Пароканда

Ҷомеаи солим кадом аст? // Посух ба чанд пурсиши пароканда

Пурсиш:

1) Як савол доштам. Азбаски аҳли ҷаҳл илм гуфта фақат ва фақат Қуръону Ҳадисро дар назар доранд, ягон фикре мегуфтед, бо такя ана ба ҳамин сарчашмаҳо, то ки ба руи аҳли ҷаҳл партояму гуям, ки илми дунявӣ ҳам илм аст ва арзандаи омӯзиш.

2) Боз як масъалаи доғ пайдо шудааст. Яъне масъалаи норасогии вақт. Дар замони ҳозира, ки соати корӣ қариб ки ба маротиб беш гаштааст ва худ як хӯрандаи вақт мебошад, бачаҳо боз панҷ вақт намоз ҳам мехонанд. Барои кор ва намоз вақт меёбанд, аммо барои рушди инфиродӣ тавассути омӯхтани забон, омӯхтани касб ва болоравии касбӣ вақт барояшон тамоман намерасад. Ман дар он фикр ҳастам, ки онҳо, дар сурати мавҷуд будани зарурат, бояд як қисми вақтеро, ки барои намоз ҷудо мекунанд, барои рушди инфиродии хеш сарф кунанд. То он ҷое, ки фаҳмидам, онҳо дар 1 шабонарӯз то 2,5 с. вақтро барои намоз сарф мекардаанд.

3) Масъалаи севвум, ин тарсондани авом бо ғазаби Худо, бо азоби гӯр ва бо ин роҳ боздоштани онҳо аз рушди инфиродӣ, аз омӯхтани илмҳои дунявӣ. «Рафиқон» ончунон «устои касб» шудаанд, ки Худои Меҳрубон, яъне Ошиқу Бахшояндаро ба даҳшату ваҳшат табдил додаанд. Вақте мегӯям, ки Мавлавиро хонед, ки беҳтарин донанди Қуръону Ҳадис будааст ва гуфтааст, ки Худо ИШҚ аст, мегуянд, вай наметавонад аз Қуръон бештар донад… ва монанди он…, Вақте мегуям «Омадани мо аз суи Уст ва бозгашти мо ба суи Уст», на гӯр, боз ҳам … Як ба ҳамин масъалаҳо ҳам равшанӣ меандохтед. Ташаккур.

Абдулло Хоҷаев

* * *

Посух: Ба номи Худованд. Посух ба ин се пурсиш ба тартиб ба шарҳи зерин аст:

1) Посух ба пурсиши аввали шуморо бо ин муқаддима шурӯъ мекунам. Ва он ин ки: як ҷомеаи солим ба ҷомеае гуфта мешавад, ки мардуми он аз ин се хусусият, ки дар зер гуфта мешавад, бархӯрдор бошанд: (Албатта, он чи инҷо арз мекунам, ҳарфи тоза ва ҷадиде нест, балки тамоми донишмандон аз қадим яъне аз замони Суқрот (ва шояд пеш аз ӯ) ва то ба имрӯз, рӯи он таъкид кардаанд:)

а) Хусусияти аввали ҷомеаи солим он аст, ки мардумаш аз ҳаддиақалли (аз минимуми) “огоҳӣ ва басират” бархӯрдор бошанд. Мурод аз огоҳӣ дар инҷо, сирфи савод доштан нест. Имрӯза шояд аксари мардуми рӯи ҷаҳон аз саводи хондан ва навиштан бархӯрдор бошанд, аммо чи басо аз “огоҳӣ ва басирати лозим” маҳрум. Бинобар ин, манзур аз “огоҳӣ” яъне ташхиси дуруст аз нодуруст, ташхиси саҳеҳ аз ғалат, ин ки инсон битавонад ҳар чизеро дар ҷойи муносиби худаш бигузорад, ва ба забони содда ва мардумӣ, ин ки одам фаросат дошта бошад. Мавлоно дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” барои он, ки ин огоҳӣ ва фаросатро, ки аз он мегӯям бифаҳмонад, як достони ҷолибе овардааст. Мегӯяд, як подшоҳ писарашро ба дасти донишмандон супурд, то дониш омӯзад, билохира оянда подшоҳ хоҳад шуд. Баъд аз муддате аз омӯзиш, подшоҳ ӯро имтиҳон кард. Чанд масъалаи илмӣ ва мушкилро барои ӯ матраҳ кард ва писар ҳам ба ҳамаи онҳо посух дод. Зеро онҳоро назди устодҳо омӯхта буд. Сипас подшоҳ дар кафи дасташ ангуштареро пинҳон кард ва каме аз нишонаҳои онро барои писар гуфт, он гоҳ аз ӯ хост, то бигӯяд, дар кафаш чӣ дорад. Писар гуфт: “Он чи дорӣ, доирашакл аст, зардранг ҳам ҳаст, ва ҳамчунин дарунаш холист.” Подшоҳ, аз ин ки то ин ҳадд писараш пеш рафта бисёр хушҳол шуд ва таҳсин кард ва гуфт: “Боракаллоҳ писарам! Ҳоло ки нишониҳои дурусте барои ин чиз додӣ, бигӯ, пас ин чист?” Писар гуфт: “Хуб, агар доиршакл, зардранг ва дарунхолӣ бошад, пас ҳатман ғарбел аст, падарҷон!” Подшоҳ ба хашм омад ва гуфт: “Охир, он чандин нишонаҳои дақиқро, ки ақлҳо дар он ҳайрон шаванд, додӣ, вале эй кавдан! Инро нафаҳмидӣ, ки ғарбел дар ин кафам ҷой намегирад?

