Ҷомеа

Паёми табрики раҳбари ПМТ ба муносибати фаро расидани Иди саъиди Фитр

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

Ҳамдиёрони азиз!

Якояки шуморо ба фарорасии иди саъиди Фитр табрик гуфта, аз Худованди меҳрубон барои якояки шумо қабули ибодатҳо, саломатӣ ва саодати ҳарду оламро таманно дорам.

Инак фардо мову шумо ин идро дар як шароити хоссе пешвоз мегирем. Шояд ин аввалин ид бошад, ки мо наметавонем намози идро дастаҷамъона баргузор намоем ва ба табрику аёдати якдигар биравем.

Бӯҳрони коронавриус таъсири худро ба ҳама пахлӯҳои зиндагии мо расонд, аз ҷумла ба ибодатҳову маросимҳо ва идҳои мо. Бале, имсол бӯҳрон аз шукӯҳу шаҳомати зоҳирии ин Иди бузург кост, аммо, бидуни шак, боиси фурӯ рафтани мо дар маънавиёт ва тафаккуру тадаббури бештар гашт.

Яке аз рисолатҳои ҳамагуна ибодат ин водор кардани инсон ба тафаккур, тадаббур ва худшиносии бештар аст. Мушкилоти баромада аз бӯҳрони ҷаҳонӣ ҳамаи моро ба фикр кардан дар бораи инсон ва нақшу ҷойгоҳи ӯ дар ин олам ва нуқтаҳои заъфу қуввати ӯ водор кард.

Мо дидем, ки чигуна башарият бо ҳама ин қудрату тавоноиву сармояаш дар баробари як вируси ба чашм ноаён оҷиз монд. Заъфҳои гуногуни башариятро ин вирус дар умум ошкор намуд. Ҳамзамон, ин мусибат нуқтаҳои қуввати башариятро ҳам ба намоиш гузошт. Ба хусус, нишон дод, ки ҳанӯз ҳам рӯҳи ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ дар башарият аз байн нарафтааст. Кишварҳо бо вуҷуди мушкилоти худ, ба кишварҳои нисбатан заъиф дасти ёрӣ дароз карданд. Инсонҳо дар пахлӯи исонҳои дигар қарор гирифтанд.

Мо дидем, ки чигуна одамон довталабона худро барои кӯмак ба беморон ва ниёзмандон номнавис мекарданд, бо маблағ, доруворӣ ва хӯрокворӣ ба кӯмак мешитофтанд ва бо ҳарфҳои хуб якдигарро дилбардорӣ мекарданд.

Бо вуҷуди ҳама чолишҳои маънавии ҷаҳони муосир, мо шоҳиди он гаштем, ки ҳанӯз ҳам арзишҳои инсонии тӯли ҳазорсолаҳо шаклгирифта дар рӯзҳои сахти башарият корсоз мебошанд ва барои раҳоӣ аз бӯҳронҳо кӯмак мекунанд. Бод гуфт, ки қисми зиёде аз ин арзишҳо реша дар дин ва таълимоти динӣ доранд. Аз ҷумла, дини мубини ислом.

Баъзан фоҷеъа ва бӯҳронҳо инсонҳоро аз ҳам ҷудо мекунад, дар баъзе ҳолатҳо баръакс, онҳоро ба ҳам наздик месозад. Дар ҷомеаҳое, ки маънавиёт ва арзишҳо ниҳодина шудаанд ва инсонҳо дар ҳаёти ҳамарӯзаашон ин чорчӯбҳои арзиширо риоят мекунанд, бӯҳронҳову мусибатҳо боиси наздиктар шудани афрод мегардад. Инсонҳо китфи якдигарро эхсос мекунанд, дасти якдигарро мебинанд, муҳрубонии якдигарро мешунаванд. Чуноне, ки беморони тоҷик дасти табибони ҷасуру ҳозиқро диданд, чуноне, ки муҳоҷирони тоҷик китфи ҳамватанону инсонҳои хайрхоҳи дигарро эҳсос карданд, зиндониҳои тоҷик гармии дуъо, пуштибонӣ ва суханҳои неки рӯзадоронро гирифтанд.

Дар баробари ин мо боз шоҳиди идомаи ҳамон душмантарошӣ ва кинапароканӣ дар ҷомеа будем, ки на моҳи шарифи Рамазон ва на вабои куруно монеъи онҳо нашуд. Дар баъзеҳо ҳатто ин ҳолат авҷи бештар дошт.

