Машоҳир

Хайрулло Саидов: “Падарамро ормонҳои созандааш пушти панҷара бурданд”

Ёддошти Хайрулло Саидов

Санаи 19-май оғози сарнавишти ғамангезу пурмоҷарои хонаводаи соҳибкори хушном — Зайд Саид аст. Ин сана дар саҳифаи таърихи миллат дарҷ гардида ва барои ҳамешагӣ дар хотири мо фарзандон боқӣ хоҳад монд. Қаламкаши тақдир ҳафт сол — 19 майи соли 2013 — моро аз падар зиндаҷудо кард. Ӯро ҳавасҳои ватандӯстонааш, ормонҳои созандааш ва талошҳояш барои зиндагии шоистаи миллат пушти панҷара бурданд.

Ҳафт соли ҳаёти пурарзишу нотакрори падарҷони ман бо ҳукми ноодилонаи «Тақозои замон» дар пушти панҷараи зиндон дар ҳоли сипарӣ шудан аст. Дар ин муддат ягон бовиҷдону дилогоҳе пайдо нашуд, ки парда аз рӯи ин ҳукми сангин боз кунад ва сиёҳу сафедро дар ҷои худ нишонад. Баръакс дар ҳамаи ин давра барои мусодираи дороӣ ва амволи хонавода ва мо фарзандони Зайд Саид иқдом мекунанду ранҷи зиёдамон медиҳанд.

Дар зер, аз ин ҳама бедодиҳо матлабе омода кардаам, ки дар хидмати шумо мегузорам. Манзур ин аст, ки ба ин тартиб каме бори шонаҳои худро сабук созам ва шояд ин матлаб ба гӯши онҳое бирасад, ки дар таъйини ҳукми сангини падари ман нақш доранд ва дар ин рӯзҳои вабои ҳамагир ҷавонмардие зоҳир кунанд.

Бо гузашти ҳафт сол аз зиндонӣ шудани падарам Зайд Саид, барои хонаводаи мо ҳодисаҳои нохубу ногаҳонӣ пайваста иттифоқ меуфтанд ва моро ба гирдоби ноумедиҳо мекашанд. Ҳанӯз ҳам “шағолону лошахӯрон”-и одамсурат пайи ғасбу ғорати охирин моликияти хонаводагии мо ҳастанду сарпарастони соҳибвазифаашон дар ин кор кӯмак мекунанд ва қарору ҳалномаҳои додгоҳиро бе иштироки ҷабрдида, ба фоидаи ин тудаи “роҳзану ғоратгар” мебароранд.

Бовар кунед, мусибати зиндаҷудоӣ аз падар, ки дар зиндони тангу торик умр мегузаронад, хонаводаи моро кифоя аст. Моро бехонаву ҷой кардан ва ё ин мусодираҳои беасос чӣ маънӣ доранд? Зулм ҳам ҳадде дорад ё на? Ин қасосгириҳои бераҳмонаву гурусначашмона нисбати хонаводаи мо кай хотима меёбад?

Мо дар ин ҳафт сол ҳама сахтиҳо, беқонуниҳо, ноадолатиҳоро таҳаммул кардем. Зеро падарамро бо тӯҳмату дурӯғ ҷинояткор эълон ва солҳои тӯлонӣ зиндонӣ карданд. Ҳарфи додраси парванда, ки баъди қироати ҳукм гуфта буд, “Тақозои замон”, худ исботи бегуноҳии падарам аст. Вале бо умеде, ки рӯзе адолат тантана мекунад, ҳодисаву воқеъаҳо забон мебароранд, шоҳидӣ медиҳанд, сиёҳу сафед ҷои худро мегирад сабр мекардем. Мутаассифона, то ҳол чунин нашуд, ки боз ҳам ба мусодираи навбатии амволи хонаводаи Зайд Саид даст мезананд.

Дар охири соли 2019 Роҳбарияти кишвар дар мулоқот бо мақомоти додгоҳии кишвар аз камдонишиву иштибоҳҳои ҷиддии кормандони ин соҳа интиқод карда, аз ҳимояти ҳаққу ҳуқуқи ҷабрдидагон ёдовар шуданд. Яке аз ҳамон ҷабрдидаҳо хонаводаи мо аст, ки падарамонро бо туҳмату буҳтон 29 сол зиндонӣ кардаанд, молу амволашро гирифтанд, молу амволи хонаводаву пайвандонамонро гирифтанд.

