Саҳюнизми ҷаҳонӣ

Мудири Шӯрои муфтиёни Русия: “Ҳар касе, ки ғаму дарди Фаластинро эҳсос накунад, дар ҳақиқат диндор нест”

Нафиъуллоҳ Аширов,  мудири Шӯрои муфтиёни Русия, бо баёни ин ки “Қудс виҷдони ҳамаи мусалмонон ва уммати исломӣ бар рӯи замин аст”, таъкид кард: “Ҳар фарде, ки ғаму дарди ғасби ин сарзаминро эҳсос накунад, дар ҳақиқат диндор нест.”

Вай дар гуфтугӯ бо хабаргузории Ирно дар Маскав, афзуд: “Имсол бо таваҷҷӯҳ ба шуюъи густурдаи куруно дар ҷаҳон ва қонунҳои қарантина дар кишварҳои мухталиф, шояд мусалмонон натавонанд таҷаммӯоти ҳимоятӣ ҳамчун солҳои гузашта дар ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин баргузор кунанд, аммо бешак Қудс дар қалби ҳар мусалмоне зинда аст ва муборизаи фаластиниён идома хоҳад ёфт то замоне, ки саҳюнистҳо аз сарзамини муқаддас ихроҷ шаванд.”

Мудири Шӯрои муфтиёни Русия идома дод: “Режими саҳюнистӣ бо ҳимояти Омрико ва дар пӯшиши “муомилаи шикастхӯрдаи қарн”, ба дунболи илҳоқи боқимондаи сарзаминҳои Фаластин аст, ҳол он, ки ҳеч мусалмоне зери бори ин нанг нахоҳад рафт.

Вай дар идома бо баёни ин ки чашми умеди мардуми Фаластин имрӯз ба мусалмонон ва кишварҳои исломӣ бавежа Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, аз сардори шаҳид Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ ёд кард ва гуфт: “Ин женероли эронӣ ҳақиқатан шаҳиди Қудс аст ва раҳбарон ва мардуми Фаластин қадри шуҳадои бузургро медонанд ва бо рехта шудани хуни онон танҳо замони ронда шудани саҳюнистҳо наздику наздиктар мешавад.”

Гуфтанист, Рӯзи ҷаҳонии Қудс, ки дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазони ҳар сол баргузор мешавад, ибтикори Имом Хумайнӣ ба шумор меравад, ки ба як ҷараёни зидди истикборӣ алайҳи мустакбирон ва дар садри онҳо режими саҳюнистӣ табдил шуд. Дар ин рӯз мусалмонони ҷаҳон, терур, ғасби сарзамин ва шиканҷаи бегуноҳонро дар сарзаминҳои ишғолӣ, ки ба василаи режими саҳюнистӣ анҷом мешавад, маҳкум мекунанд ва нобудии истикборро фарёд мезананд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.