Бояд гуфт, ки мушкилоти фарогири иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва тиббӣ мардумро бештар ба самти адолатҷӯӣ ва ҳақталабӣ кашонд. Миллат аз ҳукумат ва масъулин талаби ростгӯӣ ва росткориро карданд. Ва ин ҳаққи ҳалоли мардум буд ва мемонад. Дар ҳама шароит ва ҳама замон. Ба хусус, дар чунин ҳолатҳои сахт ростгӯ ва росткор будани ҳокимият аҳамияти бештар пайдо мекунад, то рӯзҳои ором. Набояд ҳақталабӣ ва адолатҷӯии мардум ҳамчун сӯистифода аз вазъият ва ҳангомаҷӯӣ талаққӣ шавад.

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Мехостам ба ҳама касоне, ки дар ин моҳи шариф ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа кӯмаки худро расониданд, миннатдории худро баён намоям. Мо дар ин давра се гурӯҳи аз ҳама ниёзманд ба кӯмаки мардумӣ доштем. Якум, муҳоҷирони меҳнатӣ, ки як қисмашон дар фурудгоҳҳо ҳамчун «ибни сабил» дар як шароити сахте қарор гирифтанд. Дуюм, зиндониҳои мо ва сеюм, кормандони соҳаи тиб, ки дар сафи аввали мубориза бо куруно бо дасти тақрибан холӣ ва дар як набарди нобаробар буданд. Агар кӯмак ва дастгирии шумо, мардуми азиз намебуд, мо дар байни ин се гурӯҳ талафоти бештаре медодем. Агарчӣ талафот бе ин ҳам кам нест, вале маҳз ҳиммату саховатмандии мардум дар лаҳзаҳои душвор дасти ин се гурӯҳро гирифт.

Кофист иқдоми пизишк Ширин Назирмадоваро зикр намоем, ки маблағи барои ҳаҷ ҷамь намудаашро барои мубориза бо ин вабо харҷ кард. Яъне, тамоми дороияшро, ки барои болотарин орзӯи худ ва қарзи имониаш ҷамъоварӣ карда буд. Ин хоҳар рамз ва намояндаи тамоми касоне ҳастанд, ки дар ин шабу рӯз дар паҳлӯи мардум буданд, вале касе номи онҳоро намедонад ва нашунидааст. Дуъо мекунем, ки Парвардигор дар ин соатҳои қабули дуъо амалҳои неки ҳамаи ин саховатмандони ошкор ва гумномро ба даргоҳаш қабул карда бошад.

Албатта, моҳи Рамазон сипарӣ шуд, аммо мушкилоти ин се гурӯҳ ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа идома дорад. Ҳанӯз маълум нест, ки бӯҳрони куруно чӣ қадари дигар давом мекунад. Ва муҳоҷирони мо кай ба ватан бармегарданд ва ё дар ҳиҷрат ба ҳаёти оддӣ шурӯъ мекунанд. Зиндониҳои мо ҳанӯз ҳам дар мушкилӣ гирифторанд. Табибони мо ҳанӯз ҳам шароити муносибе барои мубориза бо ин беморӣ надоранд. Пас, мову шумо набояд суръат ва ҳаҷми кӯмакҳо ба ин гурӯҳҳоро пасттар кунем.

Миллат дар ин моҳи мағфират ва раҳмат дар асари куруно беҳтарин фарзандони худро аз даст дод. Инҷо имкон надорем, ки номи ҳар кадоми он бузурговоронро зикр намоем, агарчӣ ҳамаи онҳо лоиқи он ҳастанд, ки дар бораашон бигӯем ва дуъои хайр кунем. Ин лаҳзаҳои қабули дуъои мову шумост. Ва яке аз суннатҳои Иди Фитр ҳам ин аст, ки дар ҳаққи гузаштагонамон дуъои хайр карда бошем ва ба аёдати мусибатдорон биравем. Мо ки дур аз ватан ҳастем ва наметавонем дар паҳлӯи шумо азизон бошем, ки беҳтаринҳои худро аз даст додед.

Аммо, наметавонам аз касоне ном набарам, ки болои ман шахсан ҳамчун устод ва ё дӯст ҳақ доштанд.

Ҳамватанони гиромӣ!

Мехостам бо истифода аз мавзӯъ диққати ҷомеаро ба як масъала ҷалб намоям.

Парвардигори азиммушаън инсонро беҳтарини махлуқоти худ офаридааст (ояи карима оварда шавад لَقَدْ خَلَقْنَا الإِنسَانَ فِي أَحْسَنِ تَقْوِيمٍ)) (мо инсонро дар некутарин назму эътидолу арзиш офаридем). (тин. 4) ва худаш мегӯяд, ки ӯро сохибкаромат гардонидам. (وَلَقَدْ كَرَّمْنَا بَنِي آدَمَ وَحَمَلْنَاهُمْ فِي الْبَرِّ وَالْبَحْرِ وَرَزَقْنَاهُم مِّنَ الطَّيِّبَاتِ وَفَضَّلْنَاهُمْ عَلَىٰ كَثِيرٍ مِّمَّنْ خَلَقْنَا تَفْضِيلًا). Яқинан фарзандони одамро каромат додем ва ононро дар хушкиву дарё (бар васоиле, ки дар ихтиёрашон гузоштем) савор кардем ва бар онон аз неъматҳои покиза рӯзӣ бахшидем ва ононро бар бисёре аз махлуқоти худ тартарии комил бахшидем (Исроъ. 70) Яъне, ҳар инсон, новобаста аз ҷойгоҳ ва мақомаш, дину мазҳабаш ва миллату рангаш соҳибкаромат аст ва бояд бо каромат зиндагӣ кунад ва бо ҳифзи каромат аз ин дунё биравад.

