ки ин шеър дар зиндагии ӯ ба як қонун табдил шудааст.

Рӯзномаи “Комсомольская правда” барои ёфтани посухи ин пурсиш, ки чаро Путин ба Хайём алоқаманд шудааст, бо коршиносе аз Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав ба номи Динора Идрисова гуфтугӯ кард.

Идрисова гуфт: “Хабарнигорон замоне аз алоқаи Путин ба Хайём иттилоъ ёфтанд, ки аз дафтарчаи ёддошти вай акс гирифтанд ва дар он, илова бар мавзӯъҳое ҳамчун қобилияти рубл ба унвони арзи қобили табдил, қитъаҳое шеър ҳам буд. Путин дар яке аз дафтарчаҳои худ навишта буд:  “Гиря накун фонӣ аз хусрони дирӯз кори имрӯзро бо меъёри дирӯз насанҷ. На гузашта на замони ояндаро бовар накун, замони ҳолро бовар кун – ҳамин ки хуш бош.

Ин рӯзнома навишт: “Хабарнигорон пас аз баррасӣ дарёфтанд, ки ин байтҳо мутаъаллиқ ба Хайём, шоири эронӣ аст, ки Путин пеш аз оғози дидор дар дафтарчаи ёддошти худ навиштааст.”

Путин муддате пеш низ дар посух ба суоли хабарнигоре, ки чӣ гуна аз назари руҳӣ худро бозсозӣ мекунад, гуфт, ки дар ин гуна мавқеъҳо ба Хайём паноҳ мебарам.

Он гуна ки Путин мегӯяд, китоби рубоиёти Умари Хайёмро солҳо пеш ҳамсараш ба ӯ ҳадия карда будааст.

Баррасиҳои хабарнигори Ирнои Эрон дар Маскав нишон медиҳад, ки русҳо дар таърихи худ низ ҳамзамон бо ҷаҳон, имрӯзро ба номи ин шоири порсигӯи пуровоза сабт кардаанд.

Дар торнамое ба номи “Рӯзҳои Русия”, ки рӯзшумори таърихии Русияро ҳар рӯз мунташир мекунад, имрӯз ба номи Умари Хайём сабт шудааст. Дар бахши муаррифии Хайём омадааст: “Ашъори Хайём аз назари мавқеият мутамойиз аз шеърҳои дигар шоирони порсигӯст… Хайём танҳо шоирест, ки қаҳрамони шеърҳояш як исёнгар будааст. Ашъор ва рубоиёти Умари Хайём дар ҳамаи нуқоти ҷаҳон маъруф аст ва ба бисёре аз забонҳо тарҷума шуда ва яке аз шоиронест, ки аз ӯ дар Русия ва кишварҳои дигар ғолибан нақли қавл мешавад.”

Дар байни коршиносон дар мавриди иллат ва чароии шӯҳрати фаровони Хайём дар Русия нуқта назароти мутафовите вуҷуд дорад.

Дар ҳоле, ки бисёре дараҷаи олии ашъор ва рубоиёти Хайёмро иллати маҳбубият ва шӯҳрати вай дар байни русҳо медонанд, иддаи дигаре мӯътақиданд, ки алоқаи тоҷикҳо ба Хайём ва ҳузури густурдаи онон дар Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ, далели ошноии беш аз пеши русҳо ба ин шоири эронӣ аст.

Irna

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.