Дидгоҳ

Баҳсе дар бораи “миллият” ва “дин”

Акс аз хабаргузории «Спутник»

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке аз мавориде, ки иштибоҳ мешавад – ва ҳатто дида мешавад бисёре аз огоҳон муртакиби ин иштибоҳ мешаванд – дар арзи ҳам қарор додани “миллият” ва “дин” аст. Ба ин маъно, ки яке мегӯяд: ман аввал тоҷикам баъд мусалмон, он яке ҳам мегӯяд: ман аввал мусалмонам баъд тоҷик.

Ва ин дар ҳолест, ки ба лиҳози мантиқӣ, ин ду дар арзи ҳам нестанд. Ҳоло барои фаҳми беҳтар, як тавзеҳ бидиҳам.

Дар мавриди инсон, мо тақсимоти гуногуне дорем. Як вақт, инсонҳоро аз ҷиҳати рангашон тақсим мекунем ва мегӯем: инсонҳо ё сафедпӯст ҳастанд, ё сиёҳпӯст, ё зардпӯст ё сурхпӯст. Як вақти дигар ҳам, аз ҷиҳати нажодашон тақсим мекунем ва мегӯем: инсонҳо ё ориёӣ ҳастанд, ё сомӣ ё ғайра… Ва як вақт масалан аз ҷиҳати гаройиши фикрии онҳо тақсим мекунем ва мегӯем: инсонҳо ё атеист ҳастанд ва ё Худобовар. Ва худи Худобоварҳо ё мусалмонанд ё яҳудӣ ё зартуштӣ ё масеҳӣ ё ғайра…

Хуб, дар ин тақсимбандиҳо, “ҷиҳати тақсим” аст, ки тақсимро таъйин мекунад. Масалан, ҷиҳати тақсим ба сафедпӯсту сиёҳпӯст, ин “ранг” аст. Дар ориёӣ ё сомӣ будан, “нажод” аст. Дар мусалмон ё масеҳӣ ё атеист будан, ин “гаройиши фикрӣ ва идеулужӣ” аст.

Ҳол, диққат бифармоед: он чӣ дар арзи сиёҳпӯст қарор дорад, сафедпӯст ё зардпӯст будан аст, на ориёӣ будан ё мусалмон будан. Масалан, гуфта намешавад, ки: инсонҳо ё сафедпӯст ҳастанд ва ё мусалмон. Ин тақсим дуруст нест, зеро “ҷиҳати тақсим” дар он риоят нашуда. Аз ин рӯ, як нафар сиёҳпӯст, дар айни он ки аз ҷиҳати ранг сиёҳпӯст аст, метавонад аз ҷиҳати гаройиш мусалмон ҳам бошад. Аммо мумкин нест, ки як нафар инсон дар айни сиёҳпӯст будан, сафедпӯст ҳам бошад, зеро дар арзи ҳаманд.

Пас, ин ки гуфта бишавад, ман аввал тоҷикам баъд мусалмон, гӯяндаи ин сухан гумон кардааст, ки ин ду (тоҷик будан ва мусалмон будан) дар як замон бо ҳам қобили ҷамъ нестанд. Зеро агар дар як замон қобили ҷамъ буданд, дигар баҳси аввалӣ ва дуввумӣ матраҳ набуд.

Дар ҳоле, ки дар арзи тоҷик будан, масалан ӯзбак будан ё рус будан ё паштун будан қарор дорад, на масеҳӣ будан ё мусалмон будан ё атеист будан. Бояд ба “ҷиҳати тақсим” таваҷҷӯҳ кард.

Ба баёне возеҳтар: касе, ки ба лиҳози гаройиши фикрӣ, атеист аст, наметавонад бигӯяд, ман аввал тоҷикам баъд атеист, ё баръакс. Ин ҳарф як ҳарфи ғайримантиқӣ аст. Ва дуруст мисли ҳамин, ин ҳарф ҳам ғайримантиқӣ аст, ки: ман аввал тоҷикам баъд мусалмон. Зеро тоҷик будан дар арзи мусалмон будан қарор надорад, ки миёни он ду ба авваливу дуввумӣ қоил бишавем.

* * *

Ва агар ишкол шавад ва гуфта шавад, ки мо қабул дорем, ки ин ду (тоҷик будан ва мусалмон будан) бо ҳам қобили ҷамъанд, инро қабул дорем, балки баҳс дар он аст, ки вақте гуфта мешавад, ”аввал тоҷик ҳастам баъд мусалмон, ё баръакс”, манзур ин аст, ки барои мани тоҷик оё “арзишҳои диниам” дар дараҷаи аввал меистад, ё “арзишҳои миллиам”? Яъне, кадом як муқаддам бар дигаре аст?

Ин ҳам посух дорад. Ва он ин ки: агар хуб таваҷҷӯҳ шавад, мефаҳмем, ки боз ҳам миёни ин ду тақаддуму таъаххур ё аҳамму муҳимме матраҳ нест. Чаро?

