Ҷаҳон

Раҳбари Эрон: “Бо душмани ваҳшӣ ҷуз бо иқтидор ва аз мавзеъи қудрат наметавон сухан гуфт // Он ки бояд биравад, режими саҳюнистӣ аст” – (Видео)

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, ба муносибати “Рӯзи ҷаҳонии Қудс” ба сурати зинда суханронӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, вай зимни табрики мусалмонони ҷаҳон ба фаро расидани Иди саъиди Фитр, гуфт: “Сиёсати саҳюнизм, камранг кардани масъалаи Фаластин дар зеҳнияти ҷомеаҳои мусалмон ва ба самти фаромӯшӣ рондани он аст ва фавритарин вазифа, мубориза бо ин хиёнатест, ки ба дасти муздурони сиёсӣ ва фарҳангии душман дар худи кишварҳои исломӣ сурат мигирад.”

Вай афзуд: “Ҳақиқат он аст, ки масъалае ба азамати масъалаи Фаластин, чизе нест, ки ғайрат ва эътимод ба нафс ва ҳушмандии рӯзафзуни миллатҳои мусалмон, иҷозаи фаромӯш шудани онро бидиҳад; ҳарчанд Омрико ва дигар султагарони минтақаии онон ҳамаи пулу тавони худро барои он ба кор гиранд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бахше аз суханони худ таъкид кард: “Бо зуҳури ҷабҳаи муқовимат, кор бар режими саҳюнистӣ сахту сахттар шуд ва албатта дар оянда басе сахттар ҳам хоҳад шуд иншоаллоҳ, вале талоши ҳомиёни он режим ва дар раъси онон Омрико дар дифоъ аз он ҳам ба шиддат афзоиш ёфт.”

Вай афзуд: “Пайдоиши нерӯи мӯъмин, ҷавон ва фидокори Ҳизбуллоҳ дар Лубнон ва ташкили гурӯҳҳои пурангезаии Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ дар даруни марзҳои Фаластин на танҳо сардамдорони саҳюнист, балки Омрико ва дигар ситезагарони ғарбиро ҳам музтариб ва саросема кард ва ёргирӣ аз даруни минтақа ва аз даруни ҷомеаи арабиро дар садри барномаҳои онон пас аз пуштибониҳои сахтафзорӣ ва нармафзорӣ аз режими ғосиб қарор дод.”

Раҳбари Эрон дар бахше дигар аз суханронии худ, тавсияҳое ба шарҳи зерин ироа кард:

“1) Мубориза барои озодии Фаластин, ҷиҳод фисабиллоҳ ва фариза ва матлуби исломӣ аст. Пирӯзӣ дар чунин муборизае тазминшуда аст, зеро фарди мубориз ҳатто дар сурати кушта шудан ҳам, ба “иҳдл ал-ҳуснаяйн» даст ёфтааст.

Ба ҷуз ин, масъалаи Фаластин як масъалаи инсонӣ аст, берун кардан милюнҳо инсон аз хона ва мазраъа ва маҳалли зиндагӣ ва касби худ, он ҳам бо қатлу ҷиноят, ҳар виҷдони инсониро озурда ва мутаассир мекунад ва дар сурати доштани ҳиммат ва шуҷоат, ба муқобила водор месозад. Пас, маҳдуд кардани он ба як масъалаи сирфан фаластинӣ ва ҳаддиаксар арабӣ, хатое фоҳиш аст.

2) Ҳадафи ин мубориза, озодии ҳамаи сарзамини Фаластин аз баҳр то наҳр ва бозгашти ҳамаи фаластиниён ба кишвари хеш аст. Фурӯ костани он ба ташкили давлате дар гӯшае аз ин сарзамин, он ҳам ба шеваи таҳқиромезе, ки дар адабиёти саҳюнистҳои беадаб аз он ёд мешавад, на нишонаи ҳақҷӯӣ аст ва на нишонаи воқеъбинӣ аст.

3) Ҳарчанд баҳра гирифтан аз ҳар имкони ҳалолу машрӯъ дар ин мубориза муҷоз аст ва аз ҷумла ҳимоятҳои ҷаҳонӣ, вале муаккадан бояд аз эътимод ба давлатҳои ғарбӣ ва низ маҷомеъи ҷаҳонӣ парҳез кард. Онҳо бо ҳар мавҷудияти асаргузори исломӣ душмананд; онҳо ба ҳуқуқи инсонҳо ва миллатҳо беэътиноянд; онҳо худ омили бештарин хасоратҳо ва ҷиноятҳо ба уммати исломианд; ҳамакнун кадом ниҳоди ҷаҳонӣ ё кадом қудрати ҷинояткор посухгӯи терурҳо, қатли оммҳо, ҷангафрӯзиҳо, бомбборонҳо ва қаҳтиҳои маснӯъӣ дар чандин кишвари исломӣ ва арабӣ аст?

Имрӯз дунё як ба як теъдоди қурбониёни куруноро дар саросари ҷаҳон мешуморад, аммо ҳеч кас напурсида ва намепурсад қотил ва масъули садҳо ҳазор шаҳид ва асир ва мафқуд дар кишварҳое, ки Омрико ва Урупо дар он оташи ҷангро равшан кардаанд кист?