Ибтидои соли ҷорӣ як қисми бинои тиҷории воқеъ дар кӯчаи Л. Шералӣ 3, ки ба номи банда сабт буд ва ба ширкате иҷора дода будам ва тамоми уҳдадориҳои худро ба ҷо оварда, андозҳоро сари вақт месупоридам, барои мусодирааш омаданд. Ин биноро ҳамон оғози моҳи январ ба ҳабс гирифтанд. Моликияти мазкур, ки пештар дар замонати бонк буд ва баъдан дар асоси замонат як қисми он ба бонк гузашт ва фақат таҳхонаву ошёнаҳои якуму дувум ба банда тааллуқ дошт. Ин ягона манбаи рӯзгузаронии хонаводаи бештар аз 30-нафарии мо буд. Ба далели он ки амали иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нисбати бинои зикршуда комилан хилофи қонунгузории мурофиавии гражданӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро”мебошад, аз болои он ба додгоҳ шикоят бурдам. Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикояти маро аввали моҳи апрел баррасӣ ва қарори иҷрочиёни Хадамоти иҷроро дар бораи ҳабси бино бекор кард. Аммо маълум шуд, ки ин амвол аз тарафи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори амволи дигари маҳкумшуда Саидов З. Ш., ки гуё бо роҳи ҷиноят ба даст оварда бошад, мусодира гаштааст. Муҳлати пешниҳоднамудаи ин иҷроварақа низ зиёда аз 4 сол гузаштааст.

Вале ин моликият аз Саидов З. Ш. набуду нест. Ин моликияти ман — Саидов Хайрулло — аст, ки шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии молу мулк аз тарафи Комиссия оид ба қонунигардонии молу мулки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таҳти №880 аз санаи 03.10.2008 сол дода шудааст. Ҳамзамон дигар санадҳои Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инро тасдиқ мекунанд, ки ман — Саидов Хайрулло соҳибмулки бинои маъмурии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоиқ Шералӣ 3 мебошам. Вале масъулони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ноогоҳона ва ё огоҳона ва бо ҳадафи давом додани қасосгириҳои бепоён ин амали комилан ғайриқонуниро содир кардаанд. Яъне, амволеро мусодира намудаанд, ки ба ман тааллуқ дорад.

Вақте ниҳодҳои давлатӣ қонунро ба эътибор намегиранд — дигар додамонро ба кӣ гӯем?! Ҳоло аз дигар паҳлуҳои қонун ҳарф намезанам. Зеро вақте шахсро зиндонӣ мекунанд, дар асоси қонун, ҳангоми мусодираи моли “муҷрим” ҳаққи ҳамсарро низ ба эътибор мегиранд. Аммо масъулин натанҳо молу амволи “муҷрим”-ро, балки аз хонаводаву фарзандони ӯро ҳам ғайриқонунӣ мусодира мекунанд. Бо ин мусодираҳои беасосу ғайриқонунӣ охирин манбаи рӯзгузаронии хоксоронаи моро мегиранд. Оё фикр намекунанд, ки дар ин вазъияти буҳронӣ як хонаводаи иборат аз 30 кас чи гуна рӯз мегузаронад?