Ин шоҳзода хуб дарс хонда, ҳар чи устодонаш ба ӯ омӯхтаанд, мисли тӯтӣ фаро гирифта, вале бо ин ҳама, фаросат надорад, улумеро, ки омӯхта, наметавонад ба кор андозад, хулоса, бефаросат аст.

Огоҳие, ки аз он гуфтам, ҳамин аст. Ҷомеаи солим ҷомеае аст, ки бояд мардумаш (на ҳама албатта, ин маҳол аст, балки шумори қобили таваҷҷӯҳе аз онҳо) бояд аз ҳаддиақалли ин гуна огоҳӣ ва басират бархӯрдор бошанд.

б) Дуввумин хусусияти як ҷомеаи солим он аст, ки дар он, ҳар ҳирфа (профессия) ва касбу коре, ки барои пӯёӣ ва зинда мондани ҷомеа лозим ва зарурӣ ҳастанд, дар он мавҷуд бошад. Масалан, ҷомеа ба пизишк ниёз дорад, аз ин рӯ дар ҷомеа пизишк ба миқдори кофӣ бояд бошад. Ҷомеа ба муҳандис ниёз дорад, бинобар ин, бояд муҳандис ба миқдори лозим дар он ҷомеа бошад. Ҷомеа ба иқтисоддон, ҷомеашинос, донишманди физик ва шимӣ ва зистшинос ва ғайра… (ва хулоса, ҳамаи донишҳои лозим, чӣ улуми инсонӣ бошанд ва чӣ таҷрибӣ) ниёз дорад, аз ин рӯ, ҳар як аз инҳо, бояд ба миқдори кофӣ ва лозим, дар ҷомеа бошанд.

Имом Ғаззолӣ дар муқаддимаи “Эҳёи улуми дин” мегӯяд, ин улуму фунун, омӯхтанашон аз назари ислом барои ҳар ҷомеае “фарзи кифоя” аст, ба ин маъно, ки шуморе аз мардуми он ҷомеа камар банданд ва ҳатман ба ҳамон миқдори лозим, ки ҷомеа ниёз дорад, ба омӯзиши ин улуму фунун пардозанд ва ҷомеа аз ин назар таъмин бошад, вагарна, ҷомеаи солиме нахоҳад буд.

в) Севвумин хусусияти ҷомеаи солим он аст, ки шаҳрвандонаш, ҳар як, кори худашонро кунанд ва биниашонро ба коре, ки ворид нестанд, наандозад. Масалан, як муҳандис, ки ҳирфааш муҳандисӣ аст, корашро кунад ва ӯ ҳақ дорад дар ин ҳавза изҳори назар кунад. Пизишк кори пизишкии худро кунад. Як донишманди физик ин ҳақро дорад, ки дар ҳавзаи тахассусаш изҳори назар кунад, аммо дигар ҳақ надорад дар ҳавзае, ки ворид нест изҳори назар кунад, масалан роҷеъ ба пизишкӣ ҳарф бизанад… ва ғайра. Бинобар ин, ҷомеае, ки шаҳрвандонаш ҳама дар бораи пизишкӣ ва табобат изҳори назар мекунанд, ин ҷомеа дигар ҷомеаи солиме нест. Банда, ки як коршиноси динӣ ҳастам, ҳақ надорам дар бораи пизишкӣ ва ё физик (дар сатҳи тахассусӣ) ва ё дар ҳавзаи зистшиносӣ изҳори назар кунам. Имрӯзҳо, ки куруновирус шуюъ пайдо карда, мебинем, ҳама “пизишк” шудаанд ва тавсия мекунанд, ки масалан барои дармони куруно бояд чӣ кард. Ин дуруст нест, ин нишонадиҳандаи он аст, ки ҷомеаи мо ҷомеаи солиме набудааст. Ва ё гоҳе мебинем, ҳама коршиноси динӣ мешаванд ва дар бораи масоили динӣ изҳори назар мекунанд ва ҳатто кор ба ҷойе мерасад, ки фатво ҳам содир мекунанд.