Барои тавзеҳи матлаб, ночорам аввал “арзишҳои миллӣ” ва “арзишҳои динӣ (фикрӣ)”-ро таъриф кунам:

1) “Арзишҳои миллӣ” дар як сухан, одот ва тақолиди миллӣ, расму ойинҳо, фарҳанги миллӣ ва ғайра аст… Инҳо “арзишҳои миллӣ” ҳастанд;

2) Ва аммо “арзишҳои фикрӣ (динӣ)” кадом аст? Ҳар инсоне (лоақал бештари инсонҳо) — дар асари таҳқиқу мутолеа – барояш як ҷаҳонбинӣ шакл мегирад, мисли: ин дуруст аст, он нодуруст аст, ин ҳақ (мутобиқ бо воқеъ) аст ва он ботил ва ғайра…. Хуб, ин ҷаҳонбинӣ ногузир дар соҳибаш як силсила “бояду набоядҳо” падид меоварад. Масалан, фарз кунед, ҷаҳонбинии як нафар инсон (дар асари таҳқиқу мутолеа), ҷаҳонбинии атеистӣ шуда, яъне ба як силсила андешаҳо боварманд шуда, мисли: Худое нест, олами ҳастӣ фақат муташаккил аз модда аст, руҳу фариштаву ин қабил мафоҳим ҳама хурофа ҳастанд ва ғайра… Хуб, ин ҷаҳонбинӣ дар соҳибаш “бояду набоядҳое” эҷод мекунад. Дасти худаш ҳам нест, балки ба сурати худкор ин “бояду набоядҳо” дар ӯ падид меояд; мисли ин ки ӯ амалан на танҳо пойбанд ба анҷоми маросими динӣ ва мазҳабӣ намешавад, балки саъй мекунад ба ҷомеа ҳам ин андешаро бирасонад, ки инҳо ҳама бе поя ва асос ва хурофа ҳастанд ва раҳояшон кунед! Фарз кунед, ин маросими динӣ ва мазҳабӣ, дар ҷомеа ривоҷ дорад ва русух пайдо карда. Ҳол, оё ин роиҷ будан, як атеистро аз тафҳими афкораш ба афроди ҷомеа манъ мекунад ва бозмедорад? Қатъан, на. Албатта, на ин ки касеро ба зӯр водор ба пазириши афкори худ кунад, балки фақат мехоҳад бо далел бифаҳмонад.

Ҳол, аз ин ҷиҳат, мусалмон будан дуруст мисли атеист будан аст. Фарқе бо ҳам надоранд. Яъне, аз ин ҷиҳат, ки ҳар ду дорои ҷаҳонбинии хоссе ҳастанд, ки як силсила “бояду набояд”-ро ба дунбол дорад, бо ҳам фарқе надоранд. Агар яке, боварманд ба Худост, яке мункири он аст.

* * *

Ҳоло бояд бибинем, нигоҳи як мусалмон ба “арзишҳои миллӣ” чӣ гуна аст? Оё ӯ аз реша бо ҳар навъ арзиши миллӣ бояд мухолиф бошад? Қатъан, на. Яъне Қуръон ва суннат ва маорифи динии мо, ҳаргиз чунин назаре надорад, ки бо ҳар чи номаш “арзиши миллӣ” аст мухолиф бошед. Далелҳои фаровоне дар ин замина ҳаст, ки феълан мақоми баёни онҳо нест.

Ва аз сӯйи дигар низ, ислом намегӯяд, ҳар чизеро, ки ба унвони “арзиши миллӣ” матраҳ аст, чашмбаста қабул кунӣ. Чунин ҳам намегӯяд. Балки қоил ба тафсил аст, яъне мегӯяд, агар як “арзиши миллӣ” бо мабонии исломӣ мухолиф ва дар тазодд набошад, анҷоми он ҳеч монеъе надорад. Аммо он ҷо, ки ислом бо як ба истилоҳ одати миллӣ мухолиф аст, на ба ин унвон мухолиф аст, ки чун як “арзиши миллӣ” аст, балки ба ин хотир, ки чун як хурофа аст ва як одати нописанд аст.

Бибинед, хеле аз одот буд дар миёни мардуми мо дар замони вуруди ислом ба ин сарзамин, ки ислом бо онҳо ҳеч мухолифате накард. Ва хеле аз одоте ҳам буд, ки як мушт хурофа буданд ва бо инсонияти инсон созгорӣ надоштанд. Аз ин рӯ, ба мухолифати онҳо бархост. Дар худи Арабистон одоти бисёр зиште буд, ки “арзиши миллӣ” қаламдод мешуданд, мисли зинда ба гӯр кардани тифли духтар, ки ислом аз реша онҳоро барканд.

Бо таваҷҷӯҳ ба он чӣ дар боло баён шуд, агар як мусалмон дар ҷойе бо як одат (одате, ки фарз кунед, дар ҷомеа ривоҷ ҳам дорад) мухолифат кунад, на ба ин далел аст, ки барои вай “арзишҳои диниаш” муҳимтар аз “арзишҳои миллӣ” ҳастанд. Ҳаргиз чунин нест. Балки ба ин ҷиҳат аст, ки чун он одат як хурофа ва як одати зидди инсонӣ аст. Дар ин гуна маворид, на танҳо мусалмон, балки як атеист ҳам бо ӯ ҳамнавост. Магар як атеист ҳозир аст ҳар чарандеро, агарчи дар ҷомеа русух пайдо карда, ба ин далел, ки чун афроди ҷомеа ва миллат ба он пойбанд ҳастанд, қабул кунад? Қатъан на. Пас, дар ин гуна маворид, агар тарҷеҳе ҳаст, байни як андеша ва як хурофа аст; на байни арзиши динӣ ва арзиши миллӣ. Инҳоро бояд дуруст фаҳмид.

Вагарна, ислом бо одот ва фарҳангҳо ва русуми миллӣ (ҳамон арзишҳои миллӣ), ки хурофа набошанд ва дар тазодд бо маорифи тавҳидӣ набошанд, ҳаргиз мухолиф нест. Ман феълан ба бархе дидгоҳҳои ифротгароёна дар ин замина коре надорам.

Ба ҳар сурат, агар дар он чӣ дар боло ёдовар шудем, хуб фикр шавад, равшан мегардад, ки “аввал тоҷикам баъд мусалмон” ё “баръакс”, бе маъност.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.