Ҷаҳон

Сарусқуфи масеҳиён дар Қудс: “Оворагони фаластинӣ калидҳои хонаҳояшонро нигаҳ доранд”

Сарусқуфи масеҳиён дар Қудси ишғолӣ ҳифзи шарофати уммати арабӣ ва исломиро дар гарави бозгашти Фаластин ба соҳибони аслии он хонд ва аз оворагони фаластинӣ хост, ки калидҳои хонаҳояшон дар Фаластинро назди худ нигаҳ доранд.

Мутрон Атоуллоҳ Ҳанно, саруусқуфи масеҳиён дар Қудси ишғолӣ, бозгашти оворагони фаластинӣ ба сарзамини модариашонро ҳатмӣ хонд.

Мутрон Ҳанно дар ибтидои суханронии худ дар барномае таҳти унвони “Раҳбарони муқовимат бо ҳам”, хитоб ба озодагони уммати арабӣ, ки Фаластинро масъалаи нахуст ва асосӣ бармешумуранд, салому дуруд фиристод ва гуфт: “Таҷовуз ба Қудс, таҷовуз ба мерос ва вуҷуди мо ва асолати мо ба хоки муқаддаси Фаластин аст.

Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, Ҳанно таъкид кард: “Дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс мо ба ҳамаи фарзандони уммати исломӣ таклифҳои маънавӣ, инсонӣ ва миллиро ёдоварӣ мекунем: ин ки Қудсро ба ҳоли худаш раҳо накунед.”

Ҳанно гуфт: “Уммати арабӣ ва исломӣ бидуни Қудс ва бидуни бозгашти он ба соҳибонаш, ҳеч шарофате надорад.”

Сарусқуфи масеҳиён дар Қудс таъкид кард: “Мо дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс ба оворагони фаластинӣ дар ҳамаи дунё ҳам дуруд мефиристем ва ба онҳо мегӯем, калидҳои хонаҳоятонро назди худ нигоҳ доред.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.