Мо аз наворҳо ва гузоришҳо мебинем, ки муносибат ба фавтидагон дар натиҷаи куруно чигуна аст. Оё каромати онҳо ҳамчун инсон риоят мешавад? Ё ба онҳо мисли як ашё рафтор мекунем, ки дигар зарур нестанд ва ё ҳатто зараровар ҳастанду бояд ҳарчӣ зудтар аз онҳо халос шуд? Магар инсонҳо сазовори чунин муносибат хастанд? Магар айби онҳост, ки мо натавонистем пеши роҳи ин ваборо зудтар бигирем ва бо сиёсатҳои бемасъулиятонаи худ ин ваборо ҳамагир кардем? Оё бо ҳамон шакле, ки мо мебинем, ба охират гусел кардани инсонҳо шоиста аст? Ҳатто дар шароити ҷанг ва вабо ҳам касе ҳақ надорад каромат ва шарофати инсонро нодида бигирад. Инсон ашё нест, ки тӯли ҳаёташ аз ӯ истифода намоӣ, ӯ кор кунад, заҳмат бикашад, андоз биспорад, давлату миллаташро бихӯронаду бипӯшонад ва дар охирин соатҳои вуҷудаш болои замин ба ин шакл гӯронида шавад.

Оё ин афрод ҳақ надоранд, ки ҳадди ақал исмашон ҳамчун қурбонии ин вабо дар хотираи миллат сабт шавад? Камтарин коре, ки мо ҳамчун миллат барои ин қурбониён карда метавонем ва бояд бикунем, ин эътирофи ҳаққи онҳо ҳамчун қурбонии ин вабо будан аст. Аввалин қадам дар помол кардани каромати инсонии ин қурбониҳо пинҳон кардани сабаби маргашон аст. Яъне, мо аз лиҳози динӣ инкор мекунем, ки онҳо шаҳид ҳастанд, дар сурате, ки тибқи фатвои аксари уламои қадим ва муосир инсонҳои фавтида дар ҳолати вабо ҳукми шаҳидро доранд. Аз лиҳози дунявӣ мо инкор мекунем, ки онҳо қурбонии вабо ҳастанд, на касоне, ки аз марги табии фавтидаанд.

Бояд миннатдор буд аз касоне, ки як сайти махсусро барои ҷамъоварии номи афроде роҳандозӣ кардаанд, ки дар асари куруно фавтидаанд. Бигузор камбудӣ дошта бошад, бигузор комил нест, аммо ин як талоше аст барои ҷуброни он ҳама бетафовутӣ ва беаҳамиятӣ, ки ҷомеаи мо нисбат ба каромат ва шарофати инсоният зоҳир мекунад. Агар натавонистем ҷони онҳоро ҳифз кунем, ақаллан номашонро фаромӯш накунем. Ёдамон наравад, ки ҳар кадоми онҳо барои фарзандон ва пайвандони худ азизанд ва азиз хоҳанд монд. Агар барои масъулин ин як андозсупор буд, ки ҳоло рафт, барои пайвандонаш ин азитарин кас дар зиндагияш маҳсуб мешуд.

Бале, бояд бо камоли эхтиёт ва риояти тамоми чораҳои ҳифозатии беҳдоштӣ ин маросимҳо баргузор гарданд. Касе дар ин шак надорад ва касе ҳам ҳақ надорад онҳоро риоят накунад. Аммо, на ба он шакле, ки салафанпеч ва дар ҳолати саросемагӣ, бидуни кадом эҳтирому аҷр ба майит, ки мо мушоҳида мекунем.

Вақти он расидааст, мо мисли ҳама миллатҳои мутамаддин ба инсонҳо чӣ дар зиндагӣ ва чӣ пас аз маргашон ҳамчун беҳтарин ва шарифтарин офаридаи Парвардигор муносибат карданро биёмӯзем.

Ба ҳама ҳамватанони азиз, ба хусус ба муҳоҷирон, зиндониҳо ва табибони ҷасури тоҷик бори дигар фарорасии Иди Саиди Фитрро табрик гуфта, ба ҳамагон тансиҳативу фарохдастӣ ва раҳоии сареъ аз ин мушкилотро аз Худованд таманно дорам.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.