Хуб, зикри ин муқаддима, дар посух ба пурсиши аввали шумо, барои баёни ин матлаб буд, ки касоне, ки гумон мекунанд, тамоми илм дар Қуръон ва Суннат хулоса мешавад ва аз назари онҳо бақияро бояд дур рехт, якчунин инсонҳо дар ҷомеае зиндагӣ мекардаанд, ки он ҷомеа ҷомеаи солиме набудааст. На хусусияти аввалро доро будааст, на хусусияти дуввумро ва на хусусияти севвумро. Ва ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Имом Ғаззолӣ, омӯхтани ҳар илму фанне, ки ҷомеа ба он ниёзманд аст, аз назари ислом “фарзи кифоя” аст.

Тоза, он касе, ки ба шумо якчунин ҳарфе зада, эй кош маорифи исломиро яъне маорифи Қуръон ва Суннатро, ба таври бояд медонист! Зеро агар ӯ медонисташон, ҳаргиз чунин ҳарфе ба забон ҷорӣ намесохт ва ба зеҳнаш ҳам инчунин пиндоре хутур намекард. Чаро ки ин Қуръони Карим аст, ки дастур медиҳад, ҷомеа бояд аз ҳар назар “худкифо” бошад. (Анфол, 4; Анфол, 60 ва ғайра…) Ӯ боисте бидонад, ки ҳазрати Паёмбар (с) вақте дастур медиҳанд, ки донишро ҳатто аз дасти як мушрик ҳам, ки бошад, фаро бигиред, ва ё донишро агар дар Чин ҳам, ки бошад, биомӯзед, манзурашон дониши исломӣ нест (зеро дониши исломӣ ҳамааш дар Қуръон ва Суннат аст), балки муродашон донишҳои ба истилоҳи имрӯз, дунявӣ аст. (Гарчӣ ин истилоҳро қабул надорам, зеро аз назари ислом, на донишҳо ба донишҳои динӣ ва дунявӣ тақсим мешавад, на зиндагии инсон ба зиндагии динӣ ва дунявӣ. Албатта, ин худаш ниёз ба тавзеҳ дорад, ки шарҳаш инҷо нест.)

* * *

2) Дар посух ба пурсиши дуввуми шумо арз кунам, ки мусалмон бояд корҳояш муназзам бошанд, яъне назм дар корҳояш ва зиндагияш ҳукмфаро бошад. Агар ӯ муназзам бошад, ҳатто агар 3 соат аз рӯзашро барои ибодат сарф кунад ҳам, ҳеч халале дар дигар корҳои зарурии ӯ ворид намекунад, мисли ҳамин умуре, ки мефармоед; ин ки масалан “барои рушди инфиродӣ тавассути омӯхтани забон, омӯхтани касб ва болоравии касбӣ”.

Инсонҳоеро мешиносам, ки дар зиндагӣ бисёр муваффақанд; се чаҳор забон медонанд ва соҳиби тахассус ҳам ҳастанд ва инон ҳудуди 2 ё 3 соат аз рӯзу шабашонро барои ибодат сарф мекунанд. Ва дар муқобил, инсонҳое ҳам ҳастанд, ки ҳаргиз дар умрашон сар ба саҷда дар баробари Худо нагузоштаанд, аммо дар зиндагии ба истилоҳи шумо, инфиродӣ, муваффақияте надоштаанд. На як забон медонанд ва на як тахассуси дурусту ҳисобӣ доранд, балки шабу рӯзашон бо айшу нӯшу кайфу сафо сипарӣ мешавад.

Хулоса, агар инсон корҳои шабонарӯзии худро ба танзим дароварад ва инсони муназзаме бошад, ӯ ба ҳама чиз мерасад. Ибодати Худо ҳаргиз музоҳими соири корҳои зарурии инсон нест. Балки бояд ба ӯ гуфт, умри худатро ба корҳои беҳуда сарф накун, масалан 3 ё 4 соат нишастан дар баробари телевизиюн ва тамошо кардани филм ва барномаҳои саргармкунанда, ин воқеан сарфи умр аст. Намегӯям, филм аслан тамошо накунад, балки манзурам ин аст, ки як бор ва ё ҳаддиаксар ду бор дар ҳафта, тамошо кардани филм кофист, на ин ки ҳар рӯз 3 ё 4 соати худро барои ин кор сарф кунӣ. Лоақал китоб бихон ба ҷойи тамошои филмҳои бемуҳтаво.

Тоза, ин дар сурате аст, ки воқеан инсон дар як рӯз ба гуфтаи шумо 2.5 соати худро сарфи ибодат кунад, дар ҳоле, ки воқеият ин аст, ки 5 вақт намоз, дар маҷмӯъ 1 соату 25 дақиқаи инсонро мегирад, на бештар.

* * *

3) Ва аммо дар бораи пурсиши севвуми шумо арз шавад, ки мусалмоне, ки бо маорифи исломӣ нек ошност, ӯ ҳатман аз робитаи Худованд бо бандааш огоҳ аст, ӯ медонад, ки меҳрубонии Худованд ва муҳаббати ӯ ба бандааш, ба маротиб бештар аз муҳаббати як модар ба фарзандаш аст ва ҳатто қобили қиёс нест. Дар ривояти саҳеҳ (ки ба мазмун нақл мекунам) омада, рӯзе ҳазрати Паёмбар (с) ҳамроҳ бо ёрон аз хиёбоне рад мешуданд ва дар васати роҳ кӯдаке буд, модараш аз тарси он, ки мабодо писараш миёнаи роҳ ва зери пойи мардум намонад, ба суръат худро ба он кӯдак расонд ва ӯро дар оғӯш гирифт. Касе арз кард, оё ин модар ҳозир аст писараш вориди оташ шавад? Паёмбар (с) фармуданд, муҳаббати Худо ба бандагонаш бисёр зиёдтар ва ба маротиб бештар аз муҳаббати ин модар ба фарзандаш аст, он гоҳ оё розӣ аст бандааш вориди оташ шавад?! Ҳаргиз на.

Бинобар ин, агар бандае дар асари нофармонӣ ва гуноҳон сазояш оташи дӯзах бошад, ин натиҷаи нофармонӣ ва маъсият ва гуноҳи худи ӯст; дуруст мисли он, ки саранҷоми хӯрдани заҳр барои инсон ин ҳалокат аст. Ин ки Худо мефармояд, гуноҳ накунед, ин аз рӯи дилсӯзии Офаридгор ба бандагонаш аст, ки худро ба ҳалокат наяфкананд.

Бинобар ин, агар дар ҷойе ҳам, касеро аз хашму ғазаби Худо ҳушдор медиҳанд, дар воқеъ аз ин воқеият ҳушдор медиҳанд, ки Худо дӯст надорад ва намеписандад, ки бандааш хештанро ба чоҳ андозад. Яъне гоҳе лозим аст бархеро аз оташи дӯзах тарсонд, аммо на ба ин маъно, ки Худо зоте будааст, ки одамҳоро вориди оташи дӯзах мекунад, балки бад-он маъно, ки эй инсон! Худатро нобуд макун, хештанро ба ҳалокат нарасон. Дар Қуръон аст, ки: “Худро ба дастони хеш ба ҳалокат наяфканед.”

Дар поён, ин нуктаро ҳам хидмататон арз кунам, ки вақте мо аз ишқу алоқаи Худо ба бандааш мегӯем, то банда ошиқи Худо бошад, ҳамин ишқу муҳаббати банда ба Худо сабаб мешавад, ки ӯ дигар даст ба гуноҳу маъсият наёзад. Зеро ошиқ ҳаргиз бар хилофи хостаи маъшуқ гом барнамедорад, ӯ ҳамон кореро мекунад, ки мавриди ризоят ва хушнудии маъшуқаш бошад.

Саломат бошед.

Бо камоли эҳтиром, Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.