4) Нуктаи муҳимме, ки набояд аз назари нухбагони сиёсӣ ва низомии ҷаҳони ислом дур бимонад, сиёсати Омрико ва саҳюнистҳо дар интиқоли даргириҳо ба пушти ҷабҳаи муқовимат аст. Роҳандозии ҷангҳои дохилӣ дар Сурия ва муҳосираи низомӣ ва куштори шабонарӯзӣ дар Яман ва теруру тахриб ва тавлиди ДОЪИШ дар Ироқ ва қазияҳои мушобеҳ дар бархе дигар аз кишварҳои минтақа, ҳамагӣ тарфандҳое барои саргарм кардани ҷабҳаи муқовимат ва фурсат додан ба режими саҳюнист аст.

Бархе сиёсатмадорони кишварҳои мусалмон нодониста ва бархе дониста дар хидмати ин тарфандҳои душман қарор гирифтаанд. Роҳи ҷилавгирӣ аз иҷрои ин сиёсати хабосатомез, умдатан хост ва мутолибаи ҷиддии ҷавонони ғайратманд дар саросари ҷаҳони ислом аст. Ҷавонон дар ҳамаи кишварҳои исломӣ ба вежа кишварҳои арабӣ, набояд тавсияи Имом Хумайнии азимро аз назар дур бидоранд, ки фармуд: “Ҳар чи фарёд доред, бар сари Омрико ва низ албатта душмани саҳюнист бикашед.”

5) Сиёсати оддисозии ҳузури режими саҳюнистӣ дар минтақа яке аз умдатарин сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Омрикост. Бархе давлатҳои арабии минтақа, ки нақши подуи Омрикоро ифо мекунанд, дар ин бора ба таҳияи муқаддамоти лозими он, аз қабили иртибототи иқтисодӣ ва амсоли он пардохтаанд. Ин талошҳо яксара ақим ва бенатиҷа аст.

Режими саҳюнистӣ зоидае муҳлик ва зиёнбахш барои ин минтақа аст ва ба яқин решакан хоҳад шуд, ва беобрӯӣ ва сияҳрӯӣ барои касоне хоҳад монд, ки имконоти худро дар хидмати ин сиёсати истикборӣ ниҳодаанд.

Бархе барои тавҷеҳи ин рафтори зишт истидлол мекунанд, ки режими саҳюнистӣ воқеияте дар минтақа аст, бе он ки ба ёд оваранд, ки бо воқеиятҳои муҳлик ва зиёнбахш бояд мубориза кард ва онро аз байн бурд. Имрӯз куруно як воқеият аст ва ҳамаи инсонҳои бошуъур мубориза бо онро воҷиб медонанд. Вируси дерпои саҳюнизм бе гумон аз ин пас дере намепояд ва ба ҳиммат ва имон ва ғайрати ҷавонон, аз ин минтақа решакан хоҳад шуд.

6) Аслитарин тавсияи инҷониб, тавсия ба тадовуми мубориза ва сомон бахшидан ба созмонҳои ҷиҳодӣ ва ҳамкории онон бо якдигар ва густариши арсаи ҷиҳод дар ҳамаи сарзаминҳои фаластинӣ аст.

Ҳама бояд миллати Фаластинро дар ин ҷиҳоди муқаддас ёрӣ кунанд. Ҳама бояд дасти муборизи фаластиниро пур, ва пушти ӯро муҳкам кунанд. Мо бо ифтихор ҳар чӣ дар тавон дошта бошем дар ин роҳ анҷом хоҳем дод. Як рӯз ташхиси мо ин шуд, ки муборизи фаластинӣ дин ва ғайрат ва шуҷоат дорад ва танҳо мушкили ӯ дасти холӣ аз силоҳи ӯст. Ба ҳидоят ва мадади илоҳӣ барномарезӣ кардем ва натиҷа ин аст, ки мувозинаи қудрат дар Фаластин дигаргун шуд ва имрӯз Ғазза метавонад дар баробари таҳоҷуми низомии душмани саҳюнист биистад ва бар он пирӯз шавад

Бо душмани ваҳшӣ ҷуз бо иқтидор ва аз мавзеъи қудрат наметавон сухан гуфт, ва заминаи ин иқтидор биҳамдиллоҳ дар миллати шуҷоъ ва муқовими Фаластин омодааст. Ҷавонони фаластинӣ имрӯз ташнаи дифоъ аз каромати хешанд. Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ дар Фаластин ва Ҳизбуллоҳ дар Лубнон, ҳуҷҷатро бар ҳама тамом кардаанд

7) Сухани охир он аст, ки Фаластин мутаъаллиқ ба фаластинён аст, ва бояд бо иродаи онон идора шавад. Тарҳи ҳамапурсӣ аз ҳамаи адёну ақвоми фаластинӣ, ки аз наздик ба ду даҳа пеш аз ин, ироа кардаем, танҳо натиҷае аст, ки бояд бар чолишҳои имрӯз ва фардои Фаластин мутараттиб шавад. Ин тарҳ нишон медиҳад, ки иддаои яҳудиситезӣ, ки ғарбиён бо буқҳои худ онро такрор мекунанд, ба куллӣ беасос аст. Дар ин тарҳ, фаластиниёни яҳудӣ ва масеҳӣ ва мусалмон, дар канори ҳам дар як ҳамапурсӣ ширкат ва низоми сиёсии кишвари Фаластинро таъйин микунанд; он чи қатъан бояд биравад, низоми саҳюнистӣ аст. Ва саҳюнизм худ бидъате дар ойини яҳуд ва комилан бегона аз он аст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.