Дидгоҳ

Чаро ҳукумат адади воқеъии қурбониёни COVID-19-ро пинҳон мекунад?

Акс аз Родию Озодӣ

Ба қалами Маҳмудҷон Файзраҳмонов

То имрӯз, 16-уми майи 2020, Вазорати тандурустии Тоҷикистон теъдоди қурбониёни COVID-19 –ро 36 нафар ва адади мубталоён ба ин вирусро 1524 нафар эълон кардааст. Оё воқеан дар Тоҷикистон то имрӯз танҳо 39 нафар бар асари ин вирус вафот кардааст? Агар не, чаро ҳукумат адади воқеъии ҷонбохтагонро пинҳон медорад?

Омори дасткоришуда

Маҳмудҷон Файзраҳмонов

Дар кишварҳои ғайри-демократӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки дар онҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ заиф асту дастрасӣ ба иттилооти алтернативӣ қариб вуҷуд надорад, ҳукуматҳо оморҳо ва статисткаҳоро дасткорӣ карда, ҳамон омор ва статискаеро эълон мекунанд, ки фикр мекунанд, ба нафъашон аст.

Дар масъалаи ин вабои ҳамагир, ҳукумати Тоҷикистон ба ҳушдорҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оиди авоқиби даҳшатноки таъхир дар эълони мавҷудияти ин вирус ва оиди таъхир дар татбиқи чораҳои пешгирикунандаро пурра нодида гирифту ахиран рӯзи 30-юми апрел, яъне рӯзи воридшавии гурӯҳи мутахассисони Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ба кишвар, мавҷудияти ин вирусро расман эътироф кард.

Аз як иштибоҳ ба иштибоҳоти бештар

Гоҳе як инсон иштибоҳе мекунад ва барои пушондани он ба иштибоҳҳои бештар, ҳатто ваҳшатноктаре, даст мезанад. Мақомоти тоҷик бо таъхир дар эътирофи мавҷудияти вирус иштибоҳе карданд ва барои пушондани ин иштибоҳ маҷбур мешаванд, чандин иштибоҳҳои дигарро анҷом диҳанд.

Яке аз сабабҳо, дақиқтараш ангезаи пинҳон кардани адади воқеъии қурбониёни ин вирус иштибоҳашон дар таъхири эътирофи расмии мавҷудияти вирус мебошад. Мақомоти тоҷик аз ин метарсанд, ки мардум гуянд, агар мақомот мавҷудияти вирусро зудтар эътироф мекарданд, ҳоло вазъи ин қадар вахим намешуд ва адади ҷонбохтагон ба ин ҳад намерасид. Мардум ҳақ доранд инро гӯянд ва мантиқӣ низ ҳаст.

Фаразан, агар раҳбарияти кишвар худхоҳӣ ва манофеъи сиёсии худро як тараф гузошта, аз рӯзҳои аввал мавҷудияти вирусро эътироф мекард, мардум онро як амри табиъӣ мепиндоштанд, зеро тамоми кишварҳои дунё ба ҷуз чанд кишвари диктотурӣ вуҷуди онро расман эълон карданд ва ҳатто кишварҳои абарқудрат дар мубориза бо он оҷиз монданд. Он вақт вазъияти кишварамон мисли ҳамсояҳоямон чанд баробар беҳтар аз вазъи имрӯз мебуд.

Аммо ин тавр нашуд, ҳоло иштибоҳи таъхир дар эътирофи расмии мавҷудияти вирус мақомотро ба иштибоҳоти дигар мебарад.

Хатар ба идеяҳои “кишвари гул-гул шукуфон” ва “шукрона”

Яке аз сабабҳои аслии ҳукумат дар чандин баробар камтар нишон додани адади ҷонбохтагон бар асари ин вирус тарс аз мутазалзил шудани идеяҳои хаёлӣ ва мардумфиреб мисли “кишвари зебову гул-гул шукуфон” ва идеяи “шукрона” мебошад.

Мошини таблиғотии ҳукумат мисли замони Шӯравӣ бо тамоми кушиш ва васоил дар тули 28 соли ахир кушиш кард, мардумро мутақоид созад, ки онҳо хушбахттарин мардуми рӯзи замин ҳастанду кишвари “гул-гул шукуфон”-у “пешвои муаззаме” доранд ва бояд доимо шукрона кунанд. Барои ҳамин аст, ки дар ТВ-ҳо ва радиоҳои Тоҷикистон ҷуз рақсу бозӣ чизе аз мушкилоту вазъияти сахти шаҳрвандон намегӯянд. Ҳатто имрӯз, ки шаҳрвандон ба сабаби ин вабои ҳамагир мотам доранд, ҳамоно ТВ-ҳои ҳукуматӣ рақсу бозӣ намоиш медиҳанд ва аз мушкилоту проблемаҳо хабаре нест.

Аз ин ҷиҳат аст, ки дар кишвари мо ҳукумат ҳамеша оморҳо ва статискаҳоро дасткорӣ мекунад ва он чизеро эълон мекунад, ки фикр мекунанд ба нафъашон мебошад.

Ҳарчанд маблағҳои ирсолкардаи муҳоҷирони тоҷик беш аз ними будҷаи кишвар аст, аммо то кунун адади воқеъии муҳоҷирони кориро расман пинҳон медоранд. Оё сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон, ки аз тарафи Агентии омор назди президенти ҶТ эълон мешаванд ва нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон аз баъзе кишварҳои аврупоӣ дар ин маврид пешрафттар аст, қобили эътимод аст?

Чолишгарии ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик

Бо вуҷуди иштибоҳоти ҳукумат ва дасткориҳо дар омору статистика, як амри мусбат ин аст, ки миллати тоҷик дигар он миллати тоҷики пеш аз 2015 нест ва дар баробари ноуҳдабароиҳову дурӯғу тақаллуби ҳукумат дигар хомуш наистод ва тавонист иттилооти расмиро ба чолиш бикашад.

Ҳукумат зери фишори дигарандешони тоҷики хориҷ аз кишвар, расонаҳои мустақил ва сару садоҳо аз дохили кишвар ахиран маҷбур ба эътирофи мавҷудияти вирус дар кишвар шавад.

Дигарандешони тоҷик, чӣ мухолифин, чӣ журналистон ва чӣ зиёиён, ки ҳоло дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, метавонанд масоилро бо сароҳати бештар ва интиқоди шадидтар матраҳ ва баррасӣ кунанд. Коре, ки пеш аз 2015 камтар ба назар мерасид. Ин ҳечгоҳ ба маънои нодида гирифтани саҳми он идда аз дигарандешону зиёиён ва корбарони шабакаҳое иҷтимоӣ, ки дар дохили кишвар зиндагӣ мекунанд, нест.

Садҳо аксу наворҳо аз дохили кишвар, ки вахомати вазъи кишвар, аз ҷумла вазъи даҳшатбори беморхонаҳо ва ноуҳдабароии мақомоти кишварро нишон медиҳанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯз то рӯз меафзояд. Сайти http://www.kvtj.info рӯйхати алтернативии қурбониёни бемории COVID-19 дар Тоҷикистонро нашр мекунад. Мардуми оддӣ садо баланд мекунад ва ҳамчунун дигарандешон. Гурӯҳи “Covid-19: Тоҷикистон” дар Фейсбук, ки бо сарпарастӣ ва мудирияти Исфандиёри Одина, хабарнигори ВВС-и форсӣ таъсис ёфт, дар муддати кутоҳе адади аъзояш ба 16 ҳазор нафар расиду бахшҳои хоссе оиди қурбониён, пизишкони қаҳрамон, корҳои хайрия ва суолу ҷавобро роҳандозӣ кард.

Раванди бесобиқа

Ҳамаи ин корҳо ва фаъолиятҳо аз ҳамбастагии қишрҳои мухталифи миллат дар мубориза бо ин вабои ҳамагир ҳикоят мекунад. Ҳамчунин, ин фаъолиятҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар умум садои миллати тоҷик ривояти ҳукумат дар мавриди “коршоямии худ”, адади қурбониёну гирифторон ба ин вирус, вазъи беморхонаҳо ва ғайраро зери суол мебарад.

Имрӯз мешавад дар Тоҷикистон як раванди аҷиберо мушоҳида кард, ки шояд тавонем онро бесобиқа дар тули 28 соли ахир васф кунем. Он ҳам нокоромадии васоили фишори ҳукумат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ аст.

Дар таомул бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қазияи вабои COVID-19, иқдомҳои саркубгароёнаи ҳукумат аз қабили ҳушдорҳо оиди бархурди шадид бо “ҳангомасозону дурӯғафканон” ва муҷозоти ишон, латукуби журналист Абдуллоҳ Ғурбатӣ, мамнуъ кардани сайти http://www.kvtj.info дар қаламрави кишвар ва ғайра натоиҷи дилхоҳ надод ва ҳамоно ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин вабо фаъол аст.

Хулоса, ҳукумат дар эътирофи мавҷудияти ин вабо бо таъхир иштибоҳ карду баҳои ин иштибоҳи ҳукуматро миллат ба таври гарон пардохта истодааст.

Ҳукумати Тоҷикистон бо чандин баробари кам нишон додани адади қурибониёни ин вирус аз шумораи воқеъӣ қасд дорад, то хашми мардумро камтар кунад. Оё ин кори ҳукумат хашми мардумро кам мекунад ё баръакс бештар?

Манбаъ: Веблоги Маҳмудҷон Файзраҳмонов

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.