Ин ҳолати нигаронкунандаро бевосита дар мавриди сохтакорона 400 000 (чорсад ҳазор) доллар қарздор баровардани падарам дар назди соҳибкори қазоқ Окушев С. рабт додан мумкин аст. Бо ҳукми додгоҳ аз санаи 25 декабри соли 2013, ки ин ҳукмро сохтакорона, бо туҳматҳои бепоён қонунӣ ҷилва додаанд ва ба хотири манфиатҳои шахсии худи муфаттишон ва ҷиноякор нишон додани падарам ӯро ба пардохти 400 000 (чорсад ҳазор) доллар ба ин тоҷири қазоқ вазифадор карданд. Ман ба ҳайси иштирокчии бевоситаи мурофиаи парвандаи падарам метавонам, шаҳодат диҳам, ки ҳеч мавриди қарздории падарам аз ин тоҷири қазоқ дар суд ошкор нашуда буд. Аммо чи чора, ки бархе аз мақомдорони мо ба хотири айбдоркунӣ ҳар чизе ки хоҳанд, ба гирифторон раво медоранд. Ин аст, ки мусодираи бинои «Маркази соҳибкорон»-ро низ аввал бо баҳонаи зарари шаҳрванди хориҷӣ бо номи Окушев С. ба ҳабс гирифтанд ва баъди муроҷиати мо ғайриқонунӣ будани амалашонро дарк карданд, ки бори дувум бинои зикршударо ҳамчун моликияти Зайд Саид ба фоидаи давлат мусодира намуданд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки 49% саҳмияҳои ҶСП “Рос-Азия инвест” (бинои маъруф ба “Пойтахт”, дар канори майдони варзишии “Спартак”-и шаҳри Душанбе), ки моли падарам буд ва 2 900 000 (ду миллиону нуҳсад ҳазор) доллар арзиш дошт, аммо манфиатҷӯён арзиши ин саҳмияҳоро пойин оварда, ба ҳамон чаҳорсад ҳазор доллар баробар карданд ва ба фоидаи Окушев С. рӯёниданд.
Дар соли 2016, пас аз се соли ҳукми пештара, бо ташкили як додгоҳи сохта падарамро такроран 2 700 000 (ду миллиону ҳафтсад ҳазор) сомонӣ аз Окушев С. қарздор бароварданд ва шарм надошта, дар хулосаи ҳалнома навиштанд, ки “Зайд Саидов ба суд даъват шуда буд, аммо иштирок накард”. Дар ҳоле, ки дар лаҳзаи баррасии ҳамин парванда падарам дар маҳбас нигоҳ дошта мешуду касе ба ӯ нусхаи аризаро пешкаш накардааст. Додгоҳро бе ҳузури ҷониби Саидов З.Ш. баргузор ва ӯро 2 700 000 (ду миллиону ҳафтсад ҳазор) сомонӣ қарздор карданд. Талаботи қонун ё меъёрҳои муқарраркардаи мурофиавӣ аз ҷониби суд комилан поймол шудааст. Мо ҳатто шубҳа дорем, ки ҳамин мурофиаи судӣ баргузор шуда бошад. Гумон меравад, ҳалномаро суд дар танҳоӣ — бе иштироки тарафҳо — қабул намуда, баъдан ба ҷониби манфиатдор пешкаш намуда аст. Дар як додгоҳи холис ва одилона бояд пайдоиши ин маблағ, ҷой доштани ҳамин қарз ва дар маҷмуъ, бо кадом сабабу асос пайдо шудани маблағ таҳлил мешуд, аммо афсус… Ва муҳимтар аз ҳама мусодираи бинои “Маркази соҳибкорон” ва манзилҳои зистамон бо баҳонаи зарари шаҳрванди хориҷие бо номи Окушев С. сурат мегирад.

Аз болои ин “қаллобон”-у қаллобӣ ман ба ниҳодҳои марбута шикоят бурдам. Ҷолибаш ин ки ниҳодҳо шикояти маро барои баррасӣ ва ҳалли масъала ба ҳамон додрасе фиристоданд, ки падарамро 26 сол зиндон кардааст. Инҷо суол ба миён меояд, ки магар ин додрас (судя) метавонад, зидди ҳукми пешини худ қарор қабул кунад?! Воқеан, дар рафтори мақомоти назоратии мо мантиқ вуҷуд надорад. Вақте гирифтори беадолатие мешавӣ, намедонӣ ба куҷо муроҷиат намоӣ, кӣ ба додат мерасад.

Магар ин масхараи қонун нест, ки вақте бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падарамро 400 000 (чорсад ҳазор) доллар аз Окушев С. қарздор карданд, 49% саҳмияҳои падарамро аз ҶСП “Рос Азия инвест”, ки арзиши чанд баробари 400 000 (чорсад ҳазор) доллари қарзи баровардаашонро дошт, ба манфиати Окушев мусодира намуданд ва ҳамакнун Окушев С. бо ҳаммаслаконаш ба ин қаноат намекунанду тамаъи молу амволи фарзандони Зайд Саидро доранд?! Вақте диданд, ки аз қонун мешавад, сӯистифода кард, акнун ҳар рӯз бо иловаи як рақаму як баҳонаи нав хонаводаи Зайд Саидовро назди ин “ғоратгарон” қарздор мебароранд, бо ҳалномаҳои сохтаашон дарамонро мекӯбанду молу амволамонро ғасб мекунанд ва ин бор навбат ба манзилҳои зистамон расидааст. Ҳатто мусодираҳое, ки пештар сурат гирифт, санадҳояшро барои мо пешниҳод накардаанд ва мо то ҳол намедонем, ки дар чӣ асос амволи мо мусодира шудааст.

Оё таърихи чанд соли пеш, ки дар он заҳмату ободкориҳои падари ман барои пешрафти кишвар дарҷ гардидааст, фаромӯш шуда бошад?! Вале имрӯз, ки хонаводаи мо аз мусибати ба сари падарам омада кулфатзада шудем, дигар ҳар чӣ хоҳанд бароямон раво медоранд ва ҳаққи ҳалоламонро “ғоратгарону қаллобон” тасарруф мекунанд ва он ҳам ба номи як хориҷӣ, ки дар кишвари худаш маълум нест, чи мақому арзише дорад, ва танҳо дар Тоҷикистон ҷабрдида унвон шудаву додгоҳ ҳеч кадом даъвову дархосташро дар “замин” намегузорад.

Дар мурофиаҳо иштироки бевоситаи соҳибкори қазоқ Окушев Серикбол дида нашудааст. Дар ҳамаи аризаҳои пешниҳод намуда ба сифати намояндаи Окушев С. шахсе бо номи Алиназаров П. бо лақаби (Саша) иштирок карда, тамоми ҳалномаҳо ва таъиноти судӣ аз ҷониби ҳамон як судя — Ҳафиззода Т. — қабул шудааст.

Дар мурофиаҳои чандинмоҳаи Суди Олӣ, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба Зайд Саидов ҳукми сангин баровард ва ин парванда дар доираи қонун дар ду давра баррасӣ ва ҳаллу фасл шуд, ин иддаоҳои сохтаву бардурӯғ ҳатто аз забони ҳамон “ҷабрдида”-и “бечора”-е бо номи Окушев садо надодааст. Аммо имрӯз намояндааш даъвову дархостҳои бардурӯғеро аз номи Окушев изҳор медорад.

Барои мо суолбарангез аст, ки Алиназаров Пайшанбе кист? Чи гуна аз тамоми ҷузъиёти ду давраи мурофиаи Зайд Саид огоҳ аст ва тамоми санаду ҳуҷҷатҳои ин мурофиаҳоро дорад?! Дар ҳоле, ки додгоҳ парвандаҳоро махфӣ эълом карда буд ва ҳатто се вакили мудофеи падарам ҳамаи санаду ҳуҷҷатҳои додгоҳро дар ихтиёр надоштанд, вале Алиназаров П. ба иловаи дастрасӣ доштан, ҳамзамон дари тамоми мақомот ба рӯяш боз буду ҳаст. Бо ин ҳуҷҷату санадҳо дар ба дари идораҳои давлатӣ мегардад ва гӯиё, такдири амволи хонаводаи Зайд Саид дар дасти вай бошад, ки бо найрангҳои сохта ҳар замоне моро таҳдид (шантаж) мекунад, ки “агар фалон миқдор маблағ диҳем, ба амволамон даст намерасонад” ва дар сурати рад кардан “манзилҳоямонро тасарруф мекунад”.

Ин “ғоратгар” эркаи кадом гуруҳ аст, ки ҳамагон дар хидмати ваянд ва аз номи як шаҳрванди гумноми хориҷӣ баромад намуда, мехоҳанд, моро бехонаву дар кунанд?!

Овозаҳо ва ишораҳое ба мо мерасад, ки дар ояндаи наздик мехоҳанд, манзилҳои истиқоматии моро мусодира кунанд. Мақомот мехоҳанд, ҳамаи он манзилҳои фарзандон, бародарони падарамро мусодира кунанд, ки дар вақти боздошташ ба ҳабс гирифта шуда буданд. Манзил ва амволе, ки на қонунан ва на амалан амволи падарам нестанд. Агар хонаводаи мо ҳамчун шаҳрвандони комилҳуқуқи Тоҷикистон ба ҳисоб раванд, бовар дорам, таҳқиқу тафтиш ҳақиқатро рӯи об мебарорад ва додгоҳ ҳуқуқҳои моро ҳамчун шаҳрванд таъмин мекунад. Худо нахоста моро аз манзилҳои зистамон маҳрум кунанд, хусусан дар ин рӯзҳои хуруҷи вабои ҳамагир, аҳли хонаводаро дар куҷо паноҳ хоҳем дод? Аз кадом сарчашма таъминоти модиамонро пеш мебарем? Аз ҳама муҳимаш ин амалро нафароне анҷом медиҳанд, ки бо падарам ҳеч муносибате надоштанду то пайдо шудани парванда вобаста ба қарзу қарздорӣ ва муносибати молӣ ҳарфе нагуфта буданд.

Воқеъият он аст, ки ин ҳамон “шағолон”-и лошахӯреанд, ки танҳо аз вазъи номусоид сӯистифода доранд ва баъзе нафарон аз мақомоти назоратӣ онҳоро дастгирӣ мекунанд. Рӯирост ва бе шарму ҳаё маблағ талаб кардани Алиназаров П. гувоҳи сохтакорӣ будани ҳама даъвоҳост, ки вай ва шариконаш “ғоратгар”-е беш нестанд, ки аз номи як хориҷӣ ҳамватанони худро бехонаву дар мекунанд.

Аз ниҳодҳои марбута пурсиданиам: кӣ ба доди мо мерасад? Сарнавишти падари зиндониам моро бас аст, чаро намегузоред, ки зиндагонии хоксоронаи худро бе дарди сарҳои навбатӣ идома диҳем?

Хонаводаи мо, ки ҳукми падарро сарнавишти азалӣ, имтиҳони Худовандӣ дониста, сабру таҳаммулро пеша кардааст, баъди мусодираи манзилҳоямон ва охирин манбаи рӯзгузарониамон дигар чи бояд кунем? Мо ки ҳамеша дӯстдори ватан ҳастем ва ободиву пешрафти Тоҷикистонро мехоҳем, баъди ин муносибати бағоят бераҳмона чӣ кор кунем, чи тасмим бигирем? Воқеъан, кӣ метавонад, ин қадар сахтиву зулми беҳадро таҳаммул кунад? Дар чунин вазъияти буҳронӣ чунин иқдоми ғайриинсонӣ чи паёмаде дорад, ё чи обруе медиҳад барои кишвар?

Ҷои нигаронӣ аст, ки чаро ва бо кадом мақсад Алиназров Пайшанберо дастгириву пуштибонӣ мекунанд ва ин ҷо чи сире пинҳон аст, ки бо номи як хориҷии гумном манзилҳову амволи моро тасарруф мекунанд?

Ба ҳамаи ташкилкунандагон, тарроҳон, иҷрочиёни ин нақша гуфтаниам “Марди набувад фитодаро пой задан”. Банда боварии комил дорам, Худованди донову шунаво ҳеч амалеро беҷавоб намемонад ва барои ҳамаи амалҳои зишту ноадолатона ҳатман ҷазои сазоворе медиҳад.

Барои ҳалли мушкилиҳои пешомада ба ҳар ниҳоде, ки муроҷиат мекунем, ба мо мефаҳмонанд, ки “коре аз мо сохта нест, фармон аз боло аст”. Боварӣ дорам, хизматҳои падари ман ба “болоҳо”, албатта, кам ҳам бошад, ҳатман расидааст. Ҳадди ақал ба хотири ҳамин хонаводаву фарзандонашро ҷазо надиҳед.

Аз ниҳодҳои марбута хоҳиш дорам, ки ба рафтори ин тудаи “ғоратгар”-у “қаллоб” дар доираи қонун баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.

Илтимоси дуъо

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.