Без рубрики

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Афғонистон: “Мардуми мо ба хубӣ ранҷи миллати Фаластинро дарк мекунанд”

Мавлавӣ Мухтор Муфлиҳ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Афғонистон, имрӯз (ҷумъа, 22 май) ба муносибати “Рӯзи ҷаҳонии Қудс” эълом кард, мо беҳтар аз дигарон дарду ранҷи миллати мазлуми Фаластинро дарк мекунем, зеро Афғонистон ва мардуми ин кишвар солҳо дар ҷанг, куштор ва ҳамалоти теруристҳо қурбонӣ додаанд.

Ба гузориши хабаргузории Ирно, Муфлиҳ бо баёни ин ки аз Фаластин дифоъ ме‎кунем ва рӯзе таърих озодӣ ва озодзистии фаластиниҳо шоҳид хоҳад буд, афзуд: “Шарқи Миёна ба унвони мазҳари адёни бузурги илоҳӣ ва хостгоҳи паёмбарон, зери заработи маънавӣ ва моддии режими саҳюнистӣ рӯз ба рӯз аз дороиҳои маънавии худ тиҳӣ гардида, нифоқ, парокандагӣ ва ҷангҳои дохилӣ ҷойгузини он шудааст.”

Вай таъкид кард, ки мо бояд дар кишвари худамон низ дар канори соири омилҳои ноамнӣ ва даргирӣ, омили саҳюнизмро дар раванди ноамнӣ ба гунаи ҷиддӣ мадди назар бигирем ва дар воқеъ сари афъии нифоқ дар кишвари мо низ дар Телавив қарор дорад.

Бо ин дарк, дифоъ аз миллати мазлуми Фаластин ва маҳкум сохтани иқдомоти режими саҳюнистиро як гузинаи хуб барои ҳифзи субот дар кишвар арзёбӣ намуда ва амнияти кишвари худро дар ҳимоят аз миллатҳои мазлум ва ҳамбастагӣ бо онҳо бидонем.

Вай таъкид кард, ки сухан аз ғасб ва поймол шудани муқаддастарин муқаддасоти ислом аст ва ҳарф рӯи мавзӯе бас муҳим аст, ки паёмбари мо таклифи моро дар қиболи он мушаххас кардааст.

Муфлиҳ тасреҳ кард, ки Масҷидулақсо калиди аҳаммият ва шарофати кулли масоҷиди ҷаҳони ислом аст ва замоне ибодати мо маънӣ пайдо мекунад, ки мо таклифи худ бо Масҷидулақсоро равшан кунем. То он гоҳ, ки дидгоҳи мо, ҷаҳонбинии мо ва мавқифи мо дар баробари Масҷидулақсо возеҳ нашавад, ибодати мо низ маънӣ нахоҳад дошт.

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Афғонистон гуфт, ки адои намоз дар ҳар масҷиде бо ин суол рӯ ба рӯ хоҳад буд, ки оё имкон дорад мо мусалмоне бошем, ки ба ҳамаи воҷиботи худ расидагӣ кардаем, аммо Масҷидулақсо дар асорат бошад ва палидии саҳюнизми ҷаҳон он муҳити малакутиро мутаъаффин намуда бошад?

То мо посухи равшане барои ин суол ба даст наёварем, ба он чи ки Паёмбари Акрам (с) ба мо дастур медиҳад ва барои мо бисёр возеҳ дар баробари таҷовуз ба ҳарими ислом ва муқаддасоти он таъйини таклиф намудааст, амал накардаем.

Ба гуфтаи вай, хатари бузурге, ки режими саҳюнистӣ мутаваҷҷеҳи уммати исломӣ намудааст, ҷои шак боқӣ нагузошта ва мусалмонон бояд аз хоби ғафлат бедор шаванд.

Вай хитоб ба кишварҳои исломӣ гуфт: “Як бори дигар мехоҳам бигӯям, куҷост иқтидори кишварҳои исломӣ, ки ба кӯмаки мардуми мазлуми Фаластин дар Ғазза биштобанд, магар он шамшерҳои дар ниём рафтаи онон чӣ вақт бараҳна хоҳанд шуд?

Гуфтанист, мардуми Афғонистон имсол барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси куруно, ҳимоят аз мардуми Фаластин ва фарёди Рӯзи Қудсро дар фазои маҷозӣ ва аз тариқи телевизиюн ва истгоҳи родию таъқиб